logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Фархор ҳангоми ба истифода супурдани фабрикаи ресандагӣ, 24 августи соли 2010

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Вохӯрии имрӯзаи мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар моҳи шарифи Рамазон доир гардида истодааст. Ҳамаи шумо ва кулли мардуми бонангу номус ва сарбаланди ноҳияи Фархорро аввалан ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги миллиамон, яъне Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон,  самимона табрик намуда, дар ин моҳи тоату ибодат дуо мекунам, ки халқу давлати моро дар паноҳаш бегазанд нигоҳ дорад.
Ҳамзамон бо ин, ба тамоми сокинони ноҳия маросими ифтитоҳи корхонаи навбунёди ресандагиро, ки ҳоло мо ба ин муносибат ҷамъ омадаем, инчунин бунгоҳи тиббии замонавию муҷаҳҳазе, ки чанд лаҳза пештар ба хизмати мардуми ноҳия гузошта шуд, муборакбод мегӯям ва бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки дар таъсис, маблағгузорӣ ва сохтмони иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ саҳмгузорӣ кардаанд, изҳори сипос менамоям.
Корхонаи мазкур, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии “Фаррес” бунёд гардидааст, дорои иқтидори дар як сол истеҳсол намудани 1200 тонна нахи пахта, аз ҷумла 1000 тонна ришта, мебошад.
Дар айни ҳол дар корхона барои 140 нафар шаҳрванд ҷойи кор фароҳам оварда шудааст ва баробари тақвияти фаъолияти он ва ташкил гардидани бастҳои дуюму сеюми корӣ шумораи коргаронаш боз зиёд хоҳад гашт.
Ҳукумати мамлакат маҳз бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ, мавриди истифодаи васеъ қарор додани ашёи хоми саноатӣ, аз ҷумла  пахта, дар дохили кишвар ва аз тариқи бунёди корхонаҳои саноатии муҷаҳҳаз бо технологияи пешрафта ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ду барномаи дахлдор, яъне Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи коркарди пурраи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015-ро қабул карда, онҳоро амалӣ намуда истодааст, ки корхонаи имрӯзаи ресандагӣ дар доираи татбиқи онҳо сохта шудааст.
Дар кишварамон ин сеюмин корхонаи ресандагист, ки соли ҷорӣ ба истифода супурда мешавад ва дар ноҳияи Фархор чорумин корхонаи коркарди пахта мебошад.  Қаблан мо дар ноҳияҳои Ёвон ва Спитамен низ ба фаъолияти чунин корхонаҳои коркарди пахта оғоз бахшида будем. Фардо дар ноҳияи Вахш низ чунин як корхонаи ресандагӣ ба истифода супурда мешавад.
Баъди қабул гардидани барномаҳои зикршудаи ҳукуматӣ дар мамлакатамон чор корхонаи нави ресандагӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин ҳанӯз нокифоя мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳарчи бештар вусъат додани коркарди нахи пахта дар дохили кишвар мо имрӯзҳо бунёди корхонаҳои саноати сабукро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Хуҷанд ва Бохтар, идома дода истодаем.
Дар баробари ин, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Қӯрғонтеппа, Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Қубодиён ва Шаҳритус вазифадор гардидаанд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ то соли 2015-ум бунёд намудани корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагиро таъмин намоянд.
Бо мақсади воридоти таҷҳизоти ҳозиразамони технологӣ ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, яъне аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ машғуланд», мо барои корхонаҳои навтаъсис доир ба пардохти андозҳо ба мӯҳлати дувоздаҳ сол имтиёзҳо муқаррар намудаем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат шумораи корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла саноати сабук ва ба ин восита теъдоди ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои занону духтарон, афзуда, истеҳсол ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, дар навбати аввал пахта, дар кишвар зиёд мегардад. Барои таъмини корхонаҳои саноати сабук бо ашёи хом ба мо зарур аст, ки ба рушди пахтакорӣ беш аз ҳарвақта таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем.
Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Фархор барои рушди соҳаи пахтакорӣ ва шоликорӣ захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Муҳимтар аз ҳама, барои парвариши пахта замини ҳосилхез, оби фаровон, иқлими мусоид, мардуми заҳматкашу соҳибтаҷриба дорем. Ҳоло дар ноҳия зиёда аз 20 ҳазор гектар замини обӣ мавҷуд аст. Вале аз ин масоҳат дар майдони ҳамагӣ 9250 гектар пахта парвариш карда мешавад, ки ин хеле кам мебошад.
Дар сурати ташкили дурусти хоҷагидорӣ ва бештар гардонидани майдони кишти пахта мову шумо метавонем дар баробари афзоиши ҳаҷми ҳосили пахта ва таъмини корхонаҳои саноати сабук бо ашёи хом, беҳтар намудани даромади иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии мардуми худро таъмин созем.
 Яъне бо ин роҳ ҳазорон ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда, даромади буҷети ноҳия ва вилоятро афзун гардонидан ва қудрати содиротии мамлакатро таҳким бахшидан мумкин аст, ки ин дар навбати худ роҳи ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Вале, чунон ки мушоҳида мегардад, дар ноҳия ба масъалаи истифодаи замин ҳоло муносибати самараноку дуруст зоҳир карда намешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки якчанд сол инҷониб беш аз 1200 гектар замини корами обӣ дар ҳолати корношоям, яъне партов, қарор дорад.
Ҳамчунин, ҳолати мелиоративии беш аз 1500 гектар замини обёришавандаи кишоварзӣ ғайриқаноатбахш гардидааст. Илова бар ин, соли ҷорӣ зиёда аз 1100 гектар замини корам киштношуда, яъне холӣ, мондааст.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳбуди вазъи мелиоративии заминҳои ноҳия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои обёрии киштзорҳо тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла дар доираи ду лоиҳаи инвеститсионӣ, яъне лоиҳаҳои барқарорсозии системаи ирригатсионӣ ва бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин ҷиҳати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, ҳоло як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи барқарорсозии системаи ирригатсионӣ, ки маблағи умумии он 19 миллион сомониро ташкил дода, барқарорсозии иншооти ирригатсионӣ ва беҳтар кардани вазъи шабакаи интиқоли оби нӯшокии ноҳияро дарбар мегирад, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, ба тартиб даровардани шабакаҳои обрасонӣ, ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об таъмин карда шуд.
Барои иҷрои ин корҳо аллакай зиёда аз 12,5 миллион сомонӣ сарф гардида, беш аз 160 нафар мутахассис ва сокини ноҳия соҳиби кор шуд.
Дар баробари ин, ҷиҳати паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои кишт, инчунин мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Сурхоб ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки ба таври ҷиддӣ чораҷӯӣ намоянд.
Фаромӯш набояд кард, ки мо ҳифзи амнияти озуқавории кишварро яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ қарор додаем ва дар роҳи татбиқи он дар назди кишоварзон, умуман ҳар фарде, ки дар ихтиёри худ як порча замин  дорад, вазифаю ӯҳдадориҳои мушаххас гузоштаем.
Бо роҳи киштгардон ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, дар як сол аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Боиси қаноатмандист, ки то ибтидои моҳи август дар ноҳияи Фархор қариб 33 ҳазор тонна ғалладона, аз ҷумла беш аз  30 ҳазор тонна гандум, истеҳсол карда шудааст, ки ин аз нақшаи пешбинигардида  мутаносибан беш аз 3 ва 11 ҳазор тонна зиёд мебошад. Соли ҷорӣ дар ноҳия дар майдони зиёда аз даҳуним ҳазор гектар гандум парвариш гардида буд.
Майдони кишти такрорӣ бошад, то имрӯз шашуним ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2009-ум ҳазор гектар зиёд аст, вале нисбат ба захираҳое, ки ноҳия дорад, ҳанӯз нокифоя мебошад. Зеро дар ноҳияи Фархор барои вусъат додани кишти такрорӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Тавре ки ҳамаи шумо медонед, ҳоло бозори истеъмолии кишвари мо аз воридоти маводи асосии ғизоӣ вобастагии зиёд дорад. Табиист, ки тағйирёбӣ ё баланд шудани нархи чунин маводу маҳсулот метавонад қобилияти харидории мардуми моро коҳиш диҳад.
Чунончи, ҳоло дар натиҷаи таъсири манфии хушксолӣ ба кишварҳои содиркунандаи ғалла арзиши орду гандум, бо вуҷуди ҷамъоварии ҳосили нави ғалладона дар мамлакатамон боло рафтааст.
Бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мардуми кишвар дар чунин мавридҳо ман борҳо изҳор дошта будам ва ҳоло мехоҳам бори дигар таъкид созам, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо аз замин ҳарчи бештар ҳосил гирифтан ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро таъмин кардан вазифаи муҳимтарини рӯз мебошад.
Такроран хотиррасон менамоям, ки бояд ҳар як оила захираи дусолаи маводи асосии ғизоӣ, пеш аз ҳама гандумро  дошта бошад.
Дар баробари ин, ба кишоварзони ноҳия зарур аст, ки бунёду барқарорсозии боғу токзор, рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва парандапарвариро низ таъмин намуда, бо афзун сохтани истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузоранд.
Кишоварзони Фархор дар замонҳои гузашта бо таҷрибаи бойи худ дар шоликорӣ шӯҳрат доштанд ва онҳо метавонанд ин анъанаро имрӯз эҳё карда, соҳиби даромади зиёд гарданд.
Ҳамчунин ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъмини оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ки тибқи супориши Ҳукумати мамлакат ҳоло 766 гектар интихоб шудааст, лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дӯстони азиз!
Мо рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустиро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил дода, дар баробари сохтмони иншооти ҳаётан муҳим, яъне нерӯгоҳҳо, роҳу    пулҳо ва корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби маблағҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорону шахсони ватандӯсту саховатпеша бунёди мактабҳои наву синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва таъмиру таҷдиди биноҳои мавҷудаи муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани онҳоро амалӣ карда истодаем.
Дар доираи ин тадбирҳо дар ноҳияи Фархор низ солҳои охир як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, имрӯз дар маркази ноҳия бинои навсохти дармонгоҳро ба истифода супурдем, ки бо маблағҳои давлатӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин соли ҷорӣ як қатор шӯъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия таъмир карда шуда, дар деҳаи Туғул сохтмони маркази саломатӣ идома дорад.
Боиси қаноатмандист, ки бо пуштибонӣ аз ташаббуси созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат сокинони як қатор деҳаҳои ноҳия, аз ҷумла Ҷидда ва Лолазор низ,  ба таври ҳашар барои худ бунгоҳҳои тиббӣ бунёд кардаанд, вале ҳамаи ин ҳанӯз нокифоя мебошад.
Зеро ҳоло дар ноҳия як қатор муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ, ба вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки дар бораи таъмиру азнавсозии мактабҳо, шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ, таваллудхона ва таъмини муассисаҳои тандурустии ноҳия бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ тадбирҳо андешанд.
Баъди якчанд рӯз барои мактаббачагон соли нави хониш оғоз меёбад. Дар шароите, ки илму техника босуръат тараққӣ карда, инсоният ба пешрафтҳои бесобиқа ноил мегардад, таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти хоса пайдо намудааст.
Аз ин лиҳоз, дар баробари омӯзгорон, бояд ҳар як падару модар аз рӯзҳои нахустини соли нави хониш донишандӯзии фарзандонро таҳти назорат қарор дода, дар баробари таъмини таҳсили хубашон, инчунин кӯшиш намояд, ки онҳо бо ахлоқи ҳамида ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия ёбанд, то ки фарзандонашон дар оянда дар ҷомеа мавқеи сазовор пайдо намуда, номбардори гузаштагони худ ва марзу буми аҷдодӣ, инчунин давлати соҳибистиқлоли хеш гарданд.
Дар заминаи амалҳои сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла риояи муқаррароти қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, барои фарзандони худ фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими волидон мебошад.
Ба шумо – ҳозирини мӯҳтарам возеҳ аст, ки соли оянда барои мардуми кишварамон соли хоса аст, зеро мо ҷашни бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.
Барои истиқболи шоистаи ин ҷашни бузурги миллиамон бояд аз хурд то калон, яъне ҳар як зиёӣ, хизматчии давлатӣ, коргару кишоварз, тоҷиру соҳибкор ва донишҷӯю мактабхон бо дарки амиқи моҳияти таърихии истиқлолият, ки гузаштагони мо дар тӯли садсолаҳо дар орзуву ормони он ва давлату давлатдории миллии худ буданд, аз ҳоло омодагӣ бинанд ва ҷиҳати баланд бардоштани самараи кору фаъолияти худ ва тозагиву ободонии ҳар як шаҳраку деҳа, кӯчаву ҳавлӣ, корхона ва ташкилоту муассиса, хулоса ободии Ватан, кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Мо медонем, ки ноҳияи шумо ҳоло ба ободсозии куллӣ ниёз дорад. Аз ҷумла, боғи фарҳангиву фароғатӣ ва варзишгоҳи марказии ноҳия ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Агар дар таъмиру таҷдиди онҳо дар баробари мақомоти давлатӣ соҳибкорон ва сокинони ноҳия низ фаъолона ва бо эҳсоси хайрхоҳиву ватандӯстӣ иштирок намоянд, ҳам дар ободонии ноҳия ва ҳам дар истиқболи санаи бузурги Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор хоҳанд гашт.
Меҳру муҳаббат ва садоқати ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус нисбат ба халқу давлат ва Ватани аҷдодӣ маҳз дар ҳамин ҳолат зоҳир мегардад.
Мо итминон дорем, ки мардуми ватандӯст ва фарзандони бонангу номуси ноҳияи Фархор ба хотири ободии Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи худ, беш аз пеш ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ суръат бахшида, санаи муборак ва муқаддаси бистсолагии истиқлолиятро бо дастовезу дастовардҳои нави арзанда истиқбол ва таҷлил менамоянд.
Бо ҳамин умед, ба ҳамаи шумо ва кулли сокинони заҳматпешаи ноҳияи Фархор ҷашни солгарди навбатии истиқлолиятро бори дигар табрик гуфта, ба ҳар кадоматон барори кор ва рӯзгори хушу осуда мехоҳам.
Тансиҳату хонаобод бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 519

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед