logo

ҳукумат

Гузориш аз ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 августи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он наздики 50 масъала баррасӣ ёфт.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо доир ба рафти иҷрои Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки барои татбиқи васеи ин барнома  4 барномаи дигари соҳавӣ оид ба коркарди пурраи нахи пахта, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва доир ба рушди саноати сабуки мамлакат таҳия ва қабул гардид, ки имрӯз босамар татбиқ мешаванд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки оид ба фаъол гардондани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, афзун кардани ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои корӣ ва диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои муассир андешида, амалӣ намоянд. 
Вазири фарҳанги мамлакат оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ҳисобот дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазири фарҳанг оид ба ҳифз ва нигоҳубини ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии мавзеъҳои таърихӣ,  омодасозии кадрҳои баландпояи соҳа, чопи китобҳои дарсию дигар маводи таълимӣ ва вусъат додани корҳои эҷодӣ супоришҳои қатъӣ дод.
Ба Ҳукумати мамлакат ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд оид ба татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҳисобот дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Хуҷанд оид ба расондани кӯмакҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва пирону барҷомондагон, хусусан дар арафаи иди саиди Фитр, пешгирӣ аз тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони манзил ва   вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ супоришҳои мушаххас дод.
Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030, Барномаи рушди соҳаи   занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ карда шуданд.
Мутобиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки марҳилаи сеюми ин кор ба шумор хоҳад рафт, бояд дар зарфи 5 сол 1 компютер ба 15 нафар хонанда рост ояд. Ҳоло дар мактабҳои мамлакат 1 компютер ба 22-27 хонанда рост меояд. Танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 компютер ба 12 хонанда рост меояд, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар аст.
Тибқи Барномаи рушди соҳаи   занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 бояд шумораи оилаҳои занбӯр аз 140 ҳазори имрӯза ба 175 ҳазор ва истеҳсоли асал дар соли 2011 ба 2652 тонна ва дар соли 2016 то 3 ҳазор тонна расонда шавад. Тибқи барнома ҳамчунин оид ба воридсозӣ ва парвариши зотҳои хуби занбӯри асал ва беҳ намудани заминаи моддию техникии занбӯрпарварӣ  тадбирҳои судбахш андешида хоҳанд шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба қонун «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Асппарвар» таъсис дода шуд.
Бо як силсила қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як зумра шаҳру ноҳияҳо қитъаҳои замин ҷудо карда шуданд, ки бояд ба аҳолии ниёзманд бо меъёрҳои муайян ва тибқи талаботи қонунгузории кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шаванд.  Ҳамин тариқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 89 гектар барои 1008 оила, ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 2046,72 гектар барои 16022 оила, ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд 314,22 гектар барои 2711 оила, ба ноҳияи Ҳисор 1298,7 гектар барои 19014 оила ва ба ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 308,48 гектар барои 1835 оила ҷудо карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои тақсимоти одилонаи заминҳо комиссияҳои босалоҳияти ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд, то ки онҳо ин равандро зери назорат дощта бошанд.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки бинобар афзоиши талаботи бозори молӣ ба пулҳои арзишашон баланд аз рӯзи 10 – уми сентябри соли равон илова ба пулҳои дар гардишбуда нишонаҳои пулии арзиши 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд.
Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҳамчунин ба масоили омодагии ҷиддӣ ба давраи тирамоҳу зимистони пешомад, истиқболи сазовор аз солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва кӯмаку дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар арафаи иди саиди Фитр ҷалб намуда, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ба қадри кофӣ гази моеъ, ангишт ва маводи ғизоӣ барои зимистон захира намоянд. Маслиҳат шуд, ки фитри рӯза ва дигар хайроту садақот, аз ҷумла бо лампаҳои каммасрафи барқӣ танҳо ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ дода шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар арафаи иди саиди Фитр ва 19-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми бозорҳо ва дигар ҷойҳои сераҳолӣ фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои арзон амалӣ гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1141

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед