logo

мулоқотҳо

Мулоқоти судманди Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод

9 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон     Маҳмуди Аҳмадинажод, ки баҳри иштирок дар Конфронси байналмилалии бахшида ба рафти иҷрои    Барномаи 10 – солаи амал «Об барои ҳаёт» ба шаҳри Душанбе    ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Масоили ҳамкории стратегии дуҷониба ва ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Эрон нахуст дар вохӯрии хосаи сарони ду давлат, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду ҷониб баррасӣ ёфтанд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои бунёдии инфрасохторӣ баҳри пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон зоҳир гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод баҳри кӯмакҳои бародаронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» ва татбиқи бисёр лоиҳаҳои дигари иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ арзи сипос намуда, изҳори боварӣ кард, ки  тавассути ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон робитаҳои мустақими кишвари мо бо Осиёи ҷанубӣ ва баромади он ба роҳҳои баҳрӣ таъмин мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод омодагӣ ва ҳавасмандии кишварашро ба ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг, ҳарбию техникӣ ва амнияти минтақавӣ, таъкид намуд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба рӯзномаи мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва ҳамгироии муштарак баҳри таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 496

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед