logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимон – омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1 сентябри соли 2010

Омӯзгорони мӯҳтарам!  
Донишҷӯёни азиз!

Имрӯз мо ба ифтихори Рӯзи дониш дар «Шаҳраки донишҷӯён»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъ омадаем. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва арзишҳои маънавӣ бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло мову шумо Рӯзи донишро дар соли бисёр муҳиму хотирмон - Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар кишварамон таҷлил мекунем.
Рӯзи 1 сентябр инчунин дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун  Рӯзи сулҳ  қайд карда мешавад. ҳамасола дар кишварҳое, ки соли таҳсил аз якуми сентябр шурӯъ мегардад, дарси аввал маҳз Дарси сулҳ ном дорад.
Ин, албатта, бесабаб нест. Шароити кунунии пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки мо низ нисбат ба хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо дигар падидаҳои хатарнок, ки ба амният ва сулҳу субот дар ҷаҳон таҳдид менамоянд, бетараф набошем.
Воқеаҳои моҳҳои охири дар минтақа рухдода бори дигар собит сохтанд, ки Осиёи Марказӣ чун нуқтаи муҳими рақобати геополитикӣ ва геостратегӣ дар чорроҳаи бархӯрди манфиатҳои мухталиф қарор дорад. Ин далел тақозо мекунад, ки бояд мо сиёсати басо санҷида ва ботавозунро дар муносибатҳои дохиливу хориҷии худ амалӣ намоем.
Вобаста ба ин бори дигар андешаеро, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карда будам, таъкид карданӣ ҳастам: Осиёи Марказӣ чун нуқтаи хеле ҳассос ва нозуки сайёраи мо набояд арсаи бесуботӣ ва бархӯрди манфиатҳо бошад, балки маркази пайванди онҳо гардад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар як кишвар, ҳар як миллат, махсусан барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, бузургтарин неъмати дунё маҳсуб меёбанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла омӯзгорону устодон, донишҷӯёну мактабиён, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб ва донишкадаҳову донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қадам мегузоранд, ҳар кадоми шумо, ҳозирини мӯҳтарамро бо Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ самимона табрику таҳният мегӯям.                                                                                                
 Мусаллам аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа бе ривоҷи илму фарҳанг ва донишу технологияи пешрафтаи муосир ғайриимкон аст.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон  баръало нишон медиҳад:   кишваре, ки ба рушди соҳаи илму маориф, бахусус илмҳои техникӣ ва технологияи муосир таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, ба пешравию  шукуфоӣ ноил мегардад.
Бо мақсади пешрафт ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав, беҳтар гардидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави олимони соҳаи техника дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ мебошад, ки таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад.
Вобаста ба ин Ҳукумати кишвар “Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”-ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки он бевосита ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ва ба ин васила муваффақ гардидан ба дастовардҳои соҳаҳои техника ва технология равона шудааст.
То имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ сохтани Нақшаи мазкур корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» ва «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Дар натиҷа дар муддати начандон тӯлонӣ муносибати аксари ниҳоду воҳидҳои соҳаи маориф дар иртибот ба омӯзиш ва истифода аз технологияи муосир, фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ба таври мусбат тағйир ёфт. Инчунин дар шуури хонандагон ва толибилмон низ таҳаввулоти муайяне ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз байни хонандагони мактабҳои миёна муносибат ба интихоби касб тағйир ёфтааст. Маъракаи «Довталаб – 2010» нишон дод, ки имсол хатмкунандагон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар ихтисосҳои соҳаҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникиро интихоб намудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон ва ҳам хонандагону донишҷӯён истифода аз технологияи муосир ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 ҳаргиз ба он маъно нест, ки мо дар муддати як сол ба тамоми ҳадафҳоямон мерасида бошем. Муҳим он аст, ки аз ин роҳ метавонем заминаи мусоидеро барои рушди донишҳои техникӣ дар давраҳои баъдӣ муҳайё сохт. Ин иқдом як такони ҷиддӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.
Мо ба ин мақсад танҳо дар сурате   мерасем, ки шаҳрвандон, махсусан ҷавонони кишвар бо донишҳои амиқу дақиқи техникӣ фаро гирифта шуда, нерӯи техникию технологии кишвар ҳар чи бештар пурқувват гардонида шавад.
Ҳадафу мароми Ҳукумат иборат аз он аст, ки илму дониш дар кишвари мо ба арзишҳои воло табдил ёфта, аз ҷониби олимон, бахусус олимони ҷавон кашфиёту ихтирооти нав ба вуҷуд оянд. Барои илмҳои бунёдӣ пояҳои мустаҳкам гузоштан зарур аст, то ки дастовардҳои илми ватанӣ на танҳо дар хизмати мардуми тоҷик, балки башарият қарор гиранд.
Фаромӯш набояд кард, ки кашфиётҳои нодири илмии бузургони миллатамон дар гузаштаву имрӯза аз ҷониби ҷаҳониён эътироф гардида, дар кишварҳои гуногун ҳамаҷониба истифода мешаванд.
Вобаста ба ин мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як нукта ҷалб намоям. Гузаштагони миллати тоҷик, саҳми арзандаи бузургони он амсоли Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, ал-Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Хайём ва садҳо тан аз нобиғаҳои ин миллат дар ривоҷу равнақи илму фарҳанг, махсусан кашфи донишҳои дақиқ парчамбардорони илму фарҳанги ҷаҳонӣ буданд.  
Пайғамбари ислом низ беҳтарин шуғлро барои мусулмонон касби илм ва таълими илм дониста, таъкид сохтааст, ки ман барои омӯзгориву муаллимӣ фиристода шудаам ва касе илме биёмӯзад ва ё илме биомӯзонад, ӯ мақоми касеро дорад, ки дар роҳи Худо талош мекунад. 
Саромадон ва мутафаккирони маъруфи тоҷик кӯшиш кардаанд, ки мундариҷа ва мӯҳтавои осори хешро ба ҷустуҷӯи ҷавҳари илм бахшанд. Онҳо ҳамчун олим ва муҷтаҳидони бузургу нуктасанҷ дар илмҳои мухталифи даврони худ кашфиётҳои бузургеро анҷом доданд.
Каломи равону дилпазир ва таҳлили амиқи илмие, ки дар осори мутафаккирони мо дида мешавад, аз ихлоси бузурги онҳо ба илму дониш ва аз таҷрибаи бузургашон дар эҳёи илмҳо башорат медиҳад. 
Онҳо дар баробари улуми диншиносӣ илми адаб, ҳандасаву нуҷум, тиб, риёзиёту табиатшиносӣ, таъриху ҷуғрофия, фалсафа ва дигар равияҳои илми замони хешро инкишоф медоданд.
Осори Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва даҳҳо тан аз нобиғаҳои асрҳои миёна ҳамчун сарчашмаи мӯътамад дар омӯзиши илми тиб ба шумор мераванд. Олимони бузурги тоҷик дар соҳаи тиб усулҳои мукаммали ташхиси беморӣ, муолиҷа ва ҷарроҳиро кашф ва ривоҷ додаанд. Аз миёнаи асри XVI «Ал-Қонун»-и Ибни Сино ва «Тибби Мансурӣ»-и Закариёи Розӣ дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун воситаи таълим дар омӯзиши илми тиб истифода мешуданд. Духтурони чашм дар Англия то охири асри XVIII аз китоби Алӣ ибни Исои Бағдодӣ «Роҳнамои чашмпизишкон» ҳамчун китоби дарсӣ истифода мекарданд.
Олимони Шарқи асримиёнагӣ дар илмҳои ситорашиносӣ ва ҳисоб низ саҳми босазое гузоштанд. Осори ал-Хоразмӣ, Хайём, Хоҷа Насриддини Тӯсӣ ва дигарон аврупоиёнро бо низоми ҳисоби даҳӣ ва илми алҷабр шиносонданд, ки баъдан дар Аврупо бо номи «алгебра» машҳур шуд. Онҳо дар баробари рушди илму маориф низоми таълимро низ хеле ривоҷ доданд.
Дар аксар шаҳру мамлакатҳои мусулмонӣ донишгоҳҳое аз қабили «Низомия», «Мустансирия», «Ҳалавия», «Ҷавзия», «ал-Азҳар» ва ғайра вуҷуд доштанд, ки асосгузорони онҳо фарзандони фарзонаи Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон низ буданд. Маҳз ин мадрасаҳои олӣ барои пайдоиши нахустин донишгоҳҳои аврупоӣ дар асрҳои минбаъда ҳамчун намуна хидмат карданд.
Аввалин донишгоҳҳои Аврупо баъди таъсиси донишгоҳи «Низомия», ки бунёди онро Низомулмулки тоҷик гузошта буд, ба вуҷуд омадаанд ва дар ибтидои фаъолияти худ осори ниёгони моро дар баробари дастовардҳои илмии аврупоиён тарҷума намуда, ба шогирдон таълим медоданд.
Муҳаққиқи фаронсавӣ Робер Бриффо барҳақ гуфтааст: «Ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки мо аз илму фарҳанги исломӣ бархурдор намешудем, тамаддуни муосири Аврупо аслан ба вуҷуд намеомад. Мусаллам аст, ки онҳо намешуданд, тамаддуни мо шаклу ранги имрӯзаашро намегирифт ва ба марҳалаҳои нави инкишоф ворид намешуд».
Хидмати мутафаккирони бузурги мо, ки дастпарварони як Фарҳангистони мукаммал ё худ Академияи нодири илмӣ буданд, имрӯз низ намунаи олии фидокорӣ дар роҳи илму маърифат мебошад.
Аз ин рӯ, шумо ҷавонони илмдӯсти тоҷик бояд сазовори номи он нобиғаҳои оламшумул гардед ва бо тадқиқоту ихтирооти тозаи худ шӯҳрати илми ватаниро баланд бардоред.                                                                                       
Мо аз кашфиётҳои бузурги олимони муосирамон дар соҳаҳои зилзиласанҷӣ, ситорашиносӣ, бостоншиносӣ, тиб, илмҳои дақиқ  ифтихор дорем, зеро натиҷаи тадқиқоти онҳо дар саросари ҷаҳон истифода гардида, ҳатто бо номи баъзе аз олимони тоҷик номи ситораҳоро гузоштаанд. Имрӯз майдони илму маориф барои олимон фарох буда, халқ аз намояндагони арҷманди хеш осори нодир ва кашфиётҳои навро интизор аст.
Чунки дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти муосири илму техника ва технология бе ихтирооти тоза, бе мутахассисони варзида ва дорои малакаи баланди касбӣ пешрафти ҷомеа ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Академияи илмҳоро зарур аст, ки дар самтҳои асосии рушди техника ва технологияи муосир нақшаи  асосноки таълиму тарбияи мутахассисони ҷавонро пешниҳод намоянд. 
Такя ба нерӯҳои ақлонӣ – зиёиёни мамлакат ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва илму дониш мебошад. Ин мавқеи эътимодбахши Ҳукумати ҷумҳурӣ таи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.
Бесабаб нест, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз нахустин марҳилаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба нерӯҳои ақлонии мамлакат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз фикру андеша, хулосаҳои собитшудаи илмӣ, донишу малака ва таклифу пешниҳодҳои онҳо самаранок истифода менамояд.
Асри XXI – садаи рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, дараҷаи омӯзиш ва татбиқи амалии онҳо пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фаъолияти пурсамари шумо – омӯзгорон ва таҳсили босифати мактабиёну донишҷӯён вобаста аст.
Ҳоло талаботи замон ба фаро гирифтани илму дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм ба манбаи арзишманд, нерӯи истеҳсолкунанда ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст. Вобаста ба ин ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як шахс дар ҷомеа бояд соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар бошад.
Дар робита ба ин аз уламои дин ва имомхатибон тақозо мешавад, ки дар баробари тарғибу ташвиқи фарҳанги исломӣ дар мавъизаҳои худ бештар ба моҳияти омӯзиши касбу ҳунар, илму дониш барои ҷавонон таваҷҷӯҳ намоянд. Зеро дар ҳадиси Расули акрам омадааст, ки илм агар дар Чин бошад, биомӯз. 
Рушди минбаъдаи мактаб пеш аз ҳама ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва омӯзгорони сазовори касби хеш алоқаманд аст. Бинобар ин, агар имрӯз ба тарбияи ворисони соҳибмаърифати илму донишандӯхта ва содиқ ба миллату Ватани хеш бо ҳисси масъулият муносибат накунем, ифтихори миллии мо тадриҷан ба зоҳирпарастӣ табдил ёфта, сарфарозӣ аз дастовардҳои бузургони гузаштаамон маънои  худро гум хоҳад кард.  
Беҳдошти сифати таълим, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ, тақвият бахшидани самтҳо ва равияҳои тадқиқоти кафедраҳо, фаъолияти маҳфилҳои илмии донишҷӯён, ҷалби ҷавонони боистеъдод ба корҳои илмию тадқиқотӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи маориф ва дар ҳамин замина ташаккули тафаккури техникӣ ба шумор мераванд.
Дар баробари ин, аз курсҳои аввал ба қобилият ва зеҳни донишҷӯён таваҷҷӯҳ намуда, беҳтарини онҳоро ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ва озмоишиву лабораторӣ ҷалб бояд кард. Зеро ҳамгироии илм бо истеҳсолот тавассути таҳсилот ва аз зинаҳои аввалини он амалӣ мегардад. Танҳо бо ташкили дурусти ин раванд мо метавонем барои имрӯзу фардои кишвар мутахассисони сазоворро тарбия кунем.
Ҳамзамон рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, аз қабили ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ набудани сатҳи омодагии касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бе дарназардошти талаботи иқтисоди  миллии мамлакат омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои якхела дар якчанд мактаби олӣ, нокифоя будани мутахассисон ва заминаҳои таълимиву методӣ барои тарбияи кадрҳо аз рӯи як қатор ихтисосҳои зарурӣ ва монанди инҳо вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати маориф маҳсуб меёбад.
Моро зарур аст, ки аз усули миқдории омода кардани мутахассисон даст кашида, бевосита ба сифати омода кардани мутахассисони дорои ихтисоси баланд ва ба рақобат дар бозори меҳнат тобовар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Талаботи ҷомеа тақозо дорад, ки имрӯз на ба миқдор, балки ба сифат афзалияти бештар дода шавад.
Масъалаи муҳими дигар дар низоми таҳсилоти олӣ пайванди бештар ва амиқи илм бо истеҳсолот аст. Ин имкон медиҳад, ки мутахассисони оянда дар истеҳсолот таҷриба ва малакаи хуби касбӣ ҳосил намоянд ва ба фаъолияти босамари амалӣ ҳар чи бештар ва хубтар омода гарданд. 
Ҳамин тариқ тақвияти нерӯи илмии муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз вазифаҳои муҳими рӯз аст. Аз ин лиҳоз зарур аст, то дар назди донишкадаҳо ва донишгоҳҳо таъсиси институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби маблағҳои дохилӣ амалӣ карда шуда, барномарезии тадқиқоти муназзами илмӣ ба таври ҷиддӣ такмил дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам дар атрофи масъалаи ниҳоят муҳим ибрози ақида намоям. Чуноне ки маълум аст, давлатҳои тараққикардаи саноатии Аврупо рушди иқтисодиёташонро дар замони худ  маҳз аз инкишофи соҳаҳои саноати сабук оғоз намуданд. Зеро рушди соҳаи мазкур сарфи маблағҳои калонро тақозо наменамояд ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин хароҷотро ба пуррагӣ мепӯшонад. Инчунин барои рушди соҳаҳои дигари саноат шароиту заминаи хуб муҳайё месозад.
Имконияти ривоҷ додани саноати сабук дар шароити Тоҷикистон бо сабаби арзон будани ашёи хоми саноатӣ ва қувваи корӣ хеле мувофиқ аст. Ягона монеае, ки дар самти рущди саноати сабук вуҷуд дорад,    нарасидани мутахассисони соҳибкасб мебошад.
Дар робита ба ин ба вазоратҳои маориф, энергетика ва саноат, иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки дар базаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масъалаи таъсис додани факултет ва шӯъбаҳое, ки мутахассисони соҳаи саноати сабукро омода месозанд, омӯхта ба Ҳукумат  таклиф манзур намоянд.
Вазифаи муҳими дигари Вазорати маориф ҳамоно такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои олӣ мебошад. Мусаллам аст, ки дар шароити рушди бесобиқаи илму дониш тарзу шакли таълим такмил меёбанд. Истифодаи нерӯи бузурги илмӣ ва илмӣ-методии донишгоҳҳои базавӣ ва таҷрибаи онҳо барои баланд бардоштани сатҳи ихтисоси омӯзгорон зарур аст. Ин бошад таъсиси Донишкадаи такмили тахассуси омӯзгорони мактабҳои олиро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки масъалаи дар базаи Маркази такмили ихтисоси омӯзгорони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис додани Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ таклиф пешниҳод намояд.  
Умуман соҳаи маорифи кишвар дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо мавқеи аввалиндараҷа дошта, бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири гарони манфӣ расонид, барои соҳаи маориф ягон монеа ё маҳдудияте ҷорӣ нагардидааст.
Баръакс дар чунин шароит мо маблағгузорӣ ва сохтмони мактабҳоро зиёд намудем. Фақат дар давоми ду соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 312 бинои мактаб барои 57 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи қариб 305 миллион сомонӣ ва дар як соли охир бошад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 184 мактаб барои 35 ҳазор ҷои нишаст ба маблағи 245 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ сохтмони мактабҳо се маротиба афзудааст.
Гузашта аз ин лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки ислоҳоти ҷиддии соҳаи маорифи ҷавобгӯи рушди иқтисодиёти муосирро фарогир аст, омода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Соли гузашта дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов таъсис дода шуд. Соли равон бошад боз филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва филиали Донишгоҳи миллии техникии Харкови Украина  дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ мегарданд.
Шомил гардидани кишвари соҳибистиқлоли мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, қабули як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ, интегратсия дар низоми маориф, табодули донишҷӯён ва кормандони илмӣ, эътирофи баробарарзишии дипломҳо ва бисёр масъалаҳои дигари марбут ба низоми омода намудани мутахассисони варзида роҳи васеъро барои ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки инро худи ҳаёт тақозо дорад, беш аз пеш боз менамояд.
Дӯстони азиз!
Азбаски вохӯрии мо дар Кохи мӯҳташами илму фарҳанг - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир мегардад, мехоҳам ба таври мухтасар дар бораи фаъолият ва бурду бохти ин боргоҳ ибрози ақида намоям.
Ин донишгоҳ яке аз нахустин мактабҳои олии Тоҷикистон ва пойгоҳи асосии илму маърифати мамлакат ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  саҳми бузург гузоштааст.
Донишгоҳи мазкур аввалин муассисаи таҳсилоти олии кишвар мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллӣ ва худмухторро соҳиб гардидааст. 
Дар тӯли даҳсолаҳои фаъолият ин даргоҳи илму маърифатро бештар аз 100 ҳазор мутахассиси варзида хатм намуда, ҳоло дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз марзи он дар соҳаҳои гуногуни илму маориф, фарҳанг ва сохторҳои роҳбарикунандаи давлатӣ кору фаъолият дорад.
Бо назардошти он ки имсол «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардидааст, мо бояд дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонем. Бо вуҷуди он ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳоло ҳам таъсири манфии худро ба иқтисоди  миллӣ расонида истодааст, Ҳукумат  барои сохтмони биноҳои мӯҳташами факултетҳои физика, математика, геология ва биология маблағи зарурӣ, аниқтараш 36 миллион сомонӣ ҷудо намуд.
Сохтмони ин биноҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда, аз ҳамин рӯз дари онҳо ба рӯи донишҷӯён боз гардид. Донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки дар синфхонаҳои барҳаво ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз бомуваффақият таҳсил намуда, касбу дониш андӯзанд.
Басо рамзист, ки дар Рӯзи дониш, «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ба истифода додани ин биноҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон тӯҳфаест аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои шумо, донишҷӯёни азиз!
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тамоми сохтмончиёне, ки дар бунёди ин иншоотҳои ҳозиразамони таълимӣ ширкат варзиданд, арзи сипосу миннатдории худро изҳор медорам.
Инчунин, ба роҳбарияти Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ супориш дода мешавад, ки дар Шаҳраки донишҷуён ба сохтмони китобхонаи донишгоҳ ва 4 толори варзишии муҷаҳҳаз оғоз намуда, онҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба истифода диҳанд. 
Дар назди Донишгоҳи миллӣ таъсис ёфтани Маркази биотехнологӣ низ яке аз қадамҳои ҷиддии рушди ин соҳа мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои асосии маркази биотехнологӣ таҳкими равобити илм бо истеҳсолот мебошад. 
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар мӯҳлатҳои наздик харидорӣ намудани техникаю таҷҳизотҳои муосири озмоишии ин марказро ба роҳ монда, робитаҳои онро бо институтҳои илмию тадқиқотии дохил ва хориҷи кишвар мустаҳкам сохта, барои пешрафти ин соҳа тадбирҳои амалӣ андешад.
Дар воқеъ, раванди бунёдкорӣ дар донишгоҳ пурсамар ҷараён дорад ва ба сифатан беҳтар гардидани ҷараёни таълим, тайёр кардани мутахассисони донишгоҳӣ, тадриҷан таҳким бахшидани пояи моддӣ-техникии раванди таълим, пайванди илм ва истеҳсолот, омода намудани мутахассисони илмӣ-омӯзгории соҳибунвон, ривоҷ додани корҳои тарбиявӣ нигаронида шудааст.
Ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бобати таъсиси литсеи табиию риёзӣ воқеан иқдоми хуб аст. Зеро солҳои охир бо сабабҳои гуногун таълиму тадриси илмҳои табиию риёзӣ, ки ҷавҳари тафаккури техникӣ мебошанд, то андозае коста гардида, хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ ба омӯзиши ин фанҳо нисбатан кам ҷалб мегардиданд.
Аз ин ҷиҳат, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфтани чунин литсей барои омода намудани мутахассисони оянда дорои аҳамияти фавқулода муҳим мебошад. Ба хонандагони ин литсей устодони варзида ва олимони шинохтаи донишгоҳ таълим медиҳанд.
Боварии комил дорам, ки тавассути ин ташаббуси донишгоҳи бузургтарини кишвар дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои боз ҳам беҳтару хубтар дар илмҳои табиию риёзӣ ноил мегардем.                                         
Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Бо истифода аз фурсат мехоҳам дар атрофи як масъалаи хеле муҳим ибрози ақида намоям.
Кӯшишҳои таъсир расонидан ба ҷаҳонбиниву андешаи ҷавонон аз ҷониби ҷараёну равияҳои ифротгаро дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ вақтҳои охир ба назар мерасанд.
Онҳо дар байни донишҷӯён корҳои тарғиботӣ бурда, ба ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони камтаҷриба ва сатҳи дониши сиёсиашон пастро зери таъсири худ гиранд.
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз фориғболии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷараёнҳои гуногуни тундраву ифротгаро ба мактабҳои олӣ ворид гардида, иддае аз ҷавонони ноогоҳро ба тарафи худ моил менамоянд. Ҷавонони ноогоҳу камтаҷриба, ки ба ин ва ё он ҷараёни ифротӣ шомил гардидаанд, аксарашон маълумоту маърифати кофӣ надоранд.
Дар робита бо ин хотиррасон карданиам, ки дар воқеаҳои фоҷиабори ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҷавонони камтаҷрибаю сатҳи худшиносии миллиашон паст дар зери таъсири тарғиботи гурӯҳҳои ифротгаро ва бегонапараст монда, ба майдонҳо кашида шуданд ва  қисме аз онҳо барабас қурбони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд.
Шумо, ҷавонон, махсусан, донишҷӯёни азизро даъват менамоям, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна тарғиботи барои фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардуми мо бегонаву харобиовар нашавед, барои шукуфоӣ ва рушду нумӯи Ватани маҳбубамон доимо дар талош бошед. Дар мақолаву асарҳо ва суханрониҳоям дар конференсияву симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати Соли бузургдошти Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири дини мубини ислом - ҳанафия масъалаи озодии виҷдон, муносибати давлат ба дин, давлат ба мазҳаб ба таври мушаххас ва возеҳу равшан муайян гардидааст
Давраи донишҷӯиро давраи пурсамари ҷавонӣ меноманд. Зеро солҳои донишҷӯӣ айёми ташаккули шахсият мебошад. Дар ин давра шахс донишҳои илмӣ ва таҷрибаи ҳаётиро аз бар намуда, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд. Худро ба ҳаёти мустақил ва фаъолияти пурсамару муфид ба нафъи ҷомеа омода месозад.
Бинобар ин шумо бояд ҳар лаҳзаи қимати ин давраро бо дарки масъулияти ҷиддӣ пурсамару судманд истифода баред. Барои илму донишомӯзии шумо Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароитро муҳайё сохтааст.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба он ҷалб намоям,   ҳолати корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни донишҷӯён мебошад, ки мақому манзалати он аз корҳои таълимӣ камӣ надорад. Бешак, бо донишҷӯ ё мутахассисе, ки мавқеи солим, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ надорад, дар оянда ҷомеаи солиму мутамаддин бунёд кардан аз имкон берун аст. Вале, мутаассифона, роҳбарони мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо вақтҳои охир диққати асосиро ба тадрису таълим равона карда, ба корҳои тарбиявӣ ба таври ҷиддӣ машғул намешаванд. 
Минбаъд моро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ намудани фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар, дар баробари баҳо додан ба фаъолияти таълимию тадрисии онҳо, вазъи корҳои тарбиявиашон низ ба инобат гирифта шавад.
Донишкадаҳо ва донишгоҳҳое, ки дар онҳо фаъолияти тарбиявӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст, сарварони онҳо ҳуқуқи маънавии дар ин муассисаҳои таълимӣ роҳбарӣ карданро надоранд. Агар мо хоҳем, ки Ватани азизамон -Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда ва пешрафта бинем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда, ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи шароитро муҳайё созем, то ки онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ ва навоварӣ машғул шаванд.
Танҳо татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи ин вазифаҳои муҳим имкон медиҳад, ки мо ба ҳадафҳои миллии хеш дар соҳаи маориф - таъмини сатҳи муосири ҷаҳонии низоми таълиму тарбия ноил шавем. Ин низом рушди босуръат ва босифати таълимро таъмин намуда, ҳамзамон дар тарбияи маънавии ҷомеа ва ҳар фарди он баҳри пешрафтҳои азим дар кишвари азизамон – Тоҷикистон замина фароҳам хоҳад овард.
Боварӣ дорам, ки бо нерӯи бузурги шумо, устодону омӯзгорони арҷманд ва донишҷӯёни азиз, тамоми аҳли зиё ва кулли халқи шарифи кишвар мо ба ин ҳадафи воло ва таърихӣ дастёб хоҳем шуд.
Ин боиси он хоҳад гашт, ки сафи зиёиёни кишвар, ин табақаи пешоҳангу ибратбахшу фаъоли ҷомеа миқдорану сифатан ба куллӣ беҳбуд хоҳад ёфт ва онҳо рисолати азалии худ – яъне дар байни мардум коштани тухми маърифат, таблиғи арзишҳои ҷовидонаи миллию умумибашарӣ ва тарбияи инсони комилро бо сарбаландӣ ба сомон мерасонанд.
Зиёиён бояд бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек беш аз пеш тимсоли ватанпарастию миллатдӯстӣ бошанд, мардумро ба қадршиносии сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ ҳидоят намоянд, меҳр ва эътиқоди ҳамватанонро ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли хеш – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ таҳким бахшанд, чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ доранд.
Дар Рӯзи дониш, дар мулоқот бо шумо, олимону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, аҳли маорифи кишвар ин орзую омол мазмуну мундариҷаи хос касб менамоянд.
Бо чунин таманниёти нек ҳамаи шумо ва дар симои шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи дониш ва фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сидқан табрик намуда, ба ҳамаатон сиҳатию саломатӣ, хонаи обод, азми матин ва комёбиҳои навинро дар ин шоҳроҳи беинтиҳои илму дониш орзумандам.

Сарфарозу хушбахт бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 738

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед