logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Парки технологӣ

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Парки технологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти онро муайян  менамояд ва барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ нигаронида шудааст.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- барнома ва лоиҳаи инноватсионӣ - маҳсули нерӯи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои ғояҳои нав буда, бо мақсади татбиқу рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияи муосир таҳия мегарданд; 
- парки технологӣ – шахси ҳуқуқӣ ё консорсиум, ки ба маҷмӯи ягонаи моддию техникӣ ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад ва фаъолияти асосии он пешниҳод ва иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ буда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ заруранд;
- бизнес-инкубатор – шахси ҳуқуқӣ, ки барои дастгирии субъектҳои хурди соҳибкорӣ дар марҳилаи ташакули рушди онҳо бо роҳи пешниҳод намудани биноҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, хизматрасонии ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, машваратӣ ва иттилоотӣ ташкил карда мешавад;
- инфрасохтори Парки технологӣ - маҷмӯи биноҳои идоравӣ, иншооти истеҳсолӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва иҷтимоии дар ҳудуди Парк ҷойгирбуда, ки аз он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода менамоянд;
- натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти илмӣ – натиҷаи таҳқиқоти илмие, ки онро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан имконпазир аст.
Моддаи 2.  Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  Парки  технологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи  Парки технологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Таъсис ва фаъолияти  Парки технологӣ
 1. Парки технологӣ (минбаъд-Парк) шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи  самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи  истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ  ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд.
2. Дар ҳудуди Парк ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои лоиҳакашию конструкторӣ, биноҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин биноҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо ба мақсади истифода аз технологияи аълосифат ва амалӣ гардонидани барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ муттаҳид карда мешаванд.
3.  Парк  метавонад  аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, як ё якчанд муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои саноатии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода шуда, барои  амалӣ намудани мақсадҳои худ ҳамкориро байни онҳо ба роҳ монад.
4. Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк  муайян гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.  
Моддаи 4.  Шаклҳои  Парк
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парк дар шаклҳои зерин  таъсис дода мешавад:
- Парки инноватсионию технологӣ;
- Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ);
- Технополис;
- Инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор).
2.  Парки инноватсионию технологӣ  яке аз намудҳои  Парк буда, барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи аълосифат ва рушди муассисаҳои истеҳсолии инноватсионии хурд ва миёна хидмат менамояд.
3. Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ)  яке аз намудҳои Парк мебошад, ки илмро бо истеҳсолот якҷоя намуда,  метавонад бо як ё якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ё дар алоҳидагӣ барои рушди истеҳсолот фаъолият намояд. Дар муқоиса бо  дигар намудҳои Парк, ба он бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои зиёди илмталаб кадрҳои баландихтисос ҷалб карда мешаванд.
4. Технополис - ҳудуде мебошад, ки дар он муассисаҳои инноватсионии хурд ва миёнаи ташкилотҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ё дар алоҳидагӣ  таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.
5. Инкубатори технологӣ (бизнес-инкубатор)   муассисаест, ки аз тарафи давлат барои рушди тиҷорати хурду миёна маблағгузорӣ гардида, барои  ба истеҳсолот ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст.
Моддаи 5. Мақсадҳои таъсиси  Парк
 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парк бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
- рушди имкониятҳои  илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- татбиқи  барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
- ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосири илмталаб;
- таҳкими  заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология;
- муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот;
- ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот;
- рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна;
-  ташкили ҷойҳои нави корӣ;
- дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;
- ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ. 
Моддаи 6. Вазифаҳои асосии  Парк
Вазифаҳои асосии  Парк аз инҳо иборат мебошад:
- ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба  истеҳсолот;
- ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани  технологияи  аълосифат дар истеҳсолот;
- омӯзиш ва истифодаи технологияи  аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад;
- такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ.
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти  Парк
 Парк дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:
- ҷорӣ намудани технологияи  аълосифат вобаста ба талаботи бозор;
- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои ҳамгироии илмҳои амалӣ ва истеҳсолот мусоидат менамоянд;
 - фароҳам овардани шароит  барои таҳия намудани махзани маълумот ҷиҳати пешбурди фаъолияти инноватсионӣ ва хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- омӯзиши технологияҳои муосири илмталаби хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадами лоиҳаҳои инноватсионии хориҷӣ ба хотири ҷалби технологияи нав ба истеҳсолот;
- фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори  Парк ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
 - бо сифати баланд анҷом додани таҷриба,  ташхис ва дигар корҳои илмию технологӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмини татбиқи онҳо;
 - фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва афзун гардонидани буҷети онҳо;
- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳибкории хурду миёна;
-  истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;
 - тайёр намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар барои фаъолияти инноватсионӣ ва татбиқи барномаҳои инноватсионию технологӣ;
-таълими мақсадноки мутахассисон барои татбиқи барнома оид ба лоиҳаҳои инноватсионӣ.
Моддаи 8. Бақайдгирии давлатии  Парк
1.  Парк бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Парк аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад.
3. Парк бе маҳдуд намудани мӯҳлати фаъолияти он таъсис дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.
Моддаи 9. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии  Парк
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Парк тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 10.Назорати фаъолияти  Парк
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати фаъолияти  Паркро мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати масъалаҳои назорати фаъолияти Парк қарор қабул менамояд ва оид ба фаъолияти онҳо тавсияҳои методӣ пешниҳод мекунад.
Моддаи 11. Анҷом додани  ташхис
1.  Парк бо тартиби ихтиёрӣ дар доираи салоҳияти худ вобаста ба мувофиқати соҳаи илмию истеҳсолӣ ба технологияи инноватсионӣ ташхиси барнома ва лоиҳаҳои инноватсиониро анҷом медиҳад.
 2. Тартиби аз ҷониби  Парк анҷом додани  ташхиси барнома ва лоиҳаҳои инноватсиониро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.
Моддаи 12. Ҳамкории  Парк бо дигар иштирокчиёни соҳаи   илм ва технологияи инноватсионӣ
1.  Парк бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки таҳқиқоти илмӣ, истеҳсолӣ ва инноватсионӣ мегузаронанд, ҳамкориро ба роҳ мемонад ё таҳқиқот ва ё лоиҳаи илмии онҳоро амалӣ мегардонад.
2. Парк бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади татбиқи барномаю лоиҳаҳои инноватсионӣ шартнома мебандад.
Моддаи 13. Ҳамкории байналмилалӣ
1. Парк бо ташкилотҳои байналмилалии илмӣ, инноватсионӣ ва технологӣ ҳамкорӣ намуда, метавонад дар татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионии давлатҳои хориҷӣ иштирок намояд.
2.  Ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба фаъолияти Парк мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода мешавад. 
3. Парк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, дарёфти грантҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ    ба институтҳои молиявии байналмилалӣ доир ба амалигардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва ворид кардани  технологияи  аълосифат  лоиҳаҳо пешниҳод менамояд.
Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти    Ҷумҳурии   Тоҷикистон                                                Эмомалӣ    РАҲМОН                                                    

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010, №  629


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2010, № 111


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Парки технологӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Парки технологӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 июли соли 2010, № 59


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1100

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед