logo

барқияҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 июни соли равон ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи шодбош фиристод....

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  12  июни  соли равон  ба  унвони  Президенти Федератсияи  Русия  Дмитрий  Медведев  барқияи  шодбош  фиристод.  Дар  он  аз  ҷумла  гуфта  мешавад:
«Дмитрий  Анатолиевичи  мӯҳтарам,  лутфан   табрики  самимона ва  орзуҳои   беҳтарини  маро  ба  унвони  халқи  бо  мо  дӯсти  мамлакататон  ба  муносибати  солгарди  навбатии  қабули Эъломияи  соҳибихтиёрии  давлатии  Федератсияи  Русия  бипазиред.
Тоҷикистон  ба  қадри  муносибатҳои  иттифоқчигӣ  ва  шарокати  стратегӣ  бо  Русия  мерасад  ва  азми  қавӣ  дорад, ки  онҳоро  дар  ҳамаи  соҳаҳо  бештар  аз  пештар  ривоҷ  диҳад.
Боварӣ  дорам, ки  мо  бо  ҷидду  ҷаҳди  муштаракамон  ба  ҳамкории мутақобилан  муфиди  кишварҳоямон нерӯи тоза  бахшида  метавонем,  зеро ин  ҳамкорӣ  ба  манфиатҳои  куллии  халқҳо  ва давлатҳоямон мувофиқат намуда,  омили   муҳими  таҳкими  сулҳу  субот  дар  минтақа  мебошанд. Мо  азми  қавӣ  дорем, ки   барои   вусъати  равобит  ва  таҳкими  муносибатҳои дуҷонибаамон   ҳамаи  тадбирҳои  заруриро  андешем. Дар  ин  лаҳзаҳои  фараҳбахш,  ба  Шумо,  Дмитрий  Анатолиевичи  мӯҳтарам,  саломатии  комил,  хушбахтӣ, барору  комёбиҳои нав ба  манфиати   пешрафти  Русияи  бузург  ва ба  мардуми  бо  мо  дӯсти  мамлакататон  сулҳу  осоиш,   зиндагии  фараҳмандона  ва  шукуфоӣ  орзу  менамоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 787

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед