logo

илм

Саргузашти тамоми рустоҳоро омӯзем

Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров. Аз Хистеварзи қадим то Хистеварзи навин: замин ва одамон. - Хуҷанд, 2009.
Наздик ба бист сол аст, ки миллати тоҷик барои эъмори давлати нави миллии дунявии мардумсолории худ, ки намунаву моделе дар таърихи ҳафтҳазорсолааш надорад, гомҳои устувор бардоштааст. Яке аз аркони ҳастии ин давлат тақвияту таҳкими андешаи меҳанхоҳиву меҳанпарварист. Ин давлат ҷиҳати он ки бақои таърихии худро мудовимат бидиҳад, ба чунин унсури таъйинкунанда ва ҳувиятбахшанда, ки мӯҷиби ҳамфикрию ҳамдилию якпорчагии афроди миллат хоҳад шуд ва онро дар саҳнаи байналмилалӣ ба ҳайси як воҳиди сиёсии босубот, пешрав ва боиқтидор хоҳад намоёнд, мисли обу ҳаво сахт эҳтиёҷ дорад ва бидуни устуворсозии он дучори тазалзулоти сиёсию иҷтимоию фарҳангӣ хоҳад шуд.
Аз ин ҷиҳат ин барномаи сиёсию иҷтимоию фарҳангӣ дар садри сиёсатҳои давлат қарор дорад ва корҳои умдае дар ин росто анҷом гирифтаву хоҳад гирифт. Яке аз сарнавиштсозтарин печвораҳои худшиносию бедории миллӣ таърихпажӯҳию таърихогоҳист ва аз айёми шӯравӣ то ба ҳол осори илмию таҳқиқии пурарзиш ва мондгоре дар ин замина ба паҳнаи нигориш омад ва таваҷҷӯҳи иддае аз таҳқиқгарону рӯзноманигорон хусусан ва аҳли фарҳангро умуман омӯзиши саргузашти таърихии шаҳристонҳо, шаҳракҳо, рустоҳо, мактабҳо, колхозҳо, корхонаҳо, дудмонҳо ва афроди маъруфи ин қаламравҳо ба худ ҷалб кард.
Як ҳикмати мардумӣ мегӯяд: «Меҳандӯстӣ аз эҳтироми зодгоҳ сар мешавад ва инсондӯстӣ аз эҳтироми зодмандон». Ба хотир оварем таронаи русии пуровозаи «С чего начинается Родина?»-ро аз филми ҳунарии «Сипар ва шамшер» ва шеъри устод Лоиқи Шералӣ «Ватан сар мешавад аз гоҳвора»-ро, ки илҳомёфта аз ин филм аст.
Асари Усмонҷон Ғаффоров ва писараш Нӯъмонҷон Ғаффоров «Аз Хистеварзи қадим то Хистеварзи навин: замон ва одамон» аз ин зовия қобили арзёбӣ ва арзишгузорист. Хистеварз аз деҳаҳои таърихии сернуфус ва шӯҳратвари водии Фарғонаи Тоҷикистон аст, ки бо исми таҳрифшудаи Қистакӯз маъруфият дорад ва дар бисткилометрии шаҳри Хуҷанди куҳанбунёд воқест. Агар мо ба саргузашти Хуҷанд жарф бинигарем, ки Хистеварз ҳамеша аз тобеоти он будаву ҳаст, ин шаҳр дар таърихи исломии тоҷикони Осиёи Марказӣ пас аз Бухорою Самарқанд аз меҳваритарин конунҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мо буда ва нақши носутурдание доштааст. Фақат ёдкарди чомасароёни мумтозе чун Маҳастӣ ва Шайх Камол, корнамоии Темурмалики сипаҳсолор, ҳукумати Оли Хуҷанд дар Исфаҳон, нақши ҳалкунандаи рӯшанфикрони он дар таъсису мудирияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Абдураҳим Ҳоҷибоев, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев), пешбурди илми навини тоҷикон ва созмондеҳии мактабҳои илмӣ (Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров, Солеҳ Раҷабов, Муҳаммади Осимӣ, Абдулмаҷид Пӯлодов, Неъмат Нӯъмонов, Абдуллоҷон Ғаффоров, Абдулманнони Насриддин) ин ҷо кофист.
Профессор Усмонҷон Ғаффоров низ аз номбардорони қофилаи илму дониши ин марзу буми аҳуроист. Падари бузургвораш Абдулғаффор Ҳасанов аз арбоби сиёсат ва фарҳанги сомони Хуҷанди айёми худ буд. Сиёсатмадор ва фарҳангсолори бузург зиндаёд Бобоҷон Ғафуров, ки номи муборакашро ҳар тоҷики худогоҳу бедор бо эҳтиром ёд мекунад, ифтихори шогирдии Абдулғаффор Ҳасановро дошта, ҳар бор, ки ба Хуҷанд ташриф меовард, ҳатман ба дидорбинии устодаш мерафт ва ба ӯ арҷу ҳурмат мегузошт. Кошонаи ин марди шариф қадамҷои номоварони замон буд ва Мирзои Турсунзода, Сотими Улуғзода, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷони Ҳусайнзода, Муҳаммади Осимӣ ва даҳҳо меҳмони олиқадр дар ин манзили таърихӣ баҳсҳои сиёсӣ, илмӣ ва адабӣ оростаанд. Дар ҳамин ҷо Бобоҷон Ғафуров аз Абдулғаффор Ҳасанов хоҳиш кард, ки таърихи Хистеварзро ба қалам оварад ва мавсуф санаду мадраки афзуне гирд намуд, вале умр вафо накард. Ин супоришро писару наберааш анҷом доданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки профессор Усмонҷон Ғаффоров аз таърихнигорони варзида, пуркор ва пурмаҳсул аст. Рисолаҳои илмии ӯ дар бораи шахсиятҳои сиёсии тоҷикони асри гузашта манбаъҳои муҳиме дар амри пажӯҳиши таърихи ҷадид ба ҳисоб мераванд. Китоби нимапублисистию нимаилмиаш «Шаҳбози осмони сухан» (Душанбе, 2007) яке аз нахустин осорест, ки аз ҳаёту эҷодиёти Лоиқи Шералӣ баҳс мекунад ва нигоранда хеле хотираҳо, фактҳо ва ҳуҷҷатҳои тозае барои хонандагон пешниҳод менамояд, ки қаблан дар осори дигар муҳаққиқон дида намешуд. Ҳамчунин Усмонҷон Ғаффоров дар зодгоҳаш китобхонаи бемисле дар ҷумҳурӣ дорад, ки онро падараш асос гузоштааст. Дар ин китобхона рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ аз солҳои сиюми асри бистум то ба имрӯз нигоҳдорӣ мешаванд, ки шояд баъзе аз шумораҳои онҳо дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ вуҷуд надошта бошад. Профессор Усмонҷон Ғаффоров бар ин қарор аст, ки чун Китобхонаи миллии нав соли 2012 дар пойтахт ба фаъолият оғозад, ин ҳамаро барои ҳамеша ба он эҳдо намояд.
Усмонҷон Ғаффоров ва Нӯъмонҷон Ғаффоров дар асари нави худ бар инанд, ки омили асосии мавҷудияти чандҳазорсолаи Хистеварз қарор доштани он дар канори рӯди Хоҷабаҳоргон, заминҳои паҳновари ҳосилхез ва Шоҳроҳи Абрешим мебошад ва ҳамвора дар ин русто ҳаёти иқтисодӣ, динӣ ва фарҳангӣ ҷунбуҷӯш дошт. Маънии вожаи «Хистеварз»-ро муаллифон киштзори воқеъ дар баландӣ таъбир кардаанд. Вале аз назари мо калимаи «хист» ба номҷоҳои Хусдеҳ, Хуст, Ғузор, Ғезан, Ғазантарак, Ғӯсар, Ғаза, Ғазнич, Ғазна, Каздон ва Қазвин ва вожаи орёии «хас» ба мафҳуми об иртиботи решаӣ дорад. Аксари микротопонимҳо ва гидронимҳои бостонӣ аз мафҳуми об маншаъ мегиранд, ҳар ҷо ки об буд ва канораш замини пурдомана қарор дошт, ободӣ бунёд мешуд ва худи вожаи «обод» ҳам бархоста аз об аст ва мақоли «Обу ободӣ» ҳам маъруфият дорад. Агар «Хистеварз»-ро киштзори канори об (рӯд) маънидод кунем, саҳеҳтар ба назар мерасад. Ағлаби номҷоҳои шаҳристони Хуҷанд решаи орёӣ доранд ва далолат бар он мекунанд, ки ин сарзамин аз хостгоҳҳои асосии ин қавм будаву ҳаст, мисли Сомғор, Исфисор, Исфана, Румон, Тагоб, Ёва, Мадингон, Маргум, Унҷӣ, Андархам, Чурбак, Қалъача, Ғӯлакандоз.
Муаллифон китоби мавриди баҳсро бо баҳраварӣ аз тамоми маводу асноди солҳои 1869-2007, ки дар бойгониҳо мавҷуданд ва бо сӯҳбат бо беш аз 500 нафар шоҳиди зиндаи таърих таълиф намудаанд. Маълум мешавад, ки Хистеварз дар интиҳои асри XIX аз ободтарин мавзеот буда, дар он як мадраса ва 53 масҷид фаъолият дошт ва соли 1910 мактаби усули ҷадид таъсис ёфт. Нахустин корхонаи консерв дар ҷумҳурӣ соли 1927 дар Хистеварз бунёд шуд. Ин деҳа соли 1872 3100 нафар ва соли 2008 51 ҳазор аҳолӣ дошт. Шоирон Беҳҷати Аҳрорӣ ва Асъади Аҳрорӣ, қаҳрамонон Ҳодӣ Кенҷаев ва Домулло Азизов, олимон  Абдулмаҷид Пӯлодов, Очилбой Усмонов, Абдуллоҳҷон Ғаффоров, Халифабобо Ҳамидов ва даҳҳои дигар мояи тафохури хистеварзиёнанд. Фақат таъкиди як нукта басанда аст, ки академик Абдулмаҷид Пӯлодов аз асабшиносони барҷастаи шӯравӣ буда, дар ин илм бозёфтҳое дорад ва рисолаи «Асабшиносӣ»-и ӯ чун китоби таълимӣ дар собиқ донишгоҳҳои пизишкии шӯравӣ тадрис мешуд.
Мӯъҷиби фараҳмандист, ки дар саросари ҷумҳурӣ як кӯшише барои шинохти ҳар русто ва ҳатто ҳар дудмон оғоз шудааст. Саргузашти ҳар деҳа саргузашти аҳли ҳамон деҳа буда, аз аҳамияти илмӣ ва таърихӣ бархурдор аст, ҳатто агар он китоб публисистӣ бошад, зеро дар он ҳаройина фактҳову воқеаҳое мундариҷ хоҳад буд, ки барои таълифи асари илмӣ арзиш хоҳад дошт. Таърихи миллати тоҷик вақте ба сурати мукаммал дар даҳҳо ҷилд аз нигоҳи илмӣ ба қалам хоҳад омад, агар таърихи мустанад ва муваҷҷаҳи тамоми рустоҳо, ҷамоатҳо, мактабҳо, колхозҳо, дудмонҳо ва ашхоси маъруф бо ҷузъиёти муфассал таълиф шавад. Аз ин лиҳоз асари мавриди баҳс аҳамияти илмиро дорост ва як саҳифаи таърихи даҳҳоҷилдии комилу ҷомеи миллӣ маҳсуб мешавад.

Фотеҳи АБДУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (1)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1680
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед