logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 11, мод. 539; с. 2003, № 4, мод. 146; № 8, мод. 461; с. 2004, № 2, мод. 50; № 7, мод. 464; с. 2005, № 3, мод. 117; с. 2006, № 11, мод. 467; с. 2007, № 7, мод. 659) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми шашуми моддаи 1 калимаҳои «Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании» ба калимаҳои «Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати», калимаҳои «қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла мақомоти идоракунии идораҳои мазкур),» ба калимаҳои «(аз он ҷумла мақомоти идоракунии он),» калимаҳои «Вазорати амнияти» ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии» ва калимаҳои «Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои» ба калимаҳои «Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 7:
- дар қисми сеюм калимаҳои «Вазорати амнияти» ва «вазорати» мутаносибан ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии» ва «Кумитаи давлатии» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «ва мақомоти полиси андоз» хориҷ карда шаванд.
3. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 9 калимаҳои «Вазорати амнияти» ва «вазорати» мутаносибан ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии» ва «Кумитаи давлатии» иваз карда шаванд.
4. Дар банди е) қисми дуюми моддаи 21, банди м) қисми якуми моддаи 45, банди б) қисми дуюми моддаи 49 ва қисми чоруми моддаи 50 калимаҳои «полиси андоз,» хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми ҳаштуми моддаи 39 калимаҳои «мақомоти полиси андоз,» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон          Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010,
№ 609


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                          Ш.  ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2010,
№ 128

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                  М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 июли соли 2010,  № 50


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1058

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед