logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ишкошим, 25 июни соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯзҳо мову шумо дар ноҳияи зебоманзари Ишкошим ва дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯси Боми Ҷаҳон иди бошукӯҳу фараҳбахши Ваҳдати миллиро истиқбол мегирем.
Ба муносибати сездаҳумин солгарди ин ҷашни муборак кулли сокинони ноҳияи Ишкошим ва шумо - ҳозирини мӯҳтарамро табрику таҳният гуфта, ба пиру ҷавони ин диёри биҳиштосо сарсабзиву сарбаландӣ, файзу баракат ва шодкомиҳои идона орзу менамоям.
Боиси сарфарозии ҳамаи мо ва ҳар як фарзанди ин диёр аст, ки  ҳанӯз дувуним ҳазор сол пеш як шохаи Шоҳроҳи бузурги абрешим бо номи Роҳи тиҷоратии лоҷувард аз қаламрави Бадахшон ва ҳудуди ноҳияи Ишкошим мегузашт. Тоҷирони бохтариву суғдӣ аз ин диёр булӯри кӯҳӣ ва лоҷуварду лаъли Бадахшонро то қаламрави Форсу Юнон ва Бобулу Рим мебурданд.
Таҳқиқоти археологиву геологӣ дар ҳудуди Бадахшон мавҷуд будани қариб 80 мавзеи истихроҷи сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ва маъданро собит месозад, ки дар давоми асрҳои гузашта мардуми ин сарзамин кофтаанд.
Беҳуда нест, ки мавқеи мувофиқи ҷуғрофӣ ва анъанаҳои таърихии тиҷоратии дар қаламрави ноҳия ташаккулёфта барои интихоби  минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат кардаанд. Шумо хуб медонед, ки минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар фосилаи 6 километр аз маркази ноҳия, 105 километр аз шаҳри Хоруғ ва дар масофаи 710 километр аз пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе ҷойгир буда, аз рӯи нақшаи пешакӣ дар масоҳати 150 гектар бунёд карда мешавад.
Ҳангоми тарҳрезии заминаи иқтисодии ин минтақа, пеш аз ҳама, шароити мусоиди вилоят, ки аз шарқ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷанубу ғарб бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад, ба инобат гирифта шудааст. Ҳоло дар худуди вилоят аз болои дарёи Панҷ ба самти Афғонистон чор пули мошингард сохта шуда, сохтмони пули нақлиётии мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ дар арафаи анҷомёбист.    
Ҳадафи асосии таъсиси ин минтақаи озод - суръатбахшии рушди иқтисодии ноҳия, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби техника ва технологияи муосир, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, бахусус сангҳои гаронбаҳову ороишӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Мо ҳадафи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишварро тавассути ҳамаи минтақаҳо, аз ҷумла ба воситаи қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқ карда истодаем, ки ин амр, бешубҳа барои амалӣ шудани ормонҳои деринаи мардуми минтақа доир ба бунёди роҳҳои мошингарди байналмилалӣ,  нақбу пулҳо ва баромадан ба кишварҳои дигар имконият медиҳад.
Бахусус бунёди шоҳроҳҳои байналмилалии мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Ҷиргатол-Саритош, таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Бӯстон-Чанак, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар ва Чормағзак рафтуомади доимии воситаҳои нақлиётро дар тамоми фаслҳои сол аз Бадахшон то Душанбеву Хуҷанд таъмин мекунад. 
Инчунин аз ҳудуди ноҳияи шумо роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Ишкошим мегузарад, ки тавассути гузаргоҳи пули дарёи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баромада, тариқи ин пул борҳои зарурӣ содирот ва воридот карда мешаванд. Ҳоло азнавсозии роҳи Хоруғ - Ишкошим идома дошта, дар айни ҳол имконияти сохтмони роҳи байналмилалии Лангар - Саргаҳи Вахон - Покистони шимолӣ ба воситаи ағбаи Барогил омӯхта мешавад.
Бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ ба мо имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, ҳамлу нақли молу маҳсулот ва иқтидори содиротии мамлакатро афзоиш диҳем ва сатҳу сифати зиндагии мардуми  Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Бадахшонро беҳтар намоем.  
Ҳозирини мӯҳтарам!
Баъди вохӯрии мову шумо, ки ду сол муқаддам доир гардида буд, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят ва ноҳияи Ишкошим дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд.
Маҳз фазои сулҳу субот, оромиву осудагии кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пайгирии ҳадафҳои созандагӣ имкон доданд, ки мо ба хотири ободии Ватани азиз ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардумамон қадамҳои устувор гузорем.       
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат як силсила иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1», Нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ, инчунин зиёда аз 30 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар ҳудуди вилоят бунёд гардида, масъалаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-2» дар марҳалаи омӯзиш ва лоиҳакашӣ қарор дорад.    
Дар баробари бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва сохтмони шоҳроҳу пулҳои дорои аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мо дар саросари мамлакат ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пешбурди соҳаи саноат, таҷдиди корхонаҳои истеҳсолӣ, беҳсозии кори муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангиву  маърифатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем.
Ҳоло якчанд корхонаҳо бо истихроҷу коркарди саноатии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар вилоят машғул мебошанд. Вале бояд гуфт, ки истихроҷу коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ҳанӯз ҳам ба талаботи замон ҷавобгӯй нест.
Масалан, лаъли Бадахшон аз ҷумлаи ҷавоҳироти нодиру пурқимат буда, аз рӯйи ҷилову ранг ва сифати худ дар ҷаҳон машҳур аст. Ҳамчунин, барои коркарду фурӯши сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Бадахшон таъсиси корхонаҳои замонавии истихроҷ ва коркарду сайқалдиҳии ҷавоҳирот заруранд, ки ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷиро тақозо менамоянд.
Бинобар ин, ба вазоратҳои молия, саноат ва энергетика, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар ташкилотҳои марбута зарур аст, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба истихроҷ, коркард ва фурӯши сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ҳамкориро бо соҳибкорону мутахассисони дохилӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият бахшанд.  
Дар қаламрави Бадахшон захираҳои мармари рангаш гуногун тибқи пешгӯиҳо зиёда аз 15 миллиард  метри мукаабро ташкил медиҳанд. Вале имрӯз дар Бадахшон ҳамагӣ якчанд корхонаи хурди коркарди санг амал мекунаду халос.
Боигариҳои табиии ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла кони талки Мулвоҷ  ва кони мармари Лангар низ метавонанд ба рушди саноат ва оби шифобахши Гармчашма, инчунин дигар мавзеъҳои табобативу зебоманзари ноҳия ба пешрафти сайёҳиву туризми кишвар мусоидат намоянд.
Мавҷудияти захираҳои кофии мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ беҳсозии фаъолияти корхона ва сехҳои хурди коркарди меваро тақозо мекунад. ҷиҳати ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли обҳои маъданӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд, ки дар ояндаи наздик ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Итминон дорам, ки ба шарофати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ҳам дар вилояти Бадахшон ва ҳам дар ноҳияи Ишкошим рущди тиҷорат ва соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати хӯроквории ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ асосёфта, истеҳсоли маҳсулот аз ашёи хоми маҳаллӣ ва сангҳои қиматбаҳо таъмин карда мешавад.  
Бо мақсади таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ишкошим дар давоми дуюним соли охир қариб 33 миллион сомонӣ сарф шудааст, ки зиёда аз 31 миллиони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад. Мутобиқи барномаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳияи Ишкошим ҳоло чор лоиҳаи инвеститсионӣ дар самти таҷдиди соҳаи маориф, таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, инчунин лоиҳаи беҳтар намудани нигаҳдории роҳҳо амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз ду миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаи маориф, беҳсозии кори таълиму тарбия ва тарбияи кадрҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Ишкошим диққати ҷиддӣ медиҳад. Имрӯз дар ноҳия 48 мактаб ва муассисаҳои наздимактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 900 омӯзгору мураббия машғули кор мебошанд.
Ҳоло аз ноҳияи Ишкошим дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 17 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон, аз ҷумла тибқи квотаи Президент 8 нафар донишҷӯй таҳсил доранд.
Бо вуҷуди ин, дар ноҳия кам будани мутахассисони маълумоти олидор аз рӯи баъзе ихтисосҳо ба назар мерасад, ки ин масъала бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳарчи зудтар ҳал карда шавад.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки имкониятҳои мавҷудаи ноҳия доир ба рушди туризм ҳанӯз ба таври кофӣ истифода намешаванд, ҳол он ки муассисаҳои табобатӣ ва туристии Гармчашма, Ямчун, қалъаи Қаҳқаҳа ва дигар мавзеъҳои зебоманзари табииву кӯҳнавардӣ  метавонанд манбаи ҷойҳои нави корӣ ва воситаи хуби даромади аҳолӣ гарданд.       
Мову шумо бояд фаромӯш насозем, ки ин рӯзҳои нек, фазои сулҳу амонӣ ва тинҷиву осудагии кишвар бар ивази заҳмату машаққатҳои бисёр сахту сангин ба даст омадаанд. Маҳз хиради ваҳдатофариниву сулҳгароӣ, асолати созандагии мардуми шарифи Тоҷикистон ва пуштибонии самимонаи онҳо, аз ҷумла сокинони Бадахшон буд, ки мо ба Ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияту соҳибихтиёрии давлат, таҳкими сулҳу субот ва дигар ҳадафу ормонҳои наҷиби миллиамон расидем.     
Бовар дорам, ки мардуми меҳанпараст, бунёдкор ва заҳматқарини ноҳияи Ишкошим минбаъд ҳам барои расидан ба мақсадҳои олии умумимиллӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ, аз ҷумла ба таври сазовор пешвоз гирифтани 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки онро соли оянда ботантана таҷлил хоҳем кард, азму ирода ва нерӯи созандагии худро дареғ намедоранд.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ин ҷашни умумихалқии пойдории сулҳу субот дар кишвар табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, рӯзгори хушу осуда ва зиндагии пурфайзу баракат орзумандам.  
Ҳамеша саломату
сарбаланд бошед!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 606

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед