logo

номаҳо

Салом, Президенти азиз!

Ба Шумо истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, кӯчаи ба номи Карл Маркс, гузаргоҳи 2, ҳавлии рақами 2 ӯроқ Раҳимов номаи меҳр менависад.
Ман баромади Шуморо дар ҷаласаи 63-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дида, шунида, бениҳоят хурсанд шудам ва аз ифтихору хурсандӣ дар куртаам нағунҷидам. Ман дар бистари беморӣ мехобидам, аҳволам якбора хеле беҳтар шуд. Шуморо чандин маротиба ба раисӣ интихоб карданд, чунки Шумо ба ин кор арзандаю зебандаед. Шумо бо заҳмати шабонарӯзӣ натанҳо обрӯ ва эътибори худатон, балки обрӯ ва эътибори тоҷикон ва Тоҷикистонро низ ба дараҷаи баланд бардоштед.
Ман дар вақтҳои ҷавониам ба Русия сафар мекардам. Русҳо мепурсиданд: «Ту аз куҷо?». Ман ҷавоб медодам: «Ман аз Тоҷикистонам». Онҳо мегуфтанд, ки «мы только знаем Самарканд». Имрӯз бинед, ки тамоми дунё Тоҷикистонро мешиносад. Албатта, ин ба шарофати  хизмати Шумо Эмомалӣ      Раҳмони азиз аст.
Дар байни президентҳои ҷаҳон дар зебоӣ зеботарин ҳастед. Бародарони рус мегӯянд: «О, какой ваш Президент красивый, симпатичный».
Ман Шуморо Рустами замон, подшоҳи одили замон, Фарҳоди кӯҳкани замон мешуморам. Чунки Шумо Тоҷикистони қариб аздастрафтаро ба по рост кардед, ҳамаро сарҷамъ намудед ва сулҳу амониро барқарор сохтед, Тоҷикистонро ба аҳли ҷаҳон нек муаррифӣ намудед.
Одамони тамоми дунё ҳоло ба Тоҷикистон ҳавас мекунанд. Шумо кӯҳҳоро канда роҳ кушодед, роҳҳо кушода шимоли мамлакатро ба ҷануби он пайваст кардед, мамлакатҳои дунёро ба Тоҷикистон наздик кардед. Шумо ба кадом ноҳия ё гӯшаву канори Тоҷикистон қадами муборакатонро гузоред, он ҷо, албатта, ободу зебо мешавад. Ҳама ба Шумо таҳсину офаринҳо  мегӯянд. Ва мегӯянд, ки ана акнун мо пешвои одилро ёфтем. Илоҳо, ҳамеша дар амон бошаду ҳамеша дар сари мо соябон бошад, мегӯянд. Пиру ҷавон даст бардошта, дуои ҷони Шуморо мегӯянд.
Ман муаллими одӣ, 46 сол омӯзгорӣ кардам, ҳоло синни ман ба 80 расид. Худо ба ман давлати пирӣ додааст. Ҳоло ман соҳиби 4 писар, 4 духтар, 31 набера ва 8 абера ҳастам. Илоҳо, Худо ба Шумо ҳам давлати пирӣ диҳад. Омин!
Духтари ман Муҳаббат Раҳимова дар донишгоҳ то курси 3 бо Шумо хонда будааст. Азбаски ба вай аз ҳар куҷо хостгорҳои бисёр омадан гирифтанд, мо ӯро ба шавҳар додем. Вай соҳиби якчанд фарзанд шуду то охир хонда натавонист. Ҳоло, шукр, зиндагии хушбахтонае дорад.
Эмомалии мӯҳтарам, ман аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ин дафъа ба Панҷакент қадам ранҷа кунед, албатта, ба хонаи духтарам омада, як пиёла чои ӯро нӯшида равед ва агар лозим донед, Шумо ҳамчун Фарҳод Ширинатонро ҳамроҳ биёред, илтимос.
Мехостам, ки бисёр нависам, чунки ба Шумо гуфтаниҳои хуб бисёр дорам, лекин афсӯс, ки дастам меларзад.
Дар охир ҳаминро гуфтаниам: Эй Эмомалӣ Раҳмон, Президенти на танҳо Тоҷикистон, балки Президенти ҳамаи тоҷикони ҷаҳон, бар сари мо ҳамеша бошӣ соябон!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 739

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед