logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии мактаби миёна дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 24 августи соли 2010

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Устодону шогирдони азиз!
Имрӯз дар арафаи солгарди ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва фарорасии соли нави таҳсил мову шумо дар маркази ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боз як мактаби наву замонавии таҳсилоти умумиро ба истифода супоридем. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ман, пеш аз ҳама, хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия, инчунин падару модарон ва сокинони меҳмоннавози ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи ин боргоҳи нави таълиму тарбия ва илму маърифат табрику таҳният мегӯям.
Дар айни ҳол ба кулли мардуми равшанзамири ноҳия хотиррасон менамоям, ки ин диёр номи яке аз шахсиятҳои бузурги олами илму ирфон, мутафаккир ва олиму орифи нуктадон Мир Сайид Алии Ҳамадониро дорад.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ин марди орифу фозил ҳангоми сафарҳои зиёда аз бистсолаи худ борҳо аз қаламрави Хатлону Балху Бадахшон убур намуда, ба мардуми ин диёр ихлосу эҳтироми хоса доштааст. Беҳуда нест, ки манзили охират ва мақбараи ин абармард аз рӯи васияташ дар шаҳри Кӯлоб қомат афрохта, имрӯз зиёратгоҳи хосу ом ва иродатмандони сершумораш гаштааст.                 
Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки илму ирфон дар ҳама давру замон роҳнамову ҳидоятгари мардум, бахусус ҷавонон, ба сӯи дунёи маънавӣ, маърифату худшиносӣ, заковату ақли бедор буда, сабақҳои зиндагисози идораи давлат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, кашфи кайҳону асрори замин, пойдевори ихтирои ҳама гуна техникаву технологияи навтарин маҳз дар остонаи мактаб гузошта мешавад.      
Имрӯз мо шоҳиди онем, ки кишварҳои пешрафтаи олам дар заминаи самаранок омӯхтану таълим додан, истифодаи имкониятҳои мактабу маориф ва дастовардҳои илму технологияи навтарин ба тараққиёти бесобиқаи илму техника ва кашфиёти инқилобӣ ноил гаштаанд.
Аз ин хотир рушди илму маориф, тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани ҷавонони донишманду соҳибмаълумот аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнокест, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар назди шумо - устодону омӯзгорони мӯҳтарам ва умуман зиёиёну аҳли маориф гузоштааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти то ҳанӯз мавҷуда имсол ба пешрафти соҳаи маориф 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҷудо намуд, ки ин нишондиҳанда назар ба даҳ соли пеш 35 баробар афзудааст. Танҳо дар соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 218 мактаб ба анҷом расонида шуд, ки онҳо дорои 40 ҳазор ҷои нишаст мебошанд.
Имсол фақат дар вилояти Хатлон сохтмони 50 мактаби таҳсилоти умумӣ идома дорад, ки аз онҳо то саршавии соли нави хониш бо дарназардошти мактаби шумо 14 мактаб ба истифода супурда мешавад. Дар натиҷаи татбиқи ботадриҷи барномаи компютерикунонӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат қариб бо 28 ҳазор адад компютер ва дигар таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ таъмин карда шуданд.     
Имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 48 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 1455 нафар муаллимону мураббияҳо кор мекунанд. Дар ин мактабу таълимгоҳҳо қариб 30 ҳазор нафар фарзандони мардуми ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон доир ба компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нишон дод, ки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 466 адад компютер ва 73  принтер таъмин карда шудаанд, ки як компютер ба 27 нафар талаба рост меояд. Чунин вазъ моро қонеъ карда наметавонад.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати беҳтар кардани таъминоти мактабҳо бо техникаи компютерӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Бинои мактаби наву замонавие, ки имрӯз мову шумо ҷиҳати ифтитоҳи он гирд омадаем, барои 704 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, дар бунёди он 8 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ин мактаб дорои 22 синфхона, аз ҷумла 10 утоқи фаннӣ, 2 синфхонаи махсуси технология, як синфи компютерӣ, толорҳои маҷлис ва варзиш ва дигар утоқҳои корӣ мебошад. Дар мактаб инчунин китобхона, ошхона, дегхонаи алоҳида, захираи об ва зеристгоҳи трансформаторӣ мавҷуд аст. 
Ҳукумати мамлакат барои пешрафти мактабу маориф минбаъд низ ҳамаи чораҳоро меандешад. Вале дар баробари ҳукумат дар ин кори хайр, яъне таъмиру тармими мактабҳо, сохтмони мактабу синфхонаҳои нав ва бо таҷҳизоту лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо, метавонанд ташкилоту корхонаҳо, ширкатҳо, тоҷирону соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша саҳми фаъол дошта бошанд. Зеро дар мактабҳо фарзандони худамон ва давомдиҳандагони ояндаи кори мову шумо таҳсил мекунанд.
Ба кулли омӯзгорону устодон, кормандони соҳаи маориф ва падару модарон зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, раҳнамоии дурусти наврасону ҷавонон ба зиндагӣ ва ҳидояти онҳо ба ҷодаи илму маърифат ҳамеша кӯшиш намоянд, зеро бе омӯхтани дастовардҳои илму техникаи муосир мову шумо ворисони сазовор, яъне насли навраси эҷодкору ҷӯянда ва ихтироъкору навоварро ба камол расонида наметавонем.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Бо истифода аз иштироки роҳбарону мутахассисони ноҳия ва намояндагони мардум, ки ин ҷо ҳузур  доранд, мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва мушкилоти дар ин самтҳо вуҷуддошта мухтасар иброз намоям.
Худатон медонед, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими пешрафти иқтисодиёт ба шумор меравад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳафт моҳи соли 2010 то андозае зиёд шудааст. Ҷамъоварии зироатҳои ғалладона 97 фоиз иҷро гашта, ҳосилнокии он аз як гектар 26 сентнерро ташкил додааст.
Вале таъкид бояд кард, ки ҳосилнокии зироатҳои ғалладона, картошка, сабзавот ва полезиҳо аз нишондиҳандаҳои вилоят нисбатан паст мебошад. Илова бар ин, масоҳати заминҳои вазъи мелиоративиашон ғайриқаноатбахш қариб ба 1300 гектар расидааст.
Дар шароити имрӯза ҳар кадоматон хуб дарк мекунед, ки маҳз пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ ва зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, алалхусус аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил, баланд бардоштани маҳорату таҷрибаи кишоварзӣ ва маданияти заминдорӣ имкон медиҳад, ки  вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз маводи ғизоии воридотӣ торафт камтар гардад.
Дар шароити зуд-зуд тағйир ёфтани нархҳои маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум, зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замин чун манбаи ризқу рӯзӣ оқилона истифода бурда шавад.
Ҳукумат бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст, ки яке аз онҳо ҷудо кардани қарз ба соҳибкорон мебошад.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорони ноҳия ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб  2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳоло дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ татбиқи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, ки маблағи умумии то имрӯз азхудшудаи онҳо 120 миллион сомонӣ (зиёда аз 27 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа канали «Деҳқонобод», ки дар натиҷаи обхезии шадид дар дарёи Панҷ ба нестӣ расида буд, дар қисмати дарозияш 10400 метр аз нав барқарор карда шуд. Дар айни ҳол 12 иншооти гидротехникии канал аз нав сохта ва зиёда аз 3000 метри мураббаъ бетонпӯш карда шудааст. Гузашта аз ин, дар дарёи Панҷ ба дарозии 4400 метр садди муҳофизатӣ сохта, ба истифода дода шуд.  Татбиқи лоиҳаи идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон дар се марҳала идома дорад. Дарозии умумии саддҳои дар доираи ин лоиҳа сохташаванда          10 ҳазор метрро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, татбиқи лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин кардани ноҳия ба маблағи умумии зиёда аз 50 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ дар ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ моҳи феврали соли 2007-ум оғоз гардида, то ба имрӯз ба маблағи 15 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқарорсозӣ ба пуррагӣ ба итмом расонида шудааст.
Ҳамчунин татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба маблағи қариб 400 ҳазор сомонӣ идома дошта, ин маблағ барои таъмин намудани беморхонаи маркази ноҳия ва марказҳои саломатии деҳот бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ сарф мешавад.
Бо дарназардошти он, ки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ноҳияи сарҳадӣ мебошад, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки таъмини амнияти сарҳад, пешгирии ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва интиқоли маводи мухаддир, хубтар ба роҳ мондани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани малакаву маҳорат ва маърифати касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадбонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошанд, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла дар сатҳи ноҳия ва вилоят, қарор дошта бошанд.
Роҳбарони ҳамаи зинаҳо бояд ба мардум бештар такя ва ҳамкорӣ кунанд, дар байни халқ бошанд, пешниҳоду дархостҳои мардумро омӯзанд ва таклифҳои судбахши онҳоро дар фаъолияти худ  истифода намоянд.
Дӯстони азиз!
Ҳоло, ки мо дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи ҷашни бузурги миллиамон - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ба ҳар як фарди бонангу номус ва саховатпеша хотиррасон месозам, ки барои дастгирии табақаҳои ниёзманд, пеш аз ҳама ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробон, ҳиммату ёрмандии ҷавонмардона ва башардӯстонаи худро дареғ надоранд. 
Мову шумо бояд ба насли ҷавон ва фарзандону набераҳоямон намунаи ибрат бошем, дар ниҳоди онҳо инсондӯстӣ ва фазилатҳои неки инсониро парвариш намоем. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳам кормандони мактабу маориф, ҳам падару модарону аҳли ҷомеа ворисони арзанда ва номбардорони ояндаи халқи моро ба камол расонанд, то ки онҳо мисли Ҳазрати Ҳамадонӣ фозилу хирадманд ва ифтихори наслҳои оянда гарданд.
Бо ҳамин ниятҳои нек мардуми бонангу номус ва заҳматкашу ободгари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бори дигар ба ифтихори ҷашни истиқлолият ва ифтитоҳи мактаби нав муборакбод гуфта, ба устодону омӯзгорон дар тарбияи шогирдони бедордилу соҳибмаърифат ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия барору комёбиҳои нав орзумандам.
Ҳамеша тансиҳат ва хонаободу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 614

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед