logo

маориф

Вазъи муассисаҳои томактабӣ беҳбудӣ мехоҳад

Замони шӯравӣ дар тарбияю нигоҳубини кӯдакони хурдсоле, ки волидайнашон кор мекарданд, муассисаҳои томактабӣ нақши муҳим доштанд ва теъдоди онҳо беш аз ҳазор буд.
Аммо баъди пошхӯрии сохтори  давлати шӯравӣ ва бар асари паёмадҳои  ҷанги шаҳрвандӣ аксарияти ин муассисаҳои тарбиявӣ аз фаъолият бозмонданд. Бо раванди хусусигардонии амволи давлатӣ дар ҷумҳурӣ бархе аз кӯдакистонҳоро  баъзе одамон аз худ намуданду қисми дигар аз беаҳамиятии масъулон фарсудаву хароб гаштанд ва баъзеашонро ба муассисаи дигар табдил доданд.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин бесарусомонӣ ва мусоидат ба барқарор сохтану беҳтар гардонидани вазъи муассисаҳои томактабӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси касбии мураббиён моҳи октябри соли 2005 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» қабул шуд. Бо қабули барнома давоми 5 соли охир баъзе аз муассисаҳои томактабӣ аз нав ба фаъолият оғоз намуданд, аз ҷумла 5 кӯдакистон дар вилояти Хатлон ва 4 муассисаи томактабии вилояти Суғд барқарор гардид. Дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Тавилдара, Мӯъминобод низ биноҳои нави кӯдакистон сохта, ба истифода дода шуданд.
Ду муассисаи томактабии ноҳияҳои Конибодом ва Ғончӣ, ки чанд сол боз фаъолият надошт, таъмир гардид ва айни ҳол фаъолият менамояд. Аммо, мутаасифона,  имрӯз дар аксари ноҳияҳои кишвар, ба вижа деҳот, ҳатто муассисаҳои мавсимии томактабӣ фаъолият намекунанд.
Барои рафъи ин мушкил, тавре ки Нисо Кокова, сармутахассиси раёсати томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф, иброз дошт, барои ҷалби кӯдакон ба таълиму тарбия, айни замон вазорат дастурамалеро омода намудааст, ки ҳадафи он таъсиси марказҳои инкишофи тарбияи кӯдакони синни  томактабӣ дар он минтақаҳое мебошад, ки  кӯдакистон  надоранд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 17 маркази инкишофи таълиму тарбияи томактабӣ фаъолият дорад.
Бояд гуфт, ки масъалаи барқарор намудани кӯдакистонҳо ва ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон ҳамчун проблемаи муҳими рӯз боқӣ мондааст. Зеро бо назардошти афзоиши аҳолӣ эҳтиёҷи мардум ба фаъолияти кӯдакистонҳо беш аз пеш меафзояд. Аз тарафи дигар пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд то баҳри фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта бошем. Зеро муассисаҳои томактабӣ зинаи аввали низоми маориф ба ҳисоб мераванд ва хишти аввали таълиму тарбия ва ҷаҳонбинии инсон дар он ҷо гузошта мешавад.
Парвина Муқимова, мудири кӯдакистони № 96-и пойтахт, ҳини сӯҳбат гуфт, аксари волидайн мехоҳанд, ки фарзандони онҳо дар кӯдакистон тарбия ёбанд, аммо камии муассисаҳои томактабӣ монеаи амалишавии ин хостаҳои онҳо мегардад. 
Муҳимтарин рӯйдодро дар зинаи аввали таҳсилот дар чанд соли охир, метавон ташкили кӯдакистонҳои хусусӣ номид, ки чанд сол инҷониб фаъолият доранд ва мавриди таваҷҷӯҳи аксари мардум гаштаанд. Парвина Қосимова, мудири яке аз кӯдакистонҳои хусусӣ, аз кам будани кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки инкишофи бармаҳали кӯдак, яке аз афзалиятҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Агар кӯдак аз хурдӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта  нашавад, рушди минбаъдаи он чун шахси комил душвор хоҳад шуд.
Мутаассифона, новобаста аз ҳама таъкидҳо дар зинаи аввали таҳсилот- муассисаҳои томактабӣ пешравӣ кам ба мушоҳида мерасад. Нарасидани мураббияҳои касбӣ, кам будани муассисаҳои томактабӣ ва аз таълиму тарбияи томактабӣ дур мондани кӯдакон муҳимтарин мушкилоти  соҳа аст.
Дар воқеъ, дар боғча бояд мутахассисоне дарс гӯянд, ки тавонанд ба хубӣ бо кӯдакон забон ёфта, онҳоро ба боғча, таълим ҳавасманд созанд. Аз тарафи дигар, муассисаҳои томактабӣ дар деҳу ноҳияҳои кишвар бояд, ки таъмир гарданд ва ба фаъолият оғоз намоянд. Зеро дар ҷумҳурӣ, ба вижа рустоҳои он, айни замон ба сабаби муҳоҷирати меҳнатии ҳамсаронашон занҳо бештар ба кори саҳро машғуланд ва наметавонанд бо оғози кори мавсимии саҳро тифлакони ноболиғашонро дар хона танҳо гузоранд. Аз ин хотир, барқарор намудани муассисаҳои томактабӣ дар деҳот на танҳо ба бонувони кишоварз дар тарбияи фарзандони хурдсолашон, парваришу омӯзиши онҳо кӯмак мерасонад, балки ба пайдо шудани ҷойҳои нави кор низ мусоидат мекунад.

 Фарзонаи Файзалӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 511

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед