logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 5 ва мулоқот бо мардуми шаҳри Кӯлоб, 25 августи соли 2010

Ҳамватанони гиромӣ!
Омӯзгорону хонандагони азиз!
Рӯзи дуюм аст, ки мо дар вилояти Хатлон бо сафари корӣ қарор дорем ва то назди шумо омадан дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят  шоҳиди фаъолияти созанда ва заҳмати софдилонаи мардум гардидем.
Бояд хотирнишон сохт, ки аз ибтидои соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат дар аксарияти минтақаҳои кишвар даҳҳо иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёду таъмир ва барқарор карда шуда, хеле корҳои ободонӣ сурат гирифтанд.
Моҳи июн ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои харобиовари селу обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои минтақа ба вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода будем, ки ба истифода додани хонаҳои истиқоматиро барои сокинони аз офати табиӣ зарардида дар арафаи ҷашни истиқлолият таъмин намоянд.
Ин супориш асосан иҷро шуд ва мо имрӯз дар  мавзеи навбунёди шаҳри бостонии Кӯлоб чандин хонаро ба соҳибонашон супоридем, бо сокинони ин мавзеъ дидору сӯҳбат доштем ва ҳоло ҳамроҳи шумо дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и шаҳр қарор дорем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо ва кулли сокинони шаҳри бостонии Кӯлобро аввалан ба муносибати фарорасии ҷашни истиқлолияти давлатӣ ва моҳи Рамазону наздикшавии иди саиди Фитр табрик менамоям.
Инчунин ҳамаи омӯзгорону толибилмон ва падару модаронро ба муносибати фарорасии соли нави хониш ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби навбунёд табрику таҳният мегӯям.
Бинои нави мактаби имрӯза, ки барои дар ду баст таҳсил кардани 900 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, дар зарфи як сол бо сарфи беш аз  1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Он воқеан дорои тамоми шароит, аз ҷумла 28 синфхонаи фаннӣ, компютерӣ, лабораторияҳо, китобхона, толори варзишӣ, ошхона ва тамоми ашёву таҷҳизоти таълимӣ, инчунин воситаҳои аёнӣ мебошад.
Тарҳи бинои мактаб замонавӣ буда, дар оянда ҳамчун мактаби типи нав дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ бунёд карда хоҳад шуд. Афзалияти мактаби навбунёд дар он аст, ки он ду зеристгоҳи барқӣ, шабакаи мустақили гармидиҳӣ, оби доимӣ ва барои ба ошёнаи боло баромадани хонандагони маъюб лифти махсус ва роҳравҳои  мувофиқ дорад.
Тавре ки шумо медонед, дар мавзеи навбунёди шаҳр низ моҳи июн мо ба сохтмони чунин як мактаби нави замонавӣ барои 1200 нафар хонанда оғоз бахшидем ва он соли оянда дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатӣ бо беҳтарин шароити таълиму тарбия ба истифода супорида хоҳад шуд.
Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи маорифро масъалаи муҳим шуморида, ба кори таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҳамаҷониба тарбиядидаву бомаърифат, ки пешрафту тараққиёти ояндаи давлат аз онҳо вобаста аст, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои онҳо тамоми шароитро фароҳам оварда истодааст, то фарзандони мардуми мо мувофиқи талаботи замон ба камол расанд.
Дар навбати худ ба мактаббачагон зарур аст, ки аз шароиту имкониятҳои барояшон фароҳамовардаи давлат самаранок истифода бурда, хуб таҳсил намоянд ва барои донишандӯзиву азбар кардани илму техникаи муосир ҳамеша кӯшишу талош намоянд.
Омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки дар масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бисёр ҷиддӣ ва серталаб бошанд. Дар баробари омӯзгорон падару модарон низ вазифадоранд, ки ҷараёни дарсхонӣ ва ахлоқу рафтори фарзандони худро таҳти назорати доимӣ дошта бошанд.
Мо соҳиби давлату давлатдории мустақил ҳастем ва фарзандону ҷавонони мо  ба хотири таҳкими истиқлолият ва пешрафту тараққиёти он, инчунин барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистон бояд дорои донишу маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияи пешрафтаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ахлоқи ҳамида ва ватандӯсту ватанпарасти асил бошанд. То ин ки дар оянда давлати соҳибистиқлоли худро соҳибӣ карда, ба Ватани азизамон ва ба миллати тамаддунсозамон ба таври шоиста ва содиқона хизмат карда тавонанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло бо истифода аз иштироки роҳбарону кормандони масъули мақомоти шаҳр, намояндагони соҳаҳои гуногун ва сокинони шаҳр мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба баъзе масъалаҳои муҳим ҷалб намоям, ки пешрафту тараққиёти ҳаёти ҷомеа, сатҳи зиндагии мардум ва ободии  диёр аз онҳо вобаста мебошанд.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, бояд рушди бемайлону устувори бахши воқеии иқтисодиёт таъмин гардида, маҳсулоте истеҳсол карда шавад, ки дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ қобили рақобат бошад. Бо ин мақсад ҳоло аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои навсозии технологии истеҳсолот ва муҷаҳҳазгардонии коргоҳҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамону каммасраф аҳамияти махсус дода мешавад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки самаранокии фаъолияти бахши аграриро, ки омили ҳалкунандаи амнияти озуқавории мамлакат мебошад,  баланд бардорем. Зеро дар шароити камзаминии кишварамон истифодаи оқилона ва самараноки фонди замин ба мо имкон медиҳад, ки бозори истеъмолиро бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ таъмин кунем ва вобастагии худро аз воридоти озуқаворӣ ҳарчи камтар намуда, дар баробари ин иқтидори содиротии кишварро зиёд гардонем.
Ба шумо маълум аст, ки иқтидори давлат ва имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳар як шаҳру ноҳия дар ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободсозӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи даромади буҷети давлативу маҳаллӣ  марбут аст.
Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки ҳарчанд нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Кӯлоб асосан иҷро мегардад, вале ҳанӯз барои ҳалли тамоми масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва коммуналӣ басанда нест.
Аз ин рӯ, барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ ҳал кардани масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ зарур мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди бахши хусусӣ мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Масалан, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди вилояти Хатлон ҳоло 25 лоиҳаи инвеститсионии Ҳукумати кишвар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ва сармояи мустақим дар ҳаҷми 700 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб 15 лоиҳаи инвеститсионӣ барои беҳтар намудани сифати таъминот бо қувваи барқу газ ба аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, кам кардани талафоти он, имконияти содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, барқарорсозии инфраструктураи соҳаи кишоварзӣ, шабакаҳои ирригатсионӣ, идоракунии захираҳои обӣ ва обёрии заминҳо, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, сиҳатии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ гардида истодааст.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар баробари маблағгузории сохтмони иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин бо интиқоли маблағҳои мақсаднок буҷети шаҳрро мунтазам дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, танҳо дар ҳафт моҳи гузашта бо ин мақсад қариб ҳашт миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва хусусан соҳибкории истеҳсолӣ бо супориши Ҳукумати кишвар бонкҳо ва  дигар ташкилотҳои қарзӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб дар тӯли ҳафт моҳ беш аз 26 миллион сомонӣ қарзҳои хурд додаанд.
Аммо чунон ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар масъалаи пардохти саривақтии андозҳо ва ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр на ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ масъулият эҳсос мекунанд. Дар натиҷа бақияпулиҳо аз андоз, яъне қарзи корхонаву ташкилотҳо ва хоҷагиҳо, солҳои охир аз ҳисоби намудҳои гуногуни андоз қариб ба 10 миллион сомонӣ расидааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Қарзи субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ барои барқу гази истифодашуда низ ташвишовар гардидааст. Дар шаҳр то имрӯз ҳамагӣ 49 фоизи маблағи барқи истифодагардида супорида шудаасту халос.
Маблағи  умумии қарз ҳоло беш аз 16 миллион сомонӣ, аз ҷумла қарзи аҳолӣ 11 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин қарзи аҳолӣ барои гази истифодашуда қариб ба якуним миллион сомонӣ расидааст.
Албатта, чунин ҳолат ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр, бахусус маблағгузории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, пардохти музди меҳнату нафақа ва пешрафти соҳаҳои саноату энергетика, аз ҷумла таъминоти мӯътадили субъектҳои хоҷагидор, инчунин аҳолӣ бо барқу газ бетаъсир намемонад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Кӯлоб вазифадоранд, ки ҷамъоварии саривақтии андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ, кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳо аз андоз, инчунин қарзи ташкилоту корхонаҳо ва аҳолиро аз барқу гази истифодашуда таъмин намоянд.
Дар баробари ин, дар ояндаи наздик ва миёнамӯҳлат рушди соҳаи саноат бо дарназардошти навсозии иқтидорҳои асосии истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири инноватсионӣ аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок мебошад, то ки молу маҳсулоти босифату қобили рақобат истеҳсол карда шавад.
Ва барои ноил шудан ба ин мақсадҳо тибқи афзалиятҳои муайяншуда бояд ба коркард ва истеҳсоли молу маҳсулоти тайёр, таъсис додани корхонаҳои ба содирот нигаронидашуда, таҷдид ва навсозии истеҳсолот аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки доир ба таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши корхонаҳои саноатӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ташкил кардани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва бо ҳамин роҳ ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин омодагии ҷиддии тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Бояд гуфт, ки беҳбудии вазъи зиндагии мардум ва ободии диёрамон бевосита аз кору фаъолияти созандаву ободгаронаи ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бонангу номуси кишвар вобаста мебошад.
Дар робита ба ин, ман ҳамеша таъкид месозам, ки ғайр аз худи мо каси дигар зиндагии моро беҳтар ва Ватанамонро обод намекунад. Аз ин рӯ, мо ҳама аҳлона бояд бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат ва захираҳои мавҷуда заҳмат кашем,  барои худ ва мардуми худ рӯзгори ободу осударо муҳайё созем. Барои ин, мо ҳамаи шароити зарурӣ, пеш аз ҳама, мардуми заҳматкаш, замини ҳосилхез ва оби фаровон дорем. Вале тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар шаҳри Кӯлоб ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла замин, мавриди истифодаи пурра қарор дода шудаанд.
Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 800 гектар кам мебошад. Ҳол он ки бо афзун гардонидани майдони кишти зироатҳо, аз ҷумла васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаву самараноки замин, бахусус заминҳои обӣ дар баробари таъмини ҳифзи амнияти озуқаворӣ, инчунин бисёр сокинони шаҳрро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардан мумкин аст.
Аз ин лиҳоз, ба шумо – сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб, ки аз азал ҳамчун мардуми заҳматпеша, далеру ғаюр ва ватандӯсту ватанпараст шӯҳрат доред, дар шароити имрӯза зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва таҷрибаи зироаткорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд карда, дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ ва мардуми кишвар саҳми арзанда гузоред.
Ҳар кадоми шумо вазъи ҷомеаи ҷаҳонро дида истодаед. Дар чунин шароит ҳар яки мо бояд дучанд кӯшиш карда, заҳмат кашем, ки аз замин ҳарчи зиёдтар ҳосил рӯёнем, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем ва захираи дусолаи маҳсулоти озуқа, аз ҷумла гандумро дар ҳар як оила фаромӯш насозем.
Тавре худатон шоҳид ҳастед, дар давоми солҳои охир аз тарафи ҳукумати кишвар, хусусан дар доираи чорабиниҳои ҷашни 2700-солагӣ, барои ободии шаҳри Кӯлоб бо сарфи маблағҳои калон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Доир ба корҳое, ки мо дар бобати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани оилаҳои зарардида анҷом додем, чанд лаҳза пештар дар мавзеи навбунёд ва мулоқот бо сокинони он гуфтам. Илова бар ин, барои таъмин кардани талаботи 310 оилаи аз офати табиӣ зарардида масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар рӯзҳои наздик бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳал мешавад.
Бо мақсади пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишини танҳо шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ татбиқи лоиҳа ба маблағи беш аз 110 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар навбати худ ба ҳар сокини шаҳр, ки нангу номус ва ҳисси миллӣ дорад, инчунин халқу Ватани худро сидқан дӯст медорад ва нуфузу обрӯи давлати соҳибистиқлоли хешро азиз медонад, зарур аст, ки бо заҳмати созанда ва пурмаҳсул барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон ва  бо дастовардҳои арзандаи идона истиқбол гирифтани санаи муборак ва муқаддаси миллӣ, яъне 20-солагии истиқлолияти давлати Тоҷикистони азизамон кӯшишу талош намояд.
Хусусан дар моҳи шарифи Рамазон ва дар давраи омодагӣ ба ҷашнҳои бузург тозаву озода кардани манзилҳои истиқомативу кӯчаву хиёбонҳо, сарфаю сариштакорӣ, кӯмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва бесаробон, барои онҳо сарф кардани фитри рӯза савоби зиёд дорад.
Ман ба ғайрату ҳиммат ва нангу номуси ҷавонмардонаву ватандӯстонаи мардуми Кӯлоби бостонӣ итминони зиёд дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро дастгирӣ карда, барои ободиву пешрафти кишвар, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ ва густариши эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин умед, бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори соли нави хониш, солгарди навбатии  истиқлолият ва иди саиди Фитр, ки чанд рӯз баъд фаро мерасанд, табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ ва баракати  рӯзгор орзумандам.
Сарфарозиву сарбаландӣ ҳамеша ёратон бод, дӯстони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 464

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед