logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 “Дар бораи маориф” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,         с. 2004, №5, мод. 345; с. 2005, №12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546;           с. 2008, №6, мод. 465; с. 2009, №3, мод. 81, №5, мод. 336, №7-8, мод. 500) тағйиру иловаҳои зерин  ворид карда шаванд: 
1. Дар моддаи 17:
- дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои “зинаи таълим” калимаҳои “Қонуни мазкур ва” илова карда шаванд;
 - дар қисми чорум калимаи “ҳафтсола” ба калимаи “шашсола” иваз карда шавад;
- дар қисми шашум калимаи “(нӯҳсола)” ба калимаи “(даҳсола)” иваз карда, калимаҳои “то синни 16-солагӣ” хориҷ карда шаванд. 
2. Дар моддаи 24:
  а) дар қисми дуюм:  
- дар сархати якум рақами “9”  ба рақами “10” иваз карда шавад;      
- дар сархати дуюм рақамҳои  “11 (12)” ба рақамҳои  “12 (13)” иваз карда шаванд;
б) дар қисмҳои шашум ва ҳафтум  рақами “9” ба рақами “10” иваз карда шавад;
 в) дар қисмҳои шашум ва ҳафтум рақамҳои “10, 11, (12)” ба рақамҳои “11, 12  (13)” иваз карда шаванд; 
г) дар қисми ҳафтум рақамҳои “11 (12) ” ба рақамҳои   “12 (13)” иваз карда шаванд;
д) дар қисми ҳаштум  рақамҳои “(1-9) ” ба рақамҳои “(1-10)” иваз карда шаванд.      
3. Дар сархати понздаҳуми моддаи 29 пеш аз калимаҳои “миёнаи касбӣ” калимаҳои “ибтидоии касбӣ,”  илова  карда  шаванд.
4. Дар сархатҳои  якум ва дуюми моддаи 30 пеш аз калимаҳои “миёнаи касбӣ”  калимаҳои “ ибтидоии касбӣ,” илова карда  шаванд. 
Моддаи 2. Сархати сеюми қисми 1, сархати якуми банди а) ва бандҳои б) ва д)  қисми 2 аз 1 сентябри соли 2011, сархати  дуюми  қисми 1 аз  1 сентябри   соли  2014,  сархати  дуюми банди а), бандҳои в) ва г) қисми 2 аз 1 сентябри соли 2016  ва сархати якуми қисми 1, қисмҳои  3 ва 4  моддаи 1 Қонуни мазкур  пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд. 

  Президенти  Ҷумҳурии
 Тоҷикистон                                         Эмомалӣ   РАҲМОН

  ш. Душанбе, 21 июли соли 2010, № 634

Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 28 апрели соли 2010, № 63


Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 8 июли соли 2010, № 64


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 862

23.10.2019


Тоҷикистон ба рейтинги ҷаҳонии беҳтарин ҷойҳои саёҳат дар соли 2020 ворид шуд

Дар майдони ҳарб машқҳои СААД «Бародарии шикастнопазир — 2019» мегузаранд

Баъди гуфтушуниди Сочи Туркия амалиёти «Манбаи сулҳ» дар Сурияро қатъ менамояд

Трамп мехоҳад бо Россия ва Чин созишномаи ядроӣ бибандад

Ҷаҳон дар як сатр

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед