logo

маориф

Маркетинг дар соҳаи маориф чӣ нақш мебозад?

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди соҳаи маориф ташкили шумораи зиёди муассисаҳои таълимии хусусӣ ва рақобати солим дар байни онҳо мебошад. Дар ин рақобат ҳамчунин муассисаҳои давлатие, ки қабули тиҷоратии хонандагон ва донишҷӯёнро ба роҳ мондаанд, иштирок менамоянд.
Албатта, чунин шароит зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои баландбардории рақобатпазирии муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро тақозо менамояд. Яъне, ташаккули низоми муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати комилан дигаргунсозии низоми таълимро пеш меорад. Ин пеш аз ҳама бо он алоқаманд аст, ки сатҳи дониши хатмкунандагон бояд ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Зикр намудан зарур аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ду бозори мустақил амал мекунад, ки бозори меҳнат ва бозори хизматрасониҳои таълимӣ мебошанд. Бозорҳои мазкур барои мувофиқа намудани талаботу пешниҳод ба ҷои кор ва сатҳи дониши хатмкунандагон бояд дар якҷоягӣ фаъолият намоянд. Бо сабаби он ки аксаран чунин мувофиқасозӣ дар иқтисодиёти давраи гузариши кишвар ба назар намерасад, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо проблемаҳои ҷойҳои корӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Дар натиҷа қисми зиёди мутахассисони дипломдор аз рӯи ихтисоси худ кор накарда, дар хориҷи кишвар ба фаъолияти гуногун машғул мешаванд.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ ба сифати ҷоннок намудани фаъолияти бозорҳои зикргардида,  маркетинги хизматрасониҳои таълимӣ метавонад мусоидат намояд. Саволи матраҳ ин аст, ки оё вақти татбиқи маркетинг дар соҳаи маориф пеш омадааст?
Дар мамолики мутараққӣ маркетинг дар тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ нақши назаррас дошта, имкон фароҳам меорад, ки стратегияи самараноки фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ амалӣ гардад.
Дар шароити Тоҷикистон низ вақти он омада, ки дар соҳаи маориф ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ маркетинг истифода шавад, то номувофиқатии талаботу пешниҳодот дар бозори меҳнат аз байн равад.
Имрӯз зарур аст, ки масъулони соҳа ташкили маркетинги самараноки хизматрасониҳои таълимиро ба роҳ монанд. Дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ   маркетинг метавонад, ки воситаи муҳими ғолибоӣ дар рақобати шадиди байни муассисаҳои таълимӣ шавад. Зеро рӯз аз рӯз рақобат дар байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тезу тунд мегардад.
Дар аксар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои «Ҳуқуқшинос», «Иқтисодиёти ҷаҳон», «Молия ва қарз», «Менеҷмент» ва дигарҳо аз 3 то 7 довталаб ба як ихтисос ҳуҷҷат месупорад. Макотиби олии ҷумҳурӣ фақат дар давраи қабули довталабон аз маҷмӯи воситаҳои маркетинг танҳо аз ташвиқу тарғиб дар васоити ахбори омма истифода менамоянду халос. Дигар воситаҳои маркетинг умуман истифода намегарданд. Масалан, ташкили фаъолияти маркетингиро дар мавриди омӯзиши талаботи бозори меҳнат ба мутахассисон намеомӯзанд ва ин масъала то ҳанӯз ҳалли худро пайдо накардааст.
Бояд зикр намуд, ки самти муҳими тадқиқоти маркетингӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таҳлили талабот ба хизматрасонии таълимӣ мебошад. Тадқиқоти мазкур имкон медиҳанд, ки ихтисосҳои ояндадор муайян ва баҳо дода ва мувофиқан барномаҳои таълимии онҳо вобаста ба талаботи арзёбишуда, мувофиқа карда шаванд. Пӯшида нест, ки имрӯз аксар довталабон ба тахассусҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ набояд ихтисосҳои асосии соҳавиро фаромӯш кард, ки онҳо барои пешрафти соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёти кишвар нақши арзанда доранд.
Дар ин маврид яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти маркетинги муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷалби ҷавонон ба ихтисосҳои зарурӣ мебошад. Масъалаи мазкурро бо истифода аз воситаҳои гуногуни маркетинг, аз ҷумла корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳо, ташкили курсҳои пулакӣ барои баъзе фанҳои таълимӣ, нашри буклетҳо ва мақолаҳое, ки ҳавасмандӣ ва шавқу рағбатро ба чунин ихтисосҳо бедор менамоянд, ҳал намудан мумкин аст.
Имрӯз дар назди низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо масъалаи қонеъсозии талаботи иқтисодиёти мамлакат ба кадрҳои баландихтисос, инчунин ҳамгироӣ ба фазои ягонаи аврупоии маълумот гузошта шудааст. Чунин омилҳо тақозо менамоянд, ки маркетинг ҳамчун воситаи муҳими мувофиқкунандаи сатҳи дониши хатмкунандагон на танҳо барои талаботи бозори дохилӣ, балки байналмилалӣ низ таъсири худро расонад.
Лозим ба таъкид аст, ки маркетинг дар кишвари мо дар марҳилаҳои аввали мутобиқшавӣ ва инкишофӣ қарор дорад. Дар баъзе аз муассисаҳои олии касбӣ курсҳо доир ба маркетинг гузаронида, мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Маркетинг» омода карда мешаванд.
Аллакай аксарияти роҳбарон дарк намуданд, ки муваффақияти корхона аз идоракунии босамар, қабули қарорҳои мувофиқи мақсад, омӯзиши бозор ва интихоби кадрҳо вобастагии калон дорад.
Бо истифода аз таҷрибаи хуби муассисаҳои таълимии давлатҳои мутараққии ҷаҳон ҳоло зарурати ташкили шӯъбаҳои маркетинг дар назди раёсатҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ пайдо гаштааст. Зеро дар  шароити тезутундшавии рақобати хизматрасонии таълимӣ ва бо мақсади омӯзиши эҳтиёҷоту талабот ва пешниҳоди сатҳи баланди хизматрасонии ба талаботи донишҷӯёну субъектҳои хоҷагидорӣ ҷавобгӯ, татбиқи маркетинг мақсаднок хоҳад буд.
Аслан татбиқи бомуваффақияти маркетинг дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ ва барои фаъолияти пурсамари зерсохторҳо (инфраструктура) ниҳоят зарур мебошад.
Таҳти зерсохтори маркетинг маҷмӯи ташкилотҳо ва муассисаҳо (марказҳои маслиҳатӣ оид ба маркетинг, кафедраҳои маркетинг дар макотиби олӣ, агентии рекламавӣ, нашриётҳо ва ғайраҳо) фаҳмида мешаванд. Ташкил ва ташаккули зерсохтори маркетинг масъалаи бисёр муҳим ва мураккаб аст. Масалан, барои ташкил намудани зерсохтори инкишофёфтаи маркетинги Олмон зиёда аз 35 сол лозим шуд. Ҳоло дар он зиёда аз 130 кафедра дар макотиби олӣ, 2000 агентии рекламавӣ, 50 марказу маҷаллаҳои махсусгардонидашуда, миқдори зиёди рӯзномаҳо, радио ва шабакаҳои телевизионӣ амал менамоянд, ки хеле маълуму машҳур мебошанд.
Ҳамин тавр, дар асоси тадқиқоти мунтазами бозори хизматрасониҳои таълимӣ ва таҳлилӣ унсурҳои асосии он – талабот, пешниҳодот ва нарх имкон медиҳад, ки баҳри фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимӣ, стратегияи маркетинг ва идоракунӣ дуруст муайян карда шавад.

Мирзоаҳмад МИРЗОЕВ,
мудири шӯъбаи маркетинг ва
моликияти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 861

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед