logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Ванҷ, 23 июни соли 2010

Падарону модарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Аввалан ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавозу заҳматпешаи ноҳияи зебоманзари Ванҷ ва фарзандони бонангу номуси ин диёри хуштабиатро ба муносибати фарорасии ҷашни мубораки ҳамбастагиву ҳамраъйии халқи азизамон, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар остонаи таҷлили он қарор дорад, табрику таҳният мегӯям.
Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ба мо муяссар шуд, ки давлати соҳибистиқлоли хешро аз хатари нестшавӣ ва халқи азизамонро аз парокандагӣ нигоҳ дошта, имрӯзҳо ҳатто дар дурдасттарин деҳоту ноҳияҳои кишвар корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат диҳем ва дар баробари ин, шароит ва сатҳу сифати зиндагии халқи азизи худро тадриҷан беҳтар намоем.
Дар доираи иқдомоти созандагиву бунёдкорӣ, хусусан дар арафаи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ низ як силсила корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Шумо хуб медонед, ки зимни сафарҳои корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳар дафъа боздиду шиносоии ман бо вазъи ҳаёти мардуми ноҳияи Ванҷ ва сӯҳбату мулоқот бо сокинони сарбаланду заҳматписанди он оғоз меёбад.
Ин навбат низ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президент, қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат ва иштирок дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявии иди Ваҳдати миллӣ дар вилоят махсус тасмим гирифтем, ки аввалан аз ноҳияи шумо дидан намоем.
Мо дар навбати аввал, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои заминларзае, ки дар ибтидои соли ҷорӣ дар ноҳияи шумо рух дода, боиси хароб гардидани хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот гардид ва аз аввалин лаҳзаҳо таҳти таваҷҷӯҳу ғамхории Ҳукумати кишвар қарор дорад, шинос шудем.
Оқибатҳои офати табиӣ тибқи дастуру супоришҳои мо асосан бартараф карда шудаанд ва ҳамаи мо имрӯз шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 30 хонаи истиқоматӣ барои осебдидагон гардидем.
Имсол, мутаассифона, офатҳои табиӣ, яъне селу обхезӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон, аз ҷумла як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, инчунин шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд низ харобӣ ва ҳатто қурбониҳои ҷониро ба миён оварданд.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва бо дастгириву кӯмаки мардуми Тоҷикистон, инчунин кишварҳои мададрасон зиёни расонидаи офатҳои табииро бартараф намуда истодааст.
Муҳимтар аз ҳама, тамоми  мардуми кишварамон дар чунин рӯзҳои мушкил ғаму андӯҳ ва дарди сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаро ҳамчун фоҷиаи худ қабул карда, ба онҳо ҳаматарафа мадад мерасонанд, ки ин нишонаи воқеии ваҳдати устувори миллии мо мебошад.
Мову шумо аз баракати ваҳдату сарҷамъӣ имкон дорем, ки ҳамаи мушкилоту душвориҳои ба сари кишварамон омадаро бартараф намоем. Ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардааст, ки нерӯи мо дар иттиҳоду ҳамраъйӣ, пуштибонии сулҳу амният ва дастгирии сиёсати созандагиву бунёдкории давлат ва ҳукумат аст.
Имрӯз низ дар шароити вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон пеш аз ҳама зарур аст, ки мо иттиҳоду Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, решаҳои онро боз ҳам устувору қавӣ гардонем. Зеро тамоми пешрафту тараққиёти мамлакат ва рӯзгори ободу осоиштаи мардум аз ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ вобаста аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ноҳияи Ванҷ ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла маркази саломатӣ, беморхонаи минтақавӣ,  мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар деҳоти Лугад, Удоб, Рованд ва Роғ, биноҳои нави маъмурии «Амонатбонк», «Тоҷиктелеком», заминҳои дашти Бовид мавриди сохтмону азнавсозӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Илова бар ин, бунёди варзишгоҳи маркази ноҳия, пули «Дуршер» ва пули  «Хумроғӣ»-и байни Тоҷикистону Афғонистон босуръат идома дорад.
Боиси хушнудист, ки дар ин замина мактаби таҳсилоти умумии рақами 15 низ, ки барои дар як баст таҳсил намудани 320 хонанда пешбинӣ  шудааст, имрӯз ба истифода дода шуд.
Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат дар раванди татбиқи пайгиронаи сиёсати иҷтимоӣ бо мақсади ба камол расонидани насли бомаърифат, босавод, бофарҳанг, аз илму фанҳои муосир бархурдор, инчунин соҳибкасб ва ватандӯсти асил ба рушди соҳаи маориф афзалият ва таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медиҳад. Зеро онҳо давомдиҳандагони кори мо мебошанд ва давлату давлатдорӣ дар оянда аз онҳост.
Идоракунии давлат, таъмини пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқиву фарҳангии кишвар ба кадрҳо ва мутахассисони дорои малакаву маҳорати касбӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва насли созандаву эҷодкор вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, мо соли ҷориро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда, дар доираи он ба беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои таълимӣ, таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва фарҳанги техникии насли ҷавон вусъат бахшида истодаем.
Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника рушди бесобиқа пайдо кардааст, мактаб дар баробари соҳибмаърифат намудани толибилмон ва аз дастовардҳои техникаи ҳозиразамон бархурдор гардонидани онҳо, инчунин  тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дар шуури онҳо ҷой кардани арзишҳои миллӣ ва таъриху мероси гаронбаҳои аҷдоди гузаштаамон нақши ҳалкунанда дорад.
Дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандон оила, бахусус падарону модарон низ масъулияти бузург доранд. Зеро тарбияи фарзанд аз оила оғоз меёбад ва волидон вазифадоранд, ки онҳоро аз хурдӣ ба роҳи нек, рафтору кирдори нек, одоби ҳамида ва донишандӯзӣ ҳидоят намоянд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Бо истифода аз фурсати муносиб, яъне ҳузури роҳбарону фаъолони ноҳия ҳоло мехостам доир ба иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки дар вохӯрии гузашта бо онҳо ба миён гузошта будам, ҳамчунин оид ба  имкониятҳои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бори дигар андешаҳои худро баён намоям. 
Бояд хотирнишон кард, ки мо на ҳама вақт аз неъматҳои худодод ба таври кофӣ истифода мебарем. Чунончи, шароити табиии ноҳияи Ванҷ барои парвариши мева, чорво ва занбӯри асал, инчунин коркарди саноатии онҳо хеле мувофиқ мебошад. Вале, мутаассифона, ин имконият ҳанӯз мавриди истифодаи васеъ  ва пурра қарор дода нашудааст.
Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки доир ба васеъ гардонидани боғҳо, нав кардани боғҳои кӯҳна, ташкили корхонаҳои хурди чорвопарварӣ, коркарди меваю маҳсулоти чорво, афзун сохтани оилаҳои занбӯри асал, инчунин азхудкунӣ ва истифодаи самараноки замин тадбирҳои муассир андешанд.
Ҷиҳати азнавсозии шабакаҳои обёрикунанда, анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав дар қаламрави ноҳия Ҳукумати мамлакат ҳамасола маблағ ҷудо карда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ шароит фароҳам оварда истодааст.
Дар навбати худ бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақсимоти дуруст, истифодаи мақсадноку самарабахши замин ва ҷалби таваҷҷӯҳи деҳқононро ба кишти зироатҳои ба шароити иқлим мувофиқ ва аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар таъмин намояд.
Дар бораи таҳияи лоиҳа ва бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ мавриди иктишоф, истихроҷ ва истифода қарор додани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданоке, ки дар ҳудуди ноҳия мавҷуданд, мо супориши дахлдор дода будем.
Ин масъала ҳоло таҳти омӯзиш мебошад ва Саридораи геология, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки  ин корро тезонанд.
Дар сурати мавриди истифода қарор додани имкониятҳо ва татбиқи тадбирҳои зикршуда мо барои аҳолии қобили меҳнати ноҳия ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам оварда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба пешрафтҳои ҷиддӣ ноил хоҳем гашт.
Ба ҳар фарди худогоҳу бедордил, ватандӯсту меҳанпараст ва бонангу номуси кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланд ва заҳматкаши ноҳияи Ванҷ зарур аст, ки баробари саҳми арзанда гузоштан дар кори хайру умумихалқии ободсозии Ватан ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин барои торафт таҳким бахшидани  Ваҳдати миллӣ ва тақвияти дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон талош намоянд.
Мардуми ватандӯст ва фарҳангсозу фарҳангдӯсти Ванҷ дар ҳама давру замон бо фазлу хирад, озодманишӣ зиндагии пурбаракат доштаанд ва чун кӯҳсорони сарбафалаккашида ва чашмаҳои софу зулоли Бадахшон асолати созандагӣ, сулҳпарварӣ ва ваҳдатгароиашонро ҳифз кардаанд. Итминони комил дорам, ки онҳо суннатҳои неки аҷдодиро минбаъд низ идомаи нек бахшида, ба хотири таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшишу ғайрати худро дареғ намедоранд.
Бо ҳамин умед, бори дигар ҳамаи шумо ва дар симои шумо кулли сокинони меҳмондӯсту меҳмоннавози Ванҷро бо фарорасии сездаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, бароятон тандурустӣ, рӯзгори ободу осуда ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 639

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед