logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007  «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 5, мод. 363; с. 2008, № 3, мод. 202) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 21:
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «3. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллиро, ки фаъолияти онҳо мувофиқи оинномаҳояшон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.»;
 - қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои   зерин мебошад:
 - санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри  Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда,  иттиҳодияҳои  ҷамъиятии  байналмилалии  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
 - санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии намояндагӣ  ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии дар ҳудуди шаҳри  Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда,  инчунин қайди баҳисобгирии онҳо;
 - додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии  иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
 - додани нусха аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- пешбурди қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва тартиби  қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
 - иҷрои дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.»;
- қисми 4  қисми 5 ҳисобида, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«5. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои  ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҷойгирбударо раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо анҷом медиҳанд.»;
- қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6. Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ва  вилоятҳо бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои  ҷамъиятии  дар ҳудуди вилоят  воқеъбуда;
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои намояндагӣ  ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ;
  - додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии  иттиҳодияи  ҷамъиятӣ;
 - додани нусха аз Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ (вобаста ба ҳудуди дахлдор);
  - пешбурди Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои  ҷамъиятии ҳудудҳои дахлдор;
  - ҳар моҳ пешниҳод намудани маълумот ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳо;
- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур.»;
- қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 мутаносибан қисмҳои 7, 8, 9 ва 10 ҳисобида шаванд.
2. Моддаи 211 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 211. Додани нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Дар сурати  гум  кардан  ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақоми бақайдгиранда дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро  медиҳад.».
3. Дар моддаи 22:
- дар қисми 1 калимаҳои «иттиҳодияи ҷамъиятӣ» ба калимаҳои «иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда» иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3. Барои қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) аризаи  иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё  филиали он;
2) нусхаи   аз  тарафи  нотариуси  давлатӣ  тасдиқшудаи  ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки намояндагӣ ё филиал таъсис медиҳад;
3) қарори иттиҳодияи ҷамъиятӣ:
а) дар бораи таъсиси филиал ё намояндагӣ;
б) дар бораи тасдиқи Низомнома;
в) дар бораи таъин намудани роҳбари намояндагӣ ё филиал;
4) Низомномаи намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
 5) ваколатнома,  ки ба роҳбари намояндагӣ ё филиали  иттиҳодияи ҷамъиятӣ дода шудааст;
6) ҳуҷҷати  тасдиқкунандаи  маҳалли  ҷойгиршавии   намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
7) квитансия ё нусхаи супориши пардохтӣ дар  бораи  пардохти  боҷи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.»;
- қисмҳои 4-6 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«4. Маълумот дар бораи намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид карда мешавад.
5. Қайди  баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми 10 рӯз аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршуда анҷом ёфта, ба намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ иқтибос аз қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дода мешавад.
6. Тағйирот ба ҳуҷҷатҳои намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мӯҳлате, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ворид  карда мешавад.».
4. Аз сархати сеюми қисми 1 моддаи 23 калимаҳои «дар худи ҳамон ҳудуди марзиву маъмурӣ,» хориҷ карда шаванд.
5. Қисми 3 моддаи 33 хориҷ карда шавад.
6. Моддаи 331 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 331. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Мақомоте, ки дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қарор қабул намудааст,  вазифадор аст дар бораи қабули чунин қарор бетаъхир ба мақоми бақайдгиранда хабар диҳад.
2. Мақоми бақайдгиранда қарорро дар бораи барҳамдиҳии  иттиҳодияи ҷамъиятӣ гирифта,  риоя  гардидани қоидаҳои барҳамдиҳиро месанҷад ва вобаста ба натиҷаи санҷиш ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар хусуси дар  ҷараёни  барҳамдиҳӣ  қарор  доштани  иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид менамояд.
3. Мақомоте, ки дар бораи барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ қарор қабул кардааст,  ба мақоми дахлдори бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза;
- нусхаи қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- нусхаҳои  аслии  ҳуҷҷатҳои  таъсисӣ,   Шаҳодатнома   дар   бораи бақайдгирии  давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- ҳуҷҷат аз мақомоти андоз оид ба қарздор набудани иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз буҷет.
4. Мақоми бақайдгиранда  дар  муддати  даҳ  рӯз  аз  лаҳзаи  ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ вазифадор аст:
 - риоя шудани тартиби барҳамдиҳиро санҷад;
 - ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид намояд;
 - аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нусха диҳад.
  5. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ, намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз рӯзи ба Феҳристи ягонаи давлатии  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид намудани маълумоти дахлдор барҳамхӯрда ба ҳисоб мераванд.».
7. Ба моддаи 39 қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«8. Тартиб ва мӯҳлатҳои анҷом додани қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ  мутобиқи моддаи 22 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
 Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти
  Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ  РАҲМОН

  ш. Душанбе, 21 июли соли 2010, № 621


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии
Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 майи соли 2010, № 74


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 июли соли 2010, № 51


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1580

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед