logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаб дар деҳаи Наймани шаҳри Истаравшан, 9 июли соли 2010

Омӯзгорон ва падару модарони  мӯҳтарам!
Фарзандони азиз!

Боиси хушҳолист, ки аз баракати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот кӯшишу ғайрати мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо барои ободониву шукуфоии Ватани азизамон рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодааст.
Ва имрӯз дар доираи чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ мавриди истифода қарор гирифтани мактаби наву замонавӣ ва хуштарҳу зебо, ки мо дар он қарор дорем, гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.
Бинобар ин, ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи боз як бинои мактаби нав дар диёри илму адабпарвари Истаравшан самимона табрик мегӯям.
Дар воқеъ, мактаб махзани муқаддаси омӯзиши илму маърифат ва маркази таълиму тарбия буда, барои ташаккул ёфтани ақлу зеҳн, бедории фикрӣ, шинохти шахсият, одоби ҳамидаву шоистаи насли наврас заминаи боэътимоду асосӣ мебошад. Ва омӯзгорону кормандони соҳаи маориф раҳнамову раҳкушои толибилмон буда, бо нури заковати худ ба онҳо маърифат меомӯзанд.   Бинобар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат рушди пайгиронаи соҳаи маориф мебошад, ки дар натиҷаи татбиқи он солҳои охир сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон торафт беҳбудӣ ёфта истодааст.
Мову шумо хуб медонем, ки пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, пеш аз ҳама, тавассути соҳаи маориф амалӣ мегардад ва ҳадафи асосиву рӯзмарраи низоми маорифи кишвар низ тарбия ва таълими шахсияти фаъолу созанда мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи давлату ҳукумат фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, бо асбобу анҷоми хониш ва воситаҳои муосири техникиву технологии компютерӣ ва иттилоотӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилот мебошад.
Бо дарназардошти ин ҳадаф, ки ба пешрафту рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии давлат таъсири ҷиддӣ мерасонад, бояд ҳар як фарди баору номус, равшанфикру маорифпарвар, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст барои рушди пайгиронаи соҳаи маориф саъю талош намояд ва саҳми арзандаи худро барои ободиву шукуфоии ин сарзамин гузорад. 
Дар натиҷаи таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳоло дар баробари тамоми минтақаҳои кишварамон дар қаламрави вилояти Суғд  низ сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ тадриҷан вусъат меёбад. Аз ҷумла, дар давоми панҷ соли охир фақат аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар шаҳри Истаравшан чандин мактабҳои нав бунёд гардида, даҳҳо мактаб таҷдиду таъмири асосӣ ва боз даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода супурда шуданд. Илова бар ин, дар давоми панҷ соли охир барои таъминоти мактабҳои ноҳия  340 ҳазор нусха  китобҳои дарсӣ ва 850 компютер харидорӣ гардид, ки ҳамаи ин тадбирҳо, бешубҳа, барои беҳтар шудани шароити таълимӣ мусоидат менамоянд. 
Дар айни ҳол дар шаҳри Истаравшан сохтмони се мактаби нав, таъмиру таҷдиди 8 мактаб идома дошта,  дар давоми 4 соли оянда барои беҳтар намудани шароити таълим боз бунёди 4 мактаби дигар дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Истаравшан 68 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунад, ки  дар онҳо қариб 50 ҳазор нафар толибилм асосҳои илмҳои замонавиро азбар менамояд. Ба ин теъдод хонандагон 2600 нафар омӯзгор таълим медиҳад, ки қариб 50 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. 
Илова ба дастгириву ғамхориҳои давлат, имрӯз мо шоҳиди ба истифода додани боз як мактаби наву зебо ва хуштарҳу замонавӣ мебошем, ки бо ташаббуси роҳбарони хоҷагии деҳқонии «Бобо Аюбҷон» ва бо заҳмати аҳлонаи сокинони деҳаи Наймани шаҳри Истаравшан бунёд шудааст. Он дорои 11 синфхона, китобхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ буда, барои 330 хонанда пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки бинои муассисаи таълимии мазкур дар муддати 4 моҳ бо маблағи хоҷагии деҳқонӣ ва соҳибкорони деҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин амали хайру савоб, албатта, боиси дастгирӣ буда, он барои  идома пайдо кардани бунёду сохтмони мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ намунаи ибрат аст. Қобили зикри махсус аст, ки ин амали нек дар шаҳри Истаравшан аллакай ба ҳукми анъана даромадааст.
Қаблан аз ҷониби Ширкати «Оби Зулол» ва соҳибкор ҳоҷӣ Абдухолиқ Мӯъминов ду мактаби замонавӣ барои 660 ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шуда буд. Инчунин бародарон Юсуфовҳо аз ҳисоби маблағҳои оилавии худ бинои дуошёнаи Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо арзиши зиёда аз як миллион сомонӣ сохта, ба истифода супурданд. Аз ин рӯ, ба ҳамаи онҳое, ки барои бунёди мактаби имрӯза ва дигар муассисаҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ ташаббус кардаанд, инчунин онҳое, ки дар амалӣ шудани ин амали хайр, яъне сохтмони онҳо заҳмат кашидаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Хоҷагии деҳқоние, ки ин мактабро сохтааст, инчунин тасмим гирифтааст, ки боз ду устохонаи таълимӣ ва толори варзиширо сохта, ба истифода диҳад. Ба ин нияти нек низ кушоиш мехоҳам.
Ба истифода додани бинои нави мактаб тӯҳфаи арзанда дар арафаи соли хониши 2010 - 2011 мебошад, ки минбаъд хонандагон дар мактаби деҳаи худ таълим мегиранд, зеро солҳои пеш қариб ду соат вақти хешро барои рафтуомад ба мактаби деҳаи ҳамсоя сарф мекарданд. Албатта, онҳо ин вақти сарфашударо ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш сарф мекунанд ва дониши худро такмил медиҳанд. 
Дар баробари ин, мехоҳам ба шумо-хонандагони азиз, муроҷиат карда, таъкид намоям, ки бояд ба қадри ин заҳмати падару модарони худ расед ва дар оянда барои давлату халқи худ хизмати шоиста намоед. Аз ин рӯ, вазифаи ҷониву ҳаррӯзаи шумо аз хондани китобҳои дарсиву бадеӣ, азхуд кардани донишҳои замонавӣ ва техникаву технологияи муосир, инчунин дӯст доштану муқаддас донистани Ватани азизамон-Тоҷикистон иборат аст.  Зеро ояндаи неки ин сарзамин ва ободу зебо гардонидани он низ ба зиммаи шумо гузошта хоҳад шуд. 
Чунонки шумо хабар доред, ҳамагӣ чанд рӯз пештар мо дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе филиали яке аз таълимгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ-Донишгоҳи давлатии Москваро, ки ба тамоми меъёрҳои муосири байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, ба истифода супурдем. Ҳамчунин ният дорем, ки дар вақтҳои наздиктарин филиалҳои боз ду донишгоҳи бонуфузи Русия ва Украинаро таъсис диҳем. Ҳамаи ин ғамхориҳо барои шумо-наврасон мебошад ва ҳар кадоми шумо низ, агар мактабро бо баҳои аъло хатм кунед, метавонед ба ин мактабҳои олӣ дохил шуда, маълумоти олӣ гиред ва мутахассиси баландихтисос шавед.
Бояд гуфт, ки аз қадимулайём  шаҳри Истаравшан ҳамчун шаҳри устоҳои забардасту моҳир  дар тамоми Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон ном баровардааст. Дар Истаравшани қадим ҳар як гузар бо устоҳои моҳири худ ва гузарҳо низ бо номи касбҳо, ба монанди кордгарону чармгарон ва читгарону оҳангарон машҳур гардида буд. Имрӯз низ сокинони заҳматписанду меҳмоннавози Истаравшани бостонӣ бо меҳнати ҳалолу софдилонаи худ дар кишварамон ва берун аз он соҳиби иззату обрӯи хоса ҳастанд ва давомдиҳангони бошарафи касбу ҳунарҳои аҷдодии худ мебошанд. Ҳаминро ба назар гирифта, мо чанд сол пеш аввалин Коллеҷи ҳунарҳои мардумиро маҳз дар шаҳри  бостонии Истаравшан таъсис додем.
Итминони комил дорам, ки шумо-хонандагони азиз дар баробари омӯхтани илму дониш, инчунин аз ҳунарҳои нафиси аҷдодамон, ки то ҳанӯз ба шарофати коргоҳҳои гуногун дар шаҳри Истаравшан мавҷуданд, касбу ҳунари падару бобоёни худро низ фаро гирифта, дар оянда барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистон ва баланд бардоштани шӯҳрати он саҳми арзанда мегузоред. 
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати ифтитоҳи бинои нави мактаб табрик гуфта, бароятон дар ин давраи тобистон истироҳати хуб ва дар соли хониши нав таҳсили аъло орзумандам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 625

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед