logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Шуғнон, 24 июни соли 2010

Ҳамватанони гиромӣ!
Падарону модарони азиз!
Рӯзи дуюм аст, ки мо ва ҳайати меҳмонон аз марказ ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади таҷлили ҷашни 13-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  омадаем.
Аз ин рӯ, ҳамаи шумо - ҳозирини арҷмандро сараввал ба ифтихори ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, инчунин мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нав ва оғози сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки дар ояндаи наздиктарин аввалин бинои мӯҳташаму зебои маркази нави ноҳияи Шуғнон хоҳад шуд, самимона табрик мегӯям.
Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои сафари ман ба вилоят, аз ҷумла ба ноҳияи Шуғнон шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори мардум, пешрафти корҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳои Сардори давлат, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва суръати тоза бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ мебошад.
Имрӯз дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як мактаби наву замонавӣ ва хуштарҳу зебо ба рӯҳияи идонаи мову шумо хушҳолии тоза мебахшад.
Бояд гуфт, ки Шуғнон аз номи қадимтарин қавми орёӣ  - сакоиҳо  гирифта шудааст, ки чандин ҳазор сол пеш тавассути водии Вахон ба ин диёр омадаанд ва  яке аз аҷдодони қадимтарини тоҷикон мебошанд. Аз ин рӯ, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки  Бадахшон таърихи зиндаву бедори миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷик мебошад, ки то ҳанӯз ҳамаи паҳлуҳои таърихи ин сарзамин омӯхта нашудааст.
Имрӯз низ мо ифтихор дорем, ки ноҳияи Шуғнони Бадахшон зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, яъне шахсияте мебошад, ки барои таъсис додани  Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ҷоннисориҳои зиёд кардааст ва чанде пеш кулли мардуми кишвар 110-солагии зодрӯзи ӯро таҷлил намуд. 
Мову шумо бояд таърихи куҳани мардуми худро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, аз корномаҳои фарзандони фарзонаву ҷоннисори миллат сабақ омӯзем, ки дар воқеъ сарчашмаи ҳамаи ин камолоти маънавию омӯзишҳо мактаб мебошад.
Одатан мактабу таълимгоҳи хуб метавонад бо парваришу тарбияти фарзандони фарзона фардои неку зиндагии шоистаро барои наслҳои имрӯзу оянда фароҳам созад.
Бузургони оламшумуламон илму донишро зевари ботинӣ донистаанд, ки, бешубҳа, ба такмили ҷаҳонбинӣ, густариши зеҳн, малакаву маҳорат ва ахлоқи ҳамидаи шахс мусоидат менамояд.
Ба қавли Шайх Саъдӣ «Ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда.
Агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».
Маҳз ба ҳамин хотир, давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва рушди пайвастаи он таваҷҷӯҳи доимӣ дошта, онро яке аз  самтҳои афзалиятноки сиёсати худ медонад. Дар робита ба ин, дар шаш соли охир дар қаламрави вилояти Бадахшон бунёд, таҷдиду таъмири 89 мактаб сурат гирифта, барои қариб 10 ҳазор хонанда шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шуд.
Аз ҷумла, дар ин давра дар ноҳияи Шуғнон 15 мактаб таъмиру азнавсозӣ гардида, сохтмони омӯзишгоҳи касбиву техникӣ барои 350 нафар хонанда босуръат идома дорад, ки аз рӯи нақша соли оянда ба истифода дода мешавад.
Бинои мактабе, ки мо имрӯз онро ба истифода супурдем, ҳанӯз соли 1970 сохта шуда, таъмирталабу фарсуда гардида буд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил ва таъмини хонандагон бо ҷои нишаст, аввалан ҳамаи синфҳои мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шуда, иловатан боз 8 синфхонаи нав сохта шуд, ки барои таҳсили 240 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки барои бунёди мактаби мазкур  аз буҷети давлат қариб 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи шумо-омӯзгорону хонандагон ва падару модарон маросими ифтитоҳи ин даргоҳи нави илму донишро муборак гуфта, дар навбати худ ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузоштаанд, арзи сипос менамоям.
Бовар дорам, ки мактаби мазкур барои ба камол расонидани кадрҳои дорои дониши баланд мусоидат намуда, шумо - мактаббачагон бо хониши хубу аъло ва одобу рафтори ҳамида сазовори номи шаҳрванди соҳибмаърифату ватандӯсти давлати соҳибистиқлоли худ мегардед. Зеро заминаи асосии дӯст доштани Ватан – Модар ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аз остонаи мактаб оғоз гардида, дар замири шумо ифтихори ватандӯстиву ватандорӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, ҳифзи марзу бум, эҳтироми арзишҳои маънавию фарҳангии миллиро тарбия  менамояд. Бинобар ин, вазифаи асосии хонандагони мо, пеш аз ҳама омӯзиши илму дониш, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани дастовардҳои технологияи муосир ва касбу ҳунар мебошад.
Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз ҳам як қатор мушкилиҳо, аз қабили нарасидани мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти муосири варзишӣ ба мушоҳида мерасанд.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Шуғнон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то соли нави таҳсил ҳаллу фасл намудани мушкилоти мазкур чораҳои мушаххас андешанд. 
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки шумо медонед, дар доираи барномаи қарздиҳӣ ба ноҳияҳои кӯҳистони кишвар, аз ҷумла Шуғнон ҷудо кардани қарзҳои хурдро мо ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимтарини густариши соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ эълон кардаем. Дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда ба маблағи 2, 5 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия татбиқи 3 лоиҳаи инвеститсионӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз қариб се миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.  Ҳамзамон бо ин, барои соҳаи сохтмони асосии ноҳия, аз ҳисоби сармоягузориҳои асосии мутамарказ зиёда аз 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз ба маблағи қариб 900 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониву васлгарӣ ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, ҳоло дар ноҳия сохтмони терминали ҳамлу нақли бору маҳсулот босуръат идома дорад, ки баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш, бешубҳа, барои арзон шудани нархи молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Дар шароити кунунии Тоҷикистон бунёди иншооти гидроэнергетикӣ масъалаи ҳаёту мамот аст. Бояд гуфт, ки нерӯгоҳи калонтарини барқи обии вилоят “Помир-1” дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон воқеъ буда, дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад. Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти нерӯгоҳ соли гузашта бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноат ва роҳбарияти ширкат бо яке аз ширкатҳои бонуфузи давлати Ҳиндустон оид ба тайёр намудани генератор барои дастгоҳи дуюми нерӯгоҳи мазкур шартнома баста шуд. Ҳоло генератори номбурда омода гардида, вақтҳои наздиктарин ба қаламрави вилоят оварда хоҳад шуд.
Маҳз дар натиҷаи тадбирҳое, ки Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди соҳаи гидроэнергетикаи вилоят андешидааст, чанд сол инҷониб дар Бадахшон мушкили камбуди барқ бартараф карда шуд. Махсусан, дар солҳои охир таъсис ёфтани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ натиҷаи ҷиддии чунин тадбирҳо мебошад.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, чанде пештар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошта будам, ки дар доираи чорабиниҳои пешбиникардаи ислоҳоти музди меҳнат аз якуми июли соли ҷорӣ ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа ба андозаи на камтар аз  30 фоиз зиёд карда мешавад. Ва тавре ки шумо хабар доред,  21-уми июн Фармони Президенти кишвар дар ин хусус ба имзо расид. Илова бар ин, аз 1-уми октябри соли ҷорӣ на камтар аз 15 фоиз зиёд намудани нафақа, инчунин музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар назар дошта шудааст. Татбиқи ин амр дар самти беҳтар кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз фаъолияти босамари мо вобаста аст, зеро барои минбаъд баланд гардидани маош бояд заҳмати софдилонаву садоқатмандонаи худро дучанд намуда, буҷети давлатро ғанӣ гардонем.
Бояд гуфт, ки ҳифзи саломатии мардум, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои дигари муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, ки то кунун дар мамлакат, аз ҷумла дар вилоят дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидаанд ва ин раванд дар оянда низ идома меёбад.
Ҳамзамон бо ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони маркази саломатӣ босуръат идома дорад ва дар вақтҳои наздик ба истифода супурда мешавад, ки барои беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Солҳои охир ба муассисаҳои тандурустии ноҳия вобаста ба эҳтиёҷоти онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ асбобу таҷҳизоти ташхисии тиббӣ ворид гардид.
Масъалаи дигаре, ки дар аксари муассисаҳои тиббии ноҳия ба мушоҳида мерасад, нарасидани нақлиёт ва алоқаи телефонӣ мебошад. Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатсия вазифадор карда мешаванд, ки доир ба беҳтар кардани вазъи мавҷуда ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки масъалаи норасоии кадрҳои тиббии вилоятро ҳаматарафа омӯхта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.
Омили дигаре, ки метавонад ба буҷети ноҳия маблағҳои зиёд ворид намояд, ташкил кардани санаторияву марказҳои тиббию фароғатӣ мебошад. Зеро дар Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияи Шуғнон чашмаҳои зиёди табобатӣ мавҷуданд, ки бе хароҷоти зиёд, яъне ба таври табиӣ метавонанд беморонро шифо бахшанд. Инчунин, дар ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда коргоҳҳои хурди дорусозӣ ва обҳои маъдании шифобахшро ташкил кардан зарур аст.
Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки доир ба масъалаҳои зикршуда чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, ба Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ, ташкил кардани фурӯшгоҳи китоб ва дастрас кардани китобҳои тозанашр тадбирҳои фаврӣ ва муассир андешанд. 
Дӯстони азиз!
Мо имрӯзҳо ҷашни Ваҳдати миллиро таҷлил намуда истодаем. Бо гузашти солҳо мардуми сарбаланду шарифи Тоҷикистон аҳамияти бузурги сулҳу суботи ҷомеаро беш аз пеш амиқтар дарк карда истодаанд. Зеро сулҳу субот пояи муҳимтарини ҳар як давлат ва асоси пешрафти ҷомеа  мебошад.
Ваҳдате, ки мо сездаҳ сол қабл ба шарофати хиради азалӣ ва азму иродаи қавии мардуми сарбаланду шарифи Тоҷикистон ба даст овардем, имрӯз аллакай меваҳои худро ба бор овардааст. Маҳз Ваҳдати миллӣ решаҳои истиқлолияти давлатии моро мустаҳкам карда, ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи устувор гузошт. Ва дар як муддати кӯтоҳ мо дар арсаи ободониву бунёдкории Ватанамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Дар марҳалаи кунунӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти Тоҷикистон тақозо мегардад, ки барои ҳифзи муқаддасоти Ватан, яъне истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ва арзишҳои таърихиву маънавӣ саҳми босазои худро гузорад. Мароми мо таҳкими фарҳанги сулҳ аст, ки нишонаи барҷастаи он кохи мӯҳташами Ваҳдати миллии тоҷикон мебошад. 
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди Бадахшон, аз ҷумла сокинони меҳнатдӯсту меҳмоннавози Шуғнон бо дарки амиқи ҳадафҳои неки созанда ва ба хотири иҷрои вазифаҳои гузошташуда қуввату ғайрати худро минбаъд низ ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона месозанд.  
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо ҷашни фархундаи  Ваҳдати миллиро бори дигар самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда, азму иродаи қавӣ ва пешрафту сарбаландӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату хушбахт бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 599

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед