logo

илм

Агар таъсири маърифати Шарқ намебуд…

Агар дороии тамоми олам дар дасти ман мебуд, барои ҳар як олими шарқ қасре аз тилло бунёд мекардам ва худ остонбӯси ишон мешудам.

Ҳёте

Ҳар як халқ,чи хурд асту чи бузург, дорои тамаддуни  худ мебошад, вале халқҳои тамаддунсози умумибашарӣ  андаканд. Мардуми  эронинажод, ки дорои тамаддуни бузурги илмиву фарҳангӣ буданд, бо пайдоиши ислом аз нури он нерӯи тоза гирифта, саҳми бузурге дар тарҳрезии тамаддуне гузоштанд, ки имрӯз бо номи «тамаддуни исломӣ» машҳур ва эътироф гаштааст. Табиист ки ҳар як насл заҳмати ғанисозии ин фарҳангро ба дӯш мегирад. Зеро писандидатарин сарвате, ки падарон ба фарзандон мегузоранд, ба маънии томаш  ин фарҳанг аст.
Замони давлатдории хонадони Сомониён (874-999) дар таърихи давраи нави исломии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми  арзишмандеро ишғол менамояд. Амирони фозилу фарҳангпарвар ва адолатпешаи сомонӣ  бо саъю талошҳои пайваставу сиёсати оқилонаашон дар таърихи тамаддуни мардуми эронинажод як давраи комилан наву бесобиқаи таърихиро ибтидо гузоштанд. Онҳо беҳтарин анъанаҳою дарёфти фарҳангии даврони бостонии мардуми эрониро аз нав эҳё карда, ба рушду нумӯи минбаъдаи илму маърифат заминаи мусоиду устувор гузоштанд.
Дар ин давра  илмҳои дақиқ, ба вижа ситорашиносӣ бештар инкишоф ёфта, ба унвони «наҷибтарину мукаммалтарин»-и илмҳо ва «фанни зебо» диққати мардум,  ба хусус олимону шоирон ва ҳатто шоҳонро ба худ ҷалб мекард. Аз як сӯ, зарурати ҳаётии илми ситорашиносӣ боиси равнақи ин соҳаи илм бошад, аз сӯи дигар баъзе шоҳону амирони Шарқи исломӣ, ки худ ба ин бахши илм майлу дилбохтагӣ доштанд, хуб медонистанд, ки эҷоди асарҳои калонҳаҷми «Зиҷ»-ҳо номи онҳоро дар таърих ҷовид хоҳад гардонд. Ба ин маънӣ, ситорашиноси номии асри XVII Қутбиддини Лорӣ фармудааст:
Ба чунин илм ҷумла мӯҳтоҷанд,
Хоса онон, ки соҳиби тоҷанд.

Таърихи пешрафти илми ситорашиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздикро шартан ба се давра қисмат намудан мумкин аст. Давраи аввал диққати олимон ба тарҷума, тафсир ва таҳрири мероси илмии юнониёну ҳиндуёни қадим равона шуда буд. Шиносоӣ, тарҷума (ба забони арабӣ) ва тафсири осори олимони замони атиқа дар нимаи дуюми асри VIII марҳилаи аввали инкишофи пуравҷи илмҳои дақиқ буд. Таҳти унвони «тафсирҳо» ақида ва андешаҳои илмии худи олимон - шореҳони Машриқзамин баён мешуд.
Ибтидои инкишофи пуравҷи ситорашиносӣ дар Шарқи асримиёнагӣ ба охири асри VIII- ибтидои асри IX, яъне ба давраи ташаккули маркази илмии «Байтулҳикма»-и Бағдод рост меояд, ки бештари намояндагони он зодагони кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон буданд. Акнун онҳо дар баробари тасҳеҳу тавзеҳи осори ҳиндуёну юнониён, дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ,  эҷодгари усули нав ва офарандаи асарҳои  гаронбаҳои риёзӣ ва нуҷумӣ буданд. Ин тамоюл тӯли асрҳои X-XI бештар инкишоф ёфта, ситорашиносони Шарқи исломӣ бо истифодаи комёбиҳои риёзиёти замон  назарияҳои нав офарида, ҳатто ба тасҳеҳи модели Батлимус пардохтанд.
Ислоҳу такмили моделу назарияҳои пешиниён (бахусус марбут ба назарияи ҳаракати сайёраҳо) дар асрҳои XIII-XV бештар шуд. Дар ин давра ҳатто бархе аз модели Батлимус даст кашиданд ва таҳияи модели комилан нави ҳарорати кинематикии  Моҳу Офтоб ва сайёраҳо ба вуҷуд омад.
 Дастовардҳои мунаҷҷимони Шарқи исломӣ
 Асари «Сувар-ул-кавокиб»-и Абдураҳмони Сӯфӣ,  ситорашиноси маъруфи асри X, зодаи шаҳри Рай, муддати ҳаштсаду панҷоҳ сол (то таълифи «Уранометрияи нав»-и Ф. Аргеландер (1799-1875) китоби рӯимизии кулли ситорашиносони кишварҳои Шарқу Ғарб буд. Ин асар, ки соли 1256 ба забони испанӣ тарҷума шудааст, дар муайян кардани ислоҳоти астрономӣ ва тасвири бурҷҳои осмонӣ мақоми хосеро дорост. Бояд гуфт, ки ҳоло чандин истилоҳҳои астрономӣ ва номҳои ситораҳои алоҳида (қариб 100 ситораи мунири осмон) бо номҳои арабию форсии пешинаашон маъруфанд. Чунончӣ, Алтаир- (Насри Тоир), Ақраб- (Ақраб), Алфакка-(Факка), Мирсам- (Мирзам), Алфард- (Фард), Ригел- (Риҷл), Вега- (Насри Воқеъ), Бетелгейзе- (Байтулҷавзо), Ахернар- (Охируннаҳр), Фамалгаут- (Фумалҳут), Алдебаран- (Дабарон) ва ғайра.
Дигар ин, ки маҳз ситорашиносони Машриқзамин (аз ҷумла, Собит ибни Қурра (836-929) ва баъдан Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (садаи Х) бори нахуст муқаррар намуданд, ки бузургии тамоили эклиптика ба экватор  доимӣ набуда, бо гузашти айём тағйир меёбад.
Бино ба маълумоти адабиёти муосир  яке аз ҳодисаҳои нодири осмонӣ- аз рӯи қурси Офтоб гузаштани сайёраи Зӯҳраро бори аввал соли 1639 астрономи англис Ҳоррокс мушоҳида намудааст. Аммо ҳақиқати ҳол ин аст, ки ҳодисаи мазкурро ( дар ҳар 105,5+8 ва 121,5+8 сол як маротиб такрор мешавад) бори нахуст дар асри X халифаи аббосӣ Ҷаъфар ибни Муктафӣ (907-988) ва дуюмин шуда 24 маи соли 1032 Ибни Сино дар расадхонаи Исфаҳон ва баъдан ситорашиносони маъруфи расадхонаи Самарқанд (асри XV) мушоҳида намуда буданд.
Бино ба маълумоти адабиёти муосир Иоган Кеплер дар асри XVII табиати берун аз атмосферии кометаҳоро исбот кардаасту  баъдан Э.Галилей ҳаракати даврӣ доштани онҳоро муайян намудааст. Аммо баррасии мероси нуҷумии олимони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик нишон дод, ки ниёгони мо чанд  аср муқаддам аз аврупоиён пайдо гаштани кометаҳо - ситораҳои думдорро аз нуқтаи назари илмӣ таҳқиқ карда, ҳаракати даврӣ доштани онҳоро (яъне пас аз чанд сол аз сари нав пайдо гаштани онҳо) ошкор кардаанд. Дар осори олимони Шарқи исломӣ номҳои кометаҳо, замон ва макони падидоӣ, суръат ва самти ҳаракат кардан, чанд муддати падид омадани онҳо, дар кадом бурҷ ғайб задани ин ҷирмҳои осмонӣ сабт шудаанд. Ситорашиносони Машриқзамин шоҳиди шиҳобборон, метеоритҳо, ҳодисаи хусуфу кусуфи Офтобу Моҳ, «сафкашии» сайёраҳо ва дигар ҳодисаҳои осмонӣ буданд ва ин  падидаҳоро аз ҷиҳати илмӣ маънидод намуданд.
Пайваста ба ин гуфтаҳо ёдрас мешавем, ки як андешаронии Шайхурраис Ибни Сино дар бахши «Зикри осори улвия ва иллатҳои онҳо»-и «Ҳикмати машриқия»-аш омадааст: «Аммо моддаи шубӯҳ ва ҷирмҳои монанд ба онҳо… ҳамин, ки ба ҳавои сӯзон (яъне ба атмосфераи Замин) расиданд, месӯзанд ва чуноне мушоҳида мешавад, гӯё онҳо чизеро аз худ мепартоянд. Шубӯҳ чуноне месӯзанд, пароканда ҳам мешаванд. Гоҳе ситорае гӯё чизе мепартояд… Вақте ки кавкаб аз хунукӣ фишурда шуда, ба поён ҳаракат мекунад,  он дар натиҷаи ҳаракат месӯзад. Сабаби хомӯшшавии ситораҳои афтанда нест шудани модда ва тамом шудани оташи шаффоф дар онҳост.
Агар модда зич ва муддати дароз вазнин бошад, ба сустӣ ба оташи холис истиҳола меёбад ва хунукиеро, ки хомӯш мешавад ва болоравии тезеро надорад, ки қувваи оташро ба мавзеи шиддатнок барад, барои ҳамин ҳам аланга ва сӯзиши он ё муддати дароз, ё дар сурати обшуда ва думдор, ё дар сурати кавкаб боқӣ мемонаду оҳиста-оҳиста тунук шуда нест мешавад».
Дар ин андешаронии Шайхурраис метеорҳое (ситораҳои парон) дар назар дошта мешаванд, ки онҳо суръати нисбатан суст дошта, дар лаҳзаи охири парвоз пора-пора (реза) мешаванд ва он алҳол низ дар мадди назари таҳқиқоти олимон, аз ҷумла ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон аст.
Фаъолияти ситорашиносони маъруфи асримиёнагӣ дар бахши ихтирооти олоти расад қобили таваҷҷӯҳ аст. Алломаҳои давру замонҳо чун Алӣ ибни Исои Устурлобӣ, Холиди Марварудӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Абӯсайиди Сиҷзӣ, Абӯсаҳли Кӯҳӣ ва дигарон иштирокчиёни ихтирои даҳҳо олоту афзори мушоҳидавӣ буданд. Аз ҷумла, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо ихтирои олати «Суди Фахрӣ» ва Ибни Сино бо ихтирои афзори ба паргор шабеҳ доштаи хеш саҳеҳии ченакҳои астрономиро (дар баробари дараҷаю дақиқаҳо) то ба  сонияҳо расониданд. Ин олимон роҷеъ ба сохт ва тарзи истифодаи асбобу олоти расадӣ рисолаҳои сершуморе таълиф намуданд.
Усули басо одии аллома  Абӯрайҳони Берунӣ бо воситаи олати маъмули расадӣ - устурлоб муайян намудани андозаи Замин аз рӯи мушоҳидаи пастшавии уфуқ аз болои кӯҳи баландиаш маълум ҷолиб  буда, ҳоло ҳам аҳли илмро дар ҳайрат гузоштааст. Дар яке аз сафарҳои султон Маҳмуд ба Ҳиндустон, ки Берунӣ шоҳро ҳамроҳӣ мекард, ба ӯ муяссар гашт, ки  дар наздикии қалъаи Нандна (ҳозира Покистон, тақрибан дар фосилаи 400 километрии ҷониби ғарбии Мӯлтон) орзуи деринаи худро амалӣ гардонад. Тарзи андозагирии хешро Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ» ин гуна тасвир кардааст: «Барои муайян кардани он ман дар замини Ҳиндустон кӯҳи азими дар саҳрои паҳновари сатҳаш чун сатҳи баҳр ҳамвор қадкашидаро интихоб намудам. Дар қуллаи кӯҳ бо олот ҷои расиши Осмонро бо Замин, яъне доираи уфуқро маълум кардам, ки он аз хати Машриқ-Мағриб камтар аз сеяк ва чаҳоряки дараҷа,  сию чаҳор дақиқа буд.  Пас ман баландии кӯҳро муайян намудам».
Тибқи ҳисоби Берунӣ аз ин рӯ радиуси кураи Замин ба 12851369Р50“ оринҷ, яъне як дараҷаи кураи заминӣ ба 55Р 53’ 15” мили арабӣ ё 110275 метр баробар аст. Аз рӯи қиматҳои ҳозира дарозии як дараҷаи меридиан барои арзи 320 00’ (арзи маҳалли мушоҳидаи Берунӣ) тақрибан 110895 метр. Ҳамин тавр, хатоӣ фақат ба 620 метр баробар аст.
Аз дастовардҳои Берунӣ ёдрас шуда, бояд зикр кард, ки ин олими нуктасанҷ  зиёда аз ҳафт аср пеш аз олимони аврупоӣ  Ф. Рималдӣ, И.Ниютон ва Т. Юнг ҳодисаҳои дифраксия ва интерференсияи рӯшноиро кашф намуда буд.
Таҳқиқот ба воситаи усулҳои аналитикӣ ва ададии ҳозира роҷеъ ба муайян кардани саҳеҳии тӯли геосентрии Аторуд, Зӯҳра, Офтоб, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал, ки дар «Зиҷи ҷомеъ»-и Кушиёри Гелонӣ ва «Қонуни Масъудӣ»-и Абӯрайҳони Берунӣ оварда шудаанд, натиҷаҳои назаррасро доданд. Масалан, аз муқоисаи ҷадвалҳои Гелонӣ бо ҳозира низ саҳеҳии мушоҳидаҳо дар он замон ба чашм мерасад.
Бо зикри чанд дастоварди мутафаккирони замони Сомониён дар интиҳои сухан боз гуфтаҳои шоири маъруф Ҳётеро ёднишон мешавам: «Агар таъсири маърифати Шарқ намебуд, олами Ғарб, Худо медонад боз чанд садсолаи дигар дар хоби ғафлат мемонд».

Хуршед АБДУЛЛОЗОДА,
профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1019

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед