logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Мурғоб, 25 июни соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили санаи муқаддас ва мубораки миллӣ – Рӯзи Ваҳдат ба меҳмонии мардуми сарбаланди ноҳияи дурдасту сарҳадии Мурғоб, ки дар пойгоҳи қуллаи Сомониён ва домани кӯли зебоманзари Сарез қарор дорад, омадем. Ба муносибати ин ҷашни бузурги тақдирсоз ҳамаи шуморо самимона табрик мегӯям.
Аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки халқи Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва Ватани азизамонро аз хатари нестшавӣ наҷот бахшид, сездаҳ сол гузашт.
Дар тӯли ин солҳо аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди Бадахшон ва ноҳияи Мурғоб барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва тақдирсози мамлакат, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории  кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.
Натиҷаи якдиливу сарҷамъӣ ва ваҳдати миллии мардуми мо буд, ки дар тӯли ин солҳо нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Хоруғ», инчунин нерӯгоҳи «Оқсу»-и ноҳияи Мурғоб бунёд гардида, имрӯз талаботи аҳолии вилоят ва ноҳияро ба нерӯи барқ, ҳатто беҳтар аз дигар минтақаҳои кишвар таъмин мекунанд.         
Имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи ваҳдат хишти нахустини боз як иншооти муҳим - Нерӯгоҳи барқи обии «Оқсу-2»-ро гузоштем, ки бунёди он тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ  амалӣ хоҳад гардид.
Мутобиқи созишномаи мазкур баъди таҳияи санадҳои асосноккунии иқтисодиву техникӣ барои  бунёди ин нерӯгоҳ ба маблағи қариб 30 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок равона карда мешавад.
Сарзамини мо ҳамеша макони дӯстиву рафоқат, ҳусни бародариву ҳамҷаворӣ буда, дар солҳои истиқлолият аз баракати сулҳу субот ва фазои мусоиди созандагӣ ба як ҷабҳаи кору пайкори ҳамагонӣ табдил ёфтааст, ки намунаи олии он бунёди даҳҳо иншооти хурду бузурги кишвар шуда метавонад.   
Гузашта аз ин, дар сохтмони шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма фарзандони бонангу номуси тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон, аз ҷумла бародарони қирғизи мо - роҳсозони Мурғоб саҳми арзанда мегузоранд. Ин роҳи мошингарди байналмилалӣ, ки кишвари азизи мо - Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Мурғобро бо Хитой, Афғонистон ва Покистон мепайвандад, бешубҳа, роҳи дӯстиву ҳамкорӣ гардида, барои ривоҷи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз ноҳияи Мурғоб дар мувозинаи худ 625 километр роҳҳои мошингард, аз ҷумла қариб 400 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро дорост.
Ҳукумати кишвар мутобиқи  нақшаи  чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои сохтмони роҳи мошингарди Мурғоб -Тӯхтамиш аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашуда беш аз 5 миллион сомонӣ ва барои барқарорсозии мавзеъҳои харобгаштаи роҳи «Кулма-Мурғоб-Хоруғ» ҷудо кардани  маблағи 5 миллион сомониро пешбинӣ намудааст. 
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005 «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2005-2009» ҳаҷми маблағгузории умумӣ 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар тӯли солҳои 2005-2010 барои сохтмону барқарорсозии иншооти гуногуни ноҳия 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки беш аз 35 фоизи маблағгузории дар нақшаи мазкур пешбинишударо ташкил медиҳад. Илова бар ин, аз  ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок  ҷудо карда шудаанд.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 тартиби анҷом додани тиҷорати наздисарҳадӣ тасдиқ карда шуда, айни замон дар гузаргоҳи «Кулма-Қарасу» бозорҳои наздисарҳадӣ амал карда истодаанд.  
Солҳои охир дар натиҷаи ба истифода додани роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ва густариши тиҷорат бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳаҷми муомилоти мол ва гардиши савдои хориҷӣ чандин баробар афзудааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, Хадамоти гумрук, ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки рафтуои бемамониат ва доимии нақлиётро аз тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ таъмин намуда, барои афзоиши ҳаҷми содироту воридот ва хизматрасонии замонавии гумрукӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ дар баробари имкониятҳои сармоягузории давлатӣ аз имкониятҳои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳарчи бештар истифода намоем.
Вале тибқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, моҳҳои январ-апрели соли 2010 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ  ба мизоҷони ноҳия ба маблағи ҳамагӣ як миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 322 ҳазор сомонӣ ё ин ки 23,5 фоиз кам мебошад.
Бинобар ин, ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ тавсия мешавад, ки барои густариши соҳибкорӣ ва тиҷорат дар мавзеъҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб ба таври иловагӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо намоянд.
Ҳадафи мо аз ин иқдом, пеш аз ҳама, истифода намудани захираҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ, густариши фаъолияти чорводориву фермерӣ, коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳои ороишӣ ва монанди инҳо мебошад.       
Ҳарчанд ки Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷамаст» дар ноҳияи Мурғоб ба истихроҷи ёқути кони «Снежное» машғул аст, вале  сатҳу сифати коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ  ҳанӯз ба талаботи бозори имрӯза ҷавобгӯ нест.
Оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои коркард ва истихроҷи кони нуқраи Оқчилга соли 2006 тендер баргузор гардида буд ва ҳоло як  ширкати Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин мавзеъ корҳои омӯзишиву ҷустуҷӯиро идома дода истодааст.
Дар бахши коркард ва истихроҷи кони тиллои Рангкӯл бошад, Вазорати энергетика ва саноат бо мақсади ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо лоиҳаи инвеститсиониро пешниҳод кардааст ва масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳукумати кишвар ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб диққати доимӣ медиҳад. Рушди маориф дар ин самт таҳти таваҷҷӯҳи хоса қарор дорад. Имрӯз шумораи умумии мактабҳо дар ноҳия ба 14 адад расида, дар онҳо 400 нафар омӯзгор фаъолият дорад. Илова бар ин, дар маркази ноҳия сохтмони мактаби нави дорои ҳамаи шароити муосир, аз ҷумла толори варзишӣ барои 480 талаба идома дорад. Ёдовар мешавам, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар ноҳия ҳамагӣ 9 мактаб ва 220 нафар омӯзгор фаъолият мекарданд.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам таъкид намоям, ки аҳли маорифи ноҳия ба сифати таълими фанҳои дақиқ ва забони давлатӣ бояд аҳамияти махсус диҳанд.
Бо дастгирии Ҳукумат дар соҳаи ҳифзи тандурустии аҳолӣ низ хеле корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти кишвар сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Рангкӯл ба итмом расида, бунёди якчанд бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад.
Хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Мурғоб ҳамасола аз квотаи Президент баҳраманд мешаванд. Дар давоми солҳои 2006-2010 қариб 100 нафар ҷавон ба мактабҳои олии кишварамон, инчунин Ҷумҳурии Қирғизистон дохил шудааст.
Аз  ноҳияи  Мурғоб танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 14 нафар донишҷӯ, аз ҷумла тибқи квотаи Президент 11 нафар, таҳсил дорад.
Айни ҳол дар ноҳияи Мурғоб чор лоиҳаи сармоягузорӣ - лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф, фонди каталитикӣ, таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, беҳтар намудани нигоҳдории вазъи роҳҳо амалӣ гардида истодааст, ки маблағҳои умумии то имрӯз азхудшудаи онҳо зиёда аз 3 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ҳудуди ноҳия барои рушди туризм, бахусус кӯҳнавардӣ ва сайёҳӣ  имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Зеботарин кӯли  Тоҷикистон -  Сарез, ки ҳаҷми оби софу шаффофаш тақрибан 17 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст.
Илова бар ин, кӯлҳои афсонавӣ ва зебоманзари Қаракӯл, Рангкӯл, Зоркӯл, Шӯркӯл ва Яшилкӯл метавонанд чун Искандаркӯли овозадор ба яке аз василаҳои воқеии пешрафти туризм табдил ёбанд. 
Дар ҷараёни истифода аз захираҳои бою рангоранги сарзамини маҳбубамон ҳамаи мо як масъаларо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки мо як Модар-Ватан дорем ва вазифаи ҷониву қарзи фарзандии мост, ки ба қадри ин Ватани озоду соҳибихтиёр, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва дӯстиву бародарӣ расем, онҳоро эҳтиёт кунем ва аз ҳарвақта дида ҳушёртару зирактар бошем.     
Ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки аз захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон оқилонаву сарфакорона истифода барем, ҳангоми доир намудани маросиму маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, маблағҳои сарфашударо барои таълиму тарбияи беҳтари наврасону ҷавонон ва ободии хонаву дари худ, кӯчаву маҳалҳои аҳолинишин ва дигар корҳои хайр сарф намоем ва дар хотир дошта бошем, ки ин ҳама корҳои хайр низ нишонаи ватандориву ватандӯстии мо мебошанд. 
Ҳифзи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамзистӣ, дӯстии байни мардумони гуногунмиллати сокини шаҳру ноҳияҳои кишварамон низ вазифаи ҳар фарди огоҳу солимфикр мебошад.  Таърихи будубоши деринаи тоҷикон ва қирғизҳо дар ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатол ва Исфара шаҳодат медиҳад, ки ин мардум дар ҳудуди сукунаташон ҳусни дӯстиву бародариро ҳамеша пос дошта, то андозае бо ҳам қарин гаштаанд, ки ҳатто ҳамдигарро ба қавму миллат ҷудо намекунанд.
Мову шумо бояд ба қадри ин дӯстӣ, ба қадри Ватану ватандорӣ, ба қадри осоишу амният, ба қадри ҳар соати умри азиз ва меҳнати осудаҳолона расем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.  
Ин дӯстиву рафоқат ва эҳтирому бародарӣ аз оини деринаи фарҳангсолориву инсондӯстӣ сарчашма гирифта, имрӯз дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва иттифоқу ҳамраъйӣ боз ҳам қавитару пойдортар мегардад.     
Бо ҳамин умеду ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик карда, бароятон саломатӣ, хушбахтиву осудаҳолӣ ва дӯстиву рафоқати ҳамешагӣ орзу менамоям.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 692

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед