logo

маориф

Малакаҳо сайқал меёбанд, истеъдодҳо мерӯянд, агар…

Бардошт аз ҳамоиши технологияи таълими муосир

Вижагиҳои рушди ҳазораи савум водошта, ки мундариҷаи барномаҳои таълим  ба ҳаёти воқеии мардум алоқаманд бошад. Ва мактаб ба хонандагон танҳо он навъи  донишу малака ва маҳоратҳоеро пешниҳод созад, ки дар ҳалли мушкилоти зиндагиашон ҳамарӯза ба кор ояд. Аз ин хотир  чандест дар ҷумҳурӣ ислоҳоти соҳаи маориф идома дорад ва бо ин мақсад барномаҳои гуногуни озмоишӣ роҳандозӣ мешаванд.  Барномаи дастгирии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон, бахши технология/таълими меҳнат барои солҳои 2008-2011, аз ҷумлаи ҳамин гуна лоиҳаҳост ва бо тасвиби Созишномаи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Олмон рӯи кор омад. Бо ҳамдастии   Ҷамъияти ҳамкориҳои техникии Олмону  соҳаи маорифи кишварамон соли 2008 татбиқи барномаи мазкур дар 12 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мактаби рақами 7-и шаҳри Душанбе чун мактабҳои озмоишӣ оғоз гашт ва он то соли 2011 идома меёбад.
Дар ҳамоиши илмиву амалие, ки таҳти унвони «Истифодаи технологияи муосир дар дарсҳои фанни технологиятаълими меҳнат дар синфҳои 5-9: натиҷа, мушкилот ва дурнамо» дар шаҳри Душанбе доир шуд, рафти иҷрои ҳамин барнома  дар мактабҳои озмоишии Тоҷикистон ва роҳҳои рафъи мушкилиҳои пешомада мавриди баррасиву табодули назари  коршиносони олмонӣ,  мутахассисону кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриву омӯзгорон ва донишҷӯёни бахши технологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қарор гирифт.
Давоми ду даҳсола аст, ки  бар асари омода набудани аҳолӣ ба   шароити иқтисоди бозори ҷаҳони муосир,  аксари одамон, бахусус ҷавонон бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯянд  ва дар рафъи он  на ҳамеша муваффақанд.  Бо вуҷуди  иҷрои корҳои вазнин наметавонанд натиҷаи хуб ба даст оваранд. Донишҳои андӯхтаашон парокандаву фаъолияташон тақлидкорона ва маҳораташон сайқал наёфтааст. Истифодаи маҳсули зеҳну амалро дар ҳамбастагӣ на дар хонаву мактаб ва на дар муассисаи олии таълимӣ   наомӯхтаанд.  
Аз ин боис ширкатдорони ҳамоиш ба масъалаи омодасозии ҷавонон ба зиндагии фаъол ва нақши фанни технологиямеҳнат дар  он таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, оид ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълими ин фан дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ибрози назар намуданд.
Солҳои зиёдест, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба таълими фанни технологиямеҳнат ҷомеа ва омӯзгорону масъулони соҳаи маориф  муносибати сатҳӣ доранд ва омӯзиши онро дар мактаб ҳамчун фанни дуюмдараҷа меҳисобанд. Ҳини суханронӣ дар ин ҳамоиш Хосият Неъматова, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ иқрор шуд, ки то ин лаҳза таълими фанни технологиямеҳнатро дар мактабҳо дуюмдараҷа меҳисобид. Ҳол он ки  мактаби рақами 12-и ноҳияи мазкур яке аз мактабҳои  озмоишии фанни технологиямеҳнат интихоб шудааст ва дарсҳо дар синфҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла компютер ва  усулҳои фаъоли таълим мегузаранд.   Аҷиб аст, ки мудири маориф  баъди се соли ҳамчун озмоишӣ дар бахши таълими меҳнат фаъолият кардани мактаб зарурати омӯзиши ин фанро баъди баррасии он дар конфронс мефаҳмад. Ва хуб аст, ки фаҳмид. Яъне баррасии он дар ҳамоиш натиҷае дод.
 Кристиан Райхард, роҳбари Барномаи дастгирии таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни суханронӣ дар конфронс  хотирнишон шуд, ки омӯзишу таҳлили  вазъи таълими технология дар мактабҳои Тоҷикистон ҳам собит сохтанд,  ки  барномаҳои таълимию китобҳои дарсии ин фан аз ҳаёт дуранд. Омӯзгорони соҳибихтисос ва устохонаву синфҳои фанни технологиямеҳнат намерасанд.  Аз ҳисоби умумии омӯзгорони фанни технологиямеҳнат танҳо 23 дарсад  мутахассиси ин фан мебошад ва донишҳои андӯхтаи онҳо низ ҷавобгӯи талаботи рӯз нестанд. Дигарон ё мутахассиси фанни дигар, масалан, адабиёт, таъриханд ё умуман маълумоти  касбӣ надоранд. Муаллимон бо маълумоти таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дарс медиҳанд.  Инчунин таҷҳизоту асбобҳои таълимӣ, маводи масрафшаванда ва китобҳои дарсиву дастури дигари таълимии  ҷавобгӯи талаботи рӯз вуҷуд надоранд.
Бино ба андешаи мутасаддиёни ҳамоиш, аз ҷумла коршиносони Ҷамъияти техникии Олмон танҳо  роҳандозии таълими  ҷиддии фанни технологиямеҳнат мутобиқи талаботи ҷаҳони муосир дар мактабҳо имкон медиҳад, ба пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар муваффақ шавем.
Роҳандозии босифати таълими технология  дар ҳалли мушкилоти касбии аҳолии ҷумҳурӣ чи саҳме мегузорад?
Нуруллоҳ Мирзоматов, мутахассиси таълими босифати¬ Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД), мегӯяд: - Ин як соҳаи амалигардонии донишу малакаю маҳоратҳои хонандагон аз тамоми фанҳои дигар аст. Барои он ки талаба дар фанни технология ба  дастоварде  ноил гардад, бояд маҷмӯи донишҳоро аз фанҳои физика, химия, математика, расм , нақша, таърих, ҷуғрофия ва ғайра ба кор барад. Яъне ин фан  ҷавлонгоҳи истифодаи донишҳои гуногуни хонандагон дар як лаборатория ва ё  дар амал аст.
Маъмулан омӯзгорони мо дар раванди таълим  беш аз ҳама ба андӯзиши маълумот ва ё ахбор таваҷҷӯҳ мекунанд, вале ба  зарурати он дар  зиндагии мардум эътибор намедиҳанд. Аз ин рӯ фанни технология бояд  ҳамин мушкил ва ё норасоиро ислоҳ созад.  Масалан, солҳост, ки дар бораи истеҳсоли миқдори бештари ин ё он ашёи хом ҳарф мезанем. Сарватҳои зиёди табиӣ низ дорем. Ҳар сол барои рӯёндани ҳосили фаровони пахта саъй мекунем, ангишту нуқраву алюминиямон баландсифатанд, аммо аз онҳо қариб маҳсулоте ҳосил  намекунем. Бинобар ин фанни технология бояд инкишоф ёбад, то тавонем  ҳам пахта рӯёнему ҳам аз он  маводе истеҳсол намоем, ки дар бозори ҷаҳон   эътибору харидор пайдо кунад. Аз ин нигоҳ яке аз вазифаҳои муҳими фанни технология тайёр намудани хонандагон барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳон аст ва он ҷавононро ба фаъолияти офарандаву истеҳсолӣ омода месозад. Аз ин рӯ имкониятҳои имрӯзаамонро доир ба таълими ин фан  бояд васеътар истифода барем.
Чӣ бояд кард, то истифодаи имконоти мавҷуда самарбахш бошад?
 Тавре Саломат Мамадҷонова, сардори бахши лоиҳаи технологӣ ва таълими меҳнати Ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон дар Тоҷикистон посух дод, барои беҳтар намудани вазъи таълими фанҳои технология/меҳнат дар ҷумҳурӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда Барномаи ёрии техникии Олмон мусоидат менамояд. Ҳадафи он мукаммалсозии барномаи таълими фанни технологиямеҳнат дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони ин фан ва таҷҳизонидани синфҳо ва устохонаҳои таълимӣ буд. Аз ин лиҳоз баъди таҷдиди назар ва такмили барномаи таълими амалкунанда як барномаи таълимии мукаммал таҳия гардид. Дар он камбудиҳои барномаҳои пешина пурра ислоҳ  шудааст. Барномаи нав хусусияти амалӣ дорад, тибқи он талабот ба сифати таълим дигар мешавад, аз ҷумла зарур аст, ки муаллим бояд эҷодкор бошад ва дар раванди таълим  фаъолона иштирок кунад. 
Ба хотири алоқаи зичи таълими фанни технология/меҳнат бо ҳаёт дар  он омӯзиш  дар  11 равия, аз ҷумла  ҳунарҳои миллӣ, пухтупаз, дуредгарӣ, челонгарӣ, техникаи электронӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва амсоли ин пешниҳод шуда, ки то татбиқи  барнома имкони омӯзиши босифати ҳеҷ яке аз ин равияҳо, ки ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир бошад, дар ягон мактаб вуҷуд надошт.
Ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешниҳод шуда, ки вобаста ба имконот ва зарурати ин касбу пешаҳо дар ҳаёт омӯзиши чанде аз равияҳоро  тариқи интихоб ба роҳ монанд. Аммо омӯзиши ду равия - техникаи компютерӣ ва интихоби касбу ҳунар барои ҳамаи мактаббачаҳои ҷумҳурӣ  ҳатмӣ ҳисобида шудааст. Диққати асосӣ  ба истифодаи техникаи компютерӣ нигаронида шуда, омӯзонидани техникаи иттилоотию компютерӣ ҳатмист. Бинобар ин тибқи лоиҳа ҳар як мактаби озмоишӣ  бо 11 компютери тамғаи нави замонавӣ ва принтер таъмин шуда. Чаро ки яке аз иллатҳои асосии раҳгум задани ҷавонон дар зиндагӣ имрӯз надонистани истифодаи техникаи компютерӣ ва дурусту бошуурона интихоб накардани касб аст, ки бар асари он на ҷои кори хуб меёбанду на маводи ҷавобгӯи талаботи рӯз сохта метавонанд. Ба  хонандагон имкон дода шудааст, ки дар дарсҳо бештар амал кунанд, 80%-и барнома кори амалист. Аммо аз гузоришҳои омӯзгорони мактабҳои озмоишӣ дар ҳамоиш  аён гашт, ки  ин таҷҳизоти техникӣ дар дарсҳо  на ҳамеша самаранок истифода мешаванд, дар ҳолати корношоямии онҳо омӯзгорон ҳунари таъмирашонро надоранд. Ҳол он ки бо истифодаи босамар ва пайвастани компютер бо шабакаи интернет омӯзгор имкон дорад равзанаи омӯзиши технологияи нави ҷаҳонро ба рӯи хонанда боз намояд ва худ низ такмил ёбад.
Ҳадафи дигари лоиҳа, ки мавриди гуфтугузори ҳозирон шуд, масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорони фанни технологиямеҳнат  буд.
Бо мақсади роҳандозии барномаи такмилёфтаи ин фан як гурӯҳ мутахассисони олмонӣ, аз ҷумла доктор П. Хюнбер ва се омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар музофоти Шанхайи Чин ва Олмон  таҷриба  омӯхтанд. Барои омӯзгорони мактабҳои озмоишӣ ва айни замон 22 донишҷӯи факултаи технологияи ДДОТ оид ба усули фаъоли таълим ва истифодаи  лоиҳаи эҷодию технологияи иттилоотӣ дар дарсҳо семинарҳои омӯзишӣ доир намуданд.
Намоиши маҳсули дарсҳои фанни технология меҳнати мактабҳои озмоишӣ дар ин ҳамоиш гувоҳ буд, ки дар таълими ҳунарҳои миллӣ ин омӯзгорон муваффақ шудаанд. Вале дар таҳияи лоиҳаҳои эҷодӣ, ки асоси ҳамбастагии маҳсули зеҳниву амалии хонандагон аст,  мушкилӣ мекашанд. Хонандагон пеш аз сохтани ашёе бояд худ лоиҳаи онро таҳия созанд. Донанд, ки чаро маҳз ҳамин ашёро месозанд ва он барояшон чӣ манфиате меоварад. Барои сохтани он чӣ миқдор мавод масраф мешавад ва арзиши он чанд аст. Инчунин тарҳи пайдарпаи иҷрои амалиётро дар рафти сохтани он ашё бо ҳисоби дақиқ тасвир намоянд. Ороиш, нақшу нигор ва рангҳои мувофиқро низ бояд интихоб кунанд ва муайян созанд, ки ашёи сохтаашон дар бозор чӣ арзише пайдо мекунад. Яъне ҳар коре ки мехоҳанд, бо пешбинии ҳадафҳои муайян  рӯи коғаз оварда, дар асоси он амал намоянд. Онҳо арзиштарин хислати инсонӣ- салоҳиятнокиро дар зиндагиву фаъолияташон ба ҳамин васила дар дарсҳои технология меомӯзанд.
Ҳадафи сеюми барнома муҷаҳҳазонидани  мактабҳо бо асбобу таҷҳизот,  ки яке аз омилҳои баланд шудани сифати таълим аст, аз назари ширкатдорони ҳамоиш дур намонд.
-Бидуни мавҷудияти таҷҳизоти замонавии зарурӣ татбиқи барномаи таълимӣ маънӣ надорад, - мегӯяд  Шукруллоҳ Саломов, коршиноси Ҷамъияти ҳамкориҳои техникии Олмон.  - Бинобар ин аз рӯи самтҳои интихобкардаашон синфу устохонаҳои мактабҳо бо мизу курсӣ, бо компютери тамғаи нави замонавӣ, принтер, дастгоҳҳои челонгарӣ ва коркарди чӯбу мошинҳои дарздӯзӣ (механикӣ ва барқӣ), асбобу аёният, адабиёти ёрирасони таълимӣ, дастурҳои методӣ оид ба корҳои лоиҳавӣ, ки аксар истеҳсоли  Олмонанд, муҷаҳҳазонида шуданд.  Ҳамзамон озмоишгоҳу устохонаҳои факултаи технология ва таълими меҳнати ДДОТ-ро бо 72 дастгоҳи муосири технологӣ таъмин намудем. Ин  мактабҳо бо маводи масрафшавандаи таълимӣ, ба мисли чӯбу тахтаву матоъ ва амсоли он, ки дар ҷараёни дарс аз онҳо  бачаҳо  маҳсулот месозанд, таъмин гаштанд.
Оё онҳо самаранок истифода мешаванд?  Кафолати  нигоҳубини ин таҷҳизот, ки сифаташон баланд буда, арзиши гарон доранд (нархи  як дастгоҳи коркарди чӯб беш аз се ҳазор доллар аст),  дар мактабҳо мавҷуданд? Баъди сарфи маводи истифодашаванда, муаллимон аз куҷо бояд мавод пайдо кунанд ва монанди ин масъалаҳое буданд, ки боиси баҳси ҳозирин гаштанд.
Баъди баррасии масъалаҳо дар чаҳор бахш, аз ҷумла истифодаи лоиҳаи эҷодӣ, техникаи компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ дар дарсҳои фанни технологиямеҳнат; мукаммалсозии барномаи таълим, стандарту салоҳият, мушкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва нақши ассотсиатсияи волидон дар беҳтар гаштани вазъи таълими ин фан мавриди баҳс қарор гирифта, оид ба онҳо мулоҳизаву андешаҳо пешниҳод шуданд.
Чунончи, ба андешаи Мақсудҷон Юсуфов, омӯзгори мактаби рақами 10, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мактабҳо соатҳои амалиии таълими фанни технологияро зиёд намуда,  фурӯши маҳсулоти сохтаи талабагонро дар бозор ташкил намудан зарур аст. Қисме аз фоидаи онро баъди пардохти музди меҳнати хонандагон барои ғанисозии заминаҳои таълимии мактаб бояд сарф кард. 
Мавлуда Рӯзиева, мушовир оид ба  фанни технологияи раёсати маорифи вилояти Суғд пешниҳод намуд, ки таълими ин фан дар ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ  аз як соат ба ду соат расонида шуда,  ба мудирони кабинетҳо ва устохонаҳо барои нигоҳубини таҷҳизоту аёниятҳо чун дар давраи шӯравӣ музди меҳнати иловагӣ пардохта шавад.
Инчунин ба андешаи Зарина Шукурова, роҳбари ассотсиатсияи волидон, ҷалби ҷомеа ва волидон ба масъалаҳои ҳалталаби таълими фанни технология дар мактабҳо имкон медиҳад, ки онҳо бо мактаб дар робита шуда, нисбати касбомӯзию ояндаи фарзандонашон бетараф набошанд.
Пешниҳодҳо зиёд буданд, ва ба андешаи ман дар ташкили кору назорат ва роҳандозии онҳо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ нақши ҳалкунанда дорад.  Ва умед аст, ки масъулони соҳаи мазкур дар рушди таълими технология дар ҷумҳурӣ нақши муассире хоҳанд бозид.
Ҳамоиш саршор аз андешаҳои мухталифу назарҳои бикр буд. Маорифчиёни кишвар эҳсос намуданд, ки бо ғанисозии заминаҳои моддии ин фан бо таҷҳизоти нави муосир, такмили барномаҳои таълимӣ ва омӯзгорони соҳибихтисос ба ҳадаф мерасанд. Ва таълими босифати ин фан дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад  малакаҳо сайқал ёбанд ва истеъдодҳои нав пайдо шаванд.

Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1403

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед