logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ, 8 июли соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Деҳаи зебою хушманзаре, ки имрӯз мову шумо дар он қарор дорем, мисли аксари шаҳру деҳоти Тоҷикистони маҳбуби мо таърихи қадими беш аз ҳазорсола дорад. Номи ин деҳа дар катибаҳои маъруфи суғдӣ, ки солҳои сиюми асри гузашта ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз қалъаи Муғ ба даст омадаанд, дар ду шакл - Вешаб ва Вешак ба мушоҳида расида, ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеи файзбори кӯҳистон далолат мекунад. Вале, ба андешаи ман, чизе, ки тӯли садсолаҳо ба ин деҳаи дурдасти кӯҳистон шӯҳрату эътибор бахшидааст, қадамгоҳи бузургон ва азизу авлиё будани он аст. Мардуми деҳоти водии Зарафшон мазори бузургвори ин деҳаро ба номи Шамси Табрезӣ нисбат медиҳанд ва асрҳост, ки дармондагону ниёзмандон ин остони муқаддасро кӯи арзи ниёз ва макони ибодату зиёрат қарор додаанд.
Дар воқеъ, шинохти аҳволу осори фарзандони фарзонаи сарзамини фарҳангхезамон моро водор месозад, ки собиқаи таърихии худро хубтару беҳтар омӯзем ва ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузорем.
Бо ин мақсад солҳои охир дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангии давлат дар кишварамон ҷашнҳои бузургдошти ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 680 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии таъсиси давлати Сомониён, 960-солагии Умари Хайём, 2700-солагии Авесто, 1025 - солагии Абӯалӣ ибни Сино, 2500 –солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри қадимаи Кӯлоб, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Одамушшуаро Рӯдакӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, Соли бузургдошти тамаддуни орёӣ ва забони тоҷикӣ баргузор шуданд, ки, бешубҳа, ғояи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии давлати навини Тоҷикистонро дар қалби пиру ҷавони мамлакат боз ҳам мустаҳкаму решадор месозанд.
Ин амр гувоҳ аст, ки давлати ҷавони мо ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳамеша арҷ мегузорад ва  ин равандро дар давлатсозиву давлатдории худ ҳамчун зербинои суннатҳои волои фарҳангсолорӣ истифода мебарад.
Яке аз он шахсиятҳои бузургу камназири олами ирфон - Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ мебошад, ки ҳанӯз шахсияташ ба таври комил шинохта нашудааст ва оқибати кору фарҷоми тақдири асрорангезаш ҳам чандон равшан нест. Вале мусаллам аст, ки маҳз нафаси гарм ва сухани нарми ӯ Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро аз тангнои хонақоҳу мадраса ба паҳнои шеъру адаби ҷаҳонгири тоҷикии форсӣ кашида, дар арсаи ҳунари шеъру шоирӣ машҳури оламиён ва маҳбуби ҳамаи давру замонҳо кард. Ин ҳақиқат ба қалами худи Мавлоно чунин тасвир ёфтааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Ин орифи фарзона дар олами ирфону адаб бо номҳои Шамсиддин, Шамсулҳақ, Шамси Табрезӣ, Шамси Паранда ва Шамси Сабзпӯш машҳур мебошад.
Баъзе таърихнигорону тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самарқандӣ гузаштагони ӯро аз Хуросон донистаанд, ки бо мақсади тиҷорат ба Табрез омада, дар ин ҷо ба таври доимӣ сукунат ихтиёр кардаанд. Шамси Табрезӣ баъд аз сайру саёҳати зиёд дар яке аз рӯзҳои соли 1244 дар шаҳри Қуния бо Ҷалолуддин мулоқот кард ва ҳамин мулоқот дар вуҷуди Мавлоно Ҷалолуддин инқилоби рӯҳоние падид овард, ки баъзе муҳаққиқон онро таваллуди дигари Ҷалолуддини Балхӣ маънидод кардаанд.
Мулоқот бо ин инсони покравишу покманиш ва орифи бузург Мавлоноро чунон шефтаву шайдои худ кард, ки ӯ худро аз хешону наздикон ва иродатмандон тамоман канор гирифта, курсии таълим ва маснади фатворо ба рақсу самоъ табдил дод.
Пайдо шудану ворид гаштани Шамс ба зиндагии Мавлоно Ҷалолуддини соҳибшӯҳрату воломартаба таҳаввулоти амиқеро дар афкору андешаи ӯ падид оварда, ӯро аз дарсгӯиву ваъзхонӣ канор бурд ва дари дунёи шеъру тарона ва рақсу самоъро ба рӯяш кушод.
Мавлоно аз ин пас ба сурудани шеър шурӯъ кард ва ашъори ӯ тобеи табъи латифи Шамси Табрезӣ ва ҳамнавои қалби ошиқони ишқи абадият гардид.
Бори дуввум Мавлоно бо Шамси Табрезӣ муддати шаш моҳ дар ҳуҷраи мадрасае, ки дар он ҷо пеш аз мулоқот бо ин орифи комил мударрисӣ мекард, бо ҳам сӯҳбат доштанд.
Аҳли Қуния аз чунин сурат гирифтани ҳодиса ба шӯр омаданд ва дар ҳаққи Шамси Табрезӣ бадгӯиҳо карда, ӯро соҳиру афсунгар эълон намуданд, ки Мавлоноро сеҳру ҷоду кардааст.
Мегӯянд, ки Шамси Табрезӣ баъд аз ин моҷаро ба Султон Валад –фарзанди калони Мавлоно изҳор намуд, ки чунон ғайб хоҳад зад, то ҳеҷ кас асари ӯро наёбад ва ногаҳон ғайб зад.
Мавлоно баъд аз ин воқеа бо маслиҳати дӯстон ба суроғи Шамси Табрезӣ ба Димишқ рафт, вале асаре аз ӯ пайдо накарда, ба Қуния баргашт.
Мавлоно ду сол Шамси Табрезиро ҷустуҷӯ кард. Вале ҳар куҷо суроғи ӯро гирифт, нишоне  ва асаре пайдо накард. Вале бояд гуфт, ки то ба имрӯз оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки мегӯянд ногаҳон аз Қуния ғайб зад, дақиқан муайян нашудааст.
Дар кишварҳои Туркияву Эрон барои ин орифи бузург гӯрхона таъин кардаанд, ки мардум барои зиёрат ба ин шаҳрҳо мераванд. Мардуми ин водии кӯҳистони Тоҷикистон бошанд, гӯрхонаи Шамси Табрезиро ба ҳамин деҳаи Вешаб эҳтимол медиҳанд.
Шоистаи зикр аст, ки шахсиятҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла бунёдгузори давлати Темуриёни ҳинд - Мирзо Бобур,  шоҳи Афғонистон - Абдурраҳмонхон  ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои гуногун мазори ба истилоҳ Шамси Табрезии ин деҳаро зиёрат кардаанд ва аз файзи раҳмати ин остони муқаддас баҳраманд шудаанд.
Амирони Бухоро низ ба ин мазор таваҷҷӯҳ доштаанд, аз ҷумла бо фармони амир Насруллоҳ дар болои гӯрхонаи ин бузургвор хонақоҳ сохтаанд, ки Абдураҳмони Мустаҷир бунёди онро дар соли 1842 эҳтимол додааст.
Бисёр рамзист, ки мувофиқи нақлу ривоятҳои мардумӣ дар ҳамин хонақоҳ то айёми Инқилоби Октябр «Куллиёти Шамси Табрезӣ» - маъруф ба «Девони Кабир»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ нигаҳдорӣ мешуд, ки бар асари китобсӯзиҳои даврони инқилоб эҳтимол аз байн рафтааст.
Дӯстони азиз!
Миллатҳои соҳибтамаддуни бостоние, ки дар тӯли садсолаҳо ранҷи истибдоди бегонагонро таҳаммул кардаанд, чун ба истиқлол мерасанд, пеш аз ҳама бо шӯру шавқ саҳифаҳои дурахшони таъриху фарҳанги худро варақгардон намуда, кӯшиш мекунанд, ки суннату анъанаҳои  миллии худро дубора зинда созанд ва саҳми гузоштаи худро дар пешрафти тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳанд.
Миллати тамаддунофару шарафманди мо низ дар пешрафти тамаддуни башарӣ, бахусус тамаддуни исломӣ саҳми сазовору ҷовидона дорад, ки дар ин амри хайр, бешубҳа, бузургону донишмандони миллат нақши меҳварӣ доранд.
Аз ин рӯ, мо аз оғози даврони истиқлолият, бахусус пас аз анҷоми ҷанги таҳмилии дохилӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки чанд рӯз пештар сездаҳумин солгарди онро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ботантана таҷлил намудем, арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарду зодрӯзи шахсиятҳои таърихию бузургони илму ирфону адаб ва дар ҳамин замина бедор намудани рӯҳи худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишварро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар қарор додем.
Дар шароити таҳдиди ошкорои бӯҳрони маънавӣ ва афзоиши фишори фарҳангӣ мо беш аз пеш ба панду насиҳати бузургони адаби худ ниёз дорем. Бештари андешаҳои пурҳикмати Шамси Табрезӣ низ дар рӯзгори мо қобили омӯзишу пайравӣ мебошанд.
Шамси Табрезӣ инсониятро тоҷи офариниш шинохта, бузургдошти ӯро таъкид менамояд, ки ин ҳақиқат аз суханони зерини ӯ баръало ба мушоҳида мерасад:  «Каъба дар миёни олам аст... аҳли олам ҷумла рӯ ба ӯ кунанд, чу ин Каъбаро бардорӣ, саҷдаи эшон ба сӯи ҳамдигар бошад».
Имрӯз афроди тундраве ҳастанд, ки огоҳона ё бар асари дуруст нашинохтани асолати миллӣ ва динии мо мехоҳанд мардуми мусулмонро дар хоби ғафлат ва таҳти таъсири афкори хурофотӣ нигоҳ дошта, бо суиистифода аз сатҳи начандон баланди маърифати диниву маънавии як қисми мусулмонон майдони фаъолияти худро густариш диҳанд ва дар зери ниқоби дин ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Агар равшантар ифода намоем, ин нерӯҳо мехоҳанд, ки динро чун саҳнаи бозиҳои сиёсӣ истифода намуда, пойдории сулҳу субот, бақои ваҳдати миллӣ, ҳаёти осоиштаи мардум, амнияти ҷомеа ва ҳифзи тартиботро халалдор созанд.            
Аз ин лиҳоз, олимон ва мусулмонони кишварро зарур аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолиятро беш аз ҳарвақта ҳифзу пуштибонӣ намуда, бо кору пайкори созандагӣ, рисолати неки ояндасозӣ, аъмоли солеҳу ахлоқи ҳамида ҳақро аз ботил шиносанд, ситезаҷӯиву тундгароиро маҳкум намоянд, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд ва ватандӯстиву ватанпарастиро воҷиботи имониву қарзи инсонии худ қарор диҳанд.   
Гузашта аз ин, олимони моро зарур аст, ки дар муаррифӣ ва нашри осори гаронқадри ин бузургони миллат камари ҳиммат баста, осори пандомӯзу ибратбахши онҳоро дастраси мардум намоянд.
Албатта, бе таҳқиқи ҷиддии илмӣ дар бораи зодгоҳу оромгоҳи бузургону орифони пешин ҳукми қотеъона баровардан душвор аст, вале эътиқоду иродат ва муҳаббату самимияти мардум бегумон бодбони киштии умеду ормонҳост, ки дар баҳри тӯфонхези рӯзгор онро ба соҳили мурод ва дарки ҳақиқат мерасонад.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як масъалаи муҳимро, ки борҳо таъкид карда будам, хотиррасон намоям. Мо пайравони яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини дини ислом - ҳанафия ҳастем, ки бунёдгузори он фарзанди бузурги миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад.
Шумо хуб медонед, ки мазҳаби мо бо фарҳанги муросову мадоро ва таҳаммулгароии худ маъруф аст. Яъне мо дар ин масъала ду ифтихор дорем: якум, ин ки асосгузори мазҳабамон парвардаи миллати худамон аст ва дуюм, ин ки ин фалсафа ва ҷаҳонбинии сулҳу таҳаммул қобили қабули тамоми инсонияти солимфикру хайрхоҳ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба мо ҳам қарзу ҳам фарз аст, ки аз таълимоти ҷовидонаи бузургони гузаштаамон, аз ҷумла Имоми Аъзам барои таҳкими сулҳу суботи кишварамон, муҳаббату ҳамдигарфаҳмии мардуми шарифамон ва тинҷиву ободии Ватани азизамон ба ҳадди аъзам истифода намоем.
Дар охир ба расми маъруфи ин мардум ба ризоияти Худои мутаол, ба рӯҳи поки Муҳаммади Мустафо, ҷамеи анбиёву авлиё, ба рӯҳи пурфутӯҳи Имоми Аъзам, хусусан ба рӯҳонияти ҳамин зоти поки бобаракот - Мавлоно Шамси Сабзпӯши Табрезии ҳоҷатбарор ва шогирди эшон Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ба рӯҳонияти ҳамаи гузаштагони ҳамин манзилу макон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи Худои меҳрубон аз дилу ҷон ободиву шукуфоии ҳарчи бештари Тоҷикистони азизамонро талаб дорем.
Тандурусту хонаободу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1008

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед