logo

Хабарҳо

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

 
Дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Норов вохӯрданд, – хабар дод Вазорат.
Вазирон ҷараёни иҷрои таво-фуқҳоеро, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар моҳи июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд. Инчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
 
 
 
Қабули нусхаи эътимоднома аз сафирони навтаъин
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Подшоҳии Шведсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Стокголм) Томас Данестадро қабул кард.
Инчунин, Музаффар Ҳусейнзода сафири нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Теҳрон) Эрик Овусу-Боатенгро ба муносибати супурдани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Сафири фавқулода ва мухтори Финляндия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Хелсинки) Илкка Райсанен низ,  нусхаи эътимоднома супурд.
Муовини вазир бо сафирон дар алоҳидагӣ мулоқот карда, ба онҳо дар фаъолияти корӣ муваффақият хост.
 
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ бо Салиби Сурх
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Ангелика Шопп мулоқот кард. Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, таъкид шуд, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун саҳм гузошта, дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муассир дорад. Бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ лоиҳаҳо дар бахшҳои тандурустӣ,  ҳолатҳои  фавқулода ва ёрӣ ба аҳолии осебпазиру маъюбон мунтазам амалӣ мегарданд.
Раиси вилоят омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ва амалисозии тарҳу барномаҳои нави ташкилот изҳор намуда, доир ба вазъи кунунии хоҷагии халқи вилоят маълумот дод.
 
 
 
Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ қонеъкунанда нест
Дар ҷаласаи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки бо иштироки муовини якуми раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳия, роҳбарони муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои автомабилгарди ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул доир шуд, масъалаи ҷобаҷокунии техникаҳо ва зимистонгузаронӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. 
Мирак Наимов, сардори ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, зикр кард, ки дар тавозуни муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои вилоят, дар маҷмуъ, 118 техника ва механизм мавҷуд буда, аз инҳо 43 ададаш корношоям мебошад. Захираи маводи зидди лағжиш тибқи нақша бояд 16220 метр мукааб захира мешуд, вале то имрӯз нақша пурра иҷро нагардидааст. Сӯзишвории дизелӣ ба ҷойи 68200 литр 10400 литр захира гаштааст.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои ҷиддӣ дод.
 
 
 
 
Исмоили Маҳмадзоир президенти Федератсияи ҷудо интихоб шуд
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудо хабар доданд.
Зикр шуд, ки дар мувофиқа бо президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер, президенти Федератсияи ҷудои  Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мақом истеъфо дод, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба ин мақом пешниҳод шуд. Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб гардид. 
Нурулло Лоиқов ноиби президенти  Федератсияи ҷудо барои давраи солҳои 2022-2026 интихоб гашт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8271
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед