logo

мулоқотҳо

Дар Тошканд Эмомалӣ Раҳмон бо Ху Тсзинтао вохӯрд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри  иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 11 – уми июн баргузор гардид, ба шаҳри Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон сафар кард.

10 июн дар шаҳри Тошканд Сарвари давлати Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлуи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
-Ҷумҳурии Мардумии Чинро мо шарики стратегӣ ва мӯътамади Тоҷикистон шумурда, ба таҳкиму густариши муносибот бо он манфиатдорем, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон.
Ху Тсзинтао дар навбати худ изҳор дошт, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст ҳамаи тадбирҳои Тоҷикистонро баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодиёти худ устуворона дастгирӣ намояд».
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, қабл аз ҳама аз татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки иқтисодию инфрасохторӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба суръат ва сифати кори ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ машғуланд, баҳои баланд дода шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҳаҷми мубодилоти моли миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2009 қариб ба 1,5 миллиард доллари ИМА баробар шуд.
Ху Тсзинтао ба нақши байналмилалии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёнаш дар омодасозии ин ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва умуман таҳкими эътибори ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос намуд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва ҳавасмандии кишварашро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои маблағгузорӣ ва  татбиқи лоиҳаҳои сершумори иқтисодӣ таъкид намуд.
Зикр гардид, ки масъалаи аз ҳисоби сандуқи қарзии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҳаҷми умумии маблағаш 10 миллиард долларро ташкил дода, барои кишварҳои аъзои ин созмон пешбинӣ шудааст, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дорад. Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки имсол Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 80 миллион юан (6,7 юан =1$)  грант ва барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиат 5 миллион юан кӯмаки башардӯстона ҷудо мекунад.
Ҳар ду ҷониб изҳор дошт, ки барои такмили техникии гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ва таъмини кори он дар ҳамаи фаслҳои сол ва ҳамчунин баҳри густариши робитаҳои Тоҷикистон бо минтақаи Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин  кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 471

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед