logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 688, 689;   с. 2005, № 12,  мод. 629; с. 2006, № 7, мод. 341, № 12, мод. 543; с. 2007, № 3, мод. 172, № 7, мод. 668; с. 2008, № 3, мод. 195, № 6, мод. 455; с. 2009, № 3, мод. 86, № 5, мод. 332, № 12, мод. 823) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 6) қисми 11 моддаи 2 калимаи «андоз» ба калимаи «андозҳо» иваз карда шавад.
2. Дар банди 7) қисми 1 моддаи 6 калимаи «андоз» ба калимаи «андозҳо» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 34 қисми 59 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«59. Кашфи тиҷоратӣ – ин захираҳои навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар доираи ҳудуди муқаррарнамудаи иҷозатнома кашф шуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва барои истихроҷ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошанд.».
4. Дар номи фасли XI калимаҳои «АНДОЗ» ба калимаҳои «АНДОЗҲО» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 272:
- дар қисми 1 пас аз калимаҳои «заминро, ки» калимаҳои «бонусҳо (обунавӣ, кашфи тиҷоратӣ) ва» илова карда шаванд;
- дар қисми 3 пас аз калимаҳои «Тамоми намудҳои» калимаҳои «бонусҳо ва» илова карда шаванд.
 6. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 274 калимаҳои «меъёрҳои баландтарине» ба калимаи «меъёрҳое» иваз карда шаванд.
7. Ба Фасли  XI боби 371 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«БОБИ 371. БОНУСҲО
Моддаи 2791. Муқаррароти умумӣ оид ба бонусҳо
1. Бонусҳо пардохтҳои яккаратаи пулӣ барои истифодабарандагони қаъри замин мебошанд.
2. Истифодабарандагони қаъри замин намудҳои зерини бонусро пардохт менамоянд:
1) бонуси обунавӣ;
2) бонуси кашфи тиҷоратӣ.
3. Бонусҳо аз ҳамаи истифодабарандагони қаъри замин ситонида мешаванд, ба истиснои онҳое, ки корҳои омӯзиши геологии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро анҷом медиҳанд.
Моддаи 2792. Бонуси обунавӣ
1. Бонуси обунавӣ пардохти яккаратаи пулӣ барои муайян гардидан ба сифати истифодабарандаи қаъри замин дар ҳудуди муқаррарнамудаи иҷозатнома мебошад.
2. Меъёр ва (ё) андозаи бонуси обунавӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи қаъри замин дарҷ карда мешавад.

Моддаи 2793. Мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ ва пешниҳод  кардани эъломияи андоз
1. Бонуси обунавӣ дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи қарордоди истифодаи қаъри замин пардохта мешавад.
2. Эъломия оид ба бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар мӯҳлати на дертар аз санаи 15 моҳи баъди моҳи фарорасии мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 2794. Бонуси кашфи  тиҷоратӣ
1. Бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохти яккаратаи пулӣ барои ҳар як кашфи тиҷоратӣ ҳангоми анҷом додани корҳои омӯзиши геологӣ ва корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои истихроҷшаванда мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр  шудаанд.
2. Бонуси кашфи тиҷоратӣ барои кашфи захираҳои канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷи минбаъдаи онҳо бинобар аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок набудан пешбинӣ намегардад, муқаррар карда намешавад.
3. Меъёр ва (ё) андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи қаъри замин дарҷ карда мешавад.
Моддаи 2795. Мӯҳлати пешниҳод кардани эъломияи андоз ва пардохти бонуси кашфи  тиҷоратӣ 
Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии  худ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи тасдиқ шудани кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардида, бонуси кашфи тиҷоратӣ на дертар аз ҳамин мӯҳлат пардохта мешавад.».
8. Қисмҳои 2 ва 3 моддаи 289 хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 291:
- банди 3) қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«3. Меъёрҳои роялти барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
4. Меъёрҳои роялти барои канданиҳои фоиданок, ба истиснои дар қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- дар қисми 6 калимаҳои «тибқи як қарордод» ва калимаҳои «муқарраргардида ва» хориҷ карда шаванд.».
10. Дар қисми 2 моддаи 293 калимаҳои «маҳалли баҳисобгирии худ» ба калимаҳои «маҳалли ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 294:
- дар қисми 1 калимаҳои «канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «пурра» ба калимаи «тамоман» иваз карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад.
12. Дар моддаи 295:
- дар қисми 1 калимаҳои «ба қарордод» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «дар қарордод» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «дар қарордоди истифодаи қаъри замин» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «мӯҳлати пардохти роялти, ки қарордоди истифодаи қаъри замин дар шакли пулӣ супоридани роялтиро  муқаррар намудааст,» ба калимаҳои «мӯҳлати муқаррарнамудаи пардохти роялти дар шакли пулӣ» иваз карда шуда, калимаҳои «мувофиқи шартҳои қарордод» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои «мӯҳлати муқаррарнамудаи қарордод» ба калимаҳои «мӯҳлати муқаррарнамуда» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
                            
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010, № 627


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 2 июни соли 2010, № 92


Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 8 июли соли 2010, № 57


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1033

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед