logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Душанбе, 31 августи соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва соли нави хониш, инчунин дар доираи чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон – шаҳри Душанбе боз як муассисаи наву замонавии таълимӣ - мактаби миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Бофанда ба истифода супурда шуд.
Ҳамаи шумо - хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи пойтахтро ба муносибати ифтитоҳи ин муассисаи навбунёди таълимӣ самимона табрик мегӯям.
Воқеан мактаб парваришгоҳи илму дониш, сайқалгоҳи ақлу хирад ва хазинаи маънавии ҳар як қавму миллат, аз ҷумла халқи қадимаи тоҷик ба шумор меравад. Ҳазорон нобиғаҳои илму адаб ва фарҳанги безаволи мо дар оғӯши мактаб ва бо қаламу китоб ба камол расида, аз худ осори гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ гузоштаанд, ки ҳамаи онҳо имрӯз сарвати бебаҳои маънавии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд.
Аз ин рӯ, ҷаҳониён мардуми моро, пеш аз ҳама, бо китобу қаламаш мешиносанд ва ҳамин китобу қалам буд, ки Авасто ба вуҷуд омада, ниёгони моро ба тамаддунсозиву тамаддунофарӣ ҳидоят намуд. Махсусан осори беш аз ҳазорсолаи илмиву адабӣ ва таърихиву фалсафии бо хатҳои гуногуни ниёгони мо боқимонда имрӯз низ метавонад инсонҳоро ба роҳи росту дуруст раҳнамоӣ созад.
Маҳз асолати деринаи расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг мову шуморо водор месозад, ки дар шароити инқилоби навини илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсон ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба пешбурди сатҳи таълиму тарбияи насли имрӯзу фардои кишварамон муваффақ гардем. Агар мову шумо хоҳем, ки давлати пешрафтаву мутамаддин ва насли дорои фарҳангу тафаккури техникӣ ба камол расонем, бояд аз дастовардҳои навини илму истеҳсолот ва технологияи инноватсионӣ, ки имрӯз омили муайянкунандаи рушди иқтисодиёт ва таъминкунандаи сатҳи зиндагӣ гардидааст, дар канор намонем.
Аз ин хотир, қариб соле нест, ки ман дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар дар ифтитоҳи мактабҳои нав ва муассисаҳои таълимӣ ширкат наварзам ва аз аҳамияти бузурги илму маориф сухан нагӯям.
Бунёду азнавсозии мактабҳои замонавии дорои таҷҳизоту лавозимоти муосири таълимӣ, истифодаи технологияи компютерӣ ва дигар васоити техникӣ сатҳи маърифату тафаккури наврасону ҷавонони моро  баланд бардошта, раванди инкишофи ҷомеаро тадриҷан густариш медиҳад ва фарзандони мову шуморо ба ҷодаи эҷодкориву ҷӯяндагӣ ҳидоят менамояд.
Бо дарназардошти ин нукта, мо соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардаем, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби имрӯза намунаи возеҳи он мебошад. Мактабе, ки ҳоло мову шумо дар оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш ба истифода супурдем, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бо сарфи қариб 8 миллион сомонӣ сохта шудааст. Ин боргоҳи нави маърифат аз 3 ошёна, 40 синфхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Ҳамзамон бо ин, мактаби мазкур бо синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, аз қабили физика, кимиё, биологияву риёзиёт, технологияи иттилоотиву ҳифзи муҳити зист имконияти дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 2600 нафар хонандаро дорад.
Бояд гуфт, ки ин мактаби навтаъсис  ба равияи биология ва экология махсус гардонида шуда, таваҷҷӯҳи насли ҷавонро ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, дастовардҳои навини илмҳои биология ва табиатшиносӣ, ки яке аз масъалаҳои глобалии асри мо мебошад, равона месозад.
Мо солҳои охир баробари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба равиябандии мактабҳо аз рӯи завқу истеъдоди хонандагон шурӯъ кардем, ки пойтахти кишварамон дар ин раванд ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Дар пойтахти кишвар имсол 4 мактаби махсуси дорои  равияҳои риёзиву физика ва технологияи иттилоотӣ, кимиёву илмҳои табиатшиносӣ ва  аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русиву англисӣ  таъсис ёфтанд, ки аз рӯи озмун хонандагони болаёқату соҳибистеъдодро ба таҳсил фаро мегиранд. 
Шумо хуб медонед, ки солҳои охир барои истифода додани даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимии пойтахт аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ агар дар соли 2009-ум 74 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф ба 84 миллион сомонӣ расидааст. Танҳо соли 2009 дар шаҳри Душанбе 7 мактабу гимназияи нав бунёд ва 15 мактаби дигар таъмиру азнавсозӣ гардид. Имсол низ ин раванд идома дошта, ғайр аз мактаби мазкур, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, дар ҳудуди пойтахт сохтмони боз бинои чор мактаби нав, ки барои 2230  хонанда пешбинӣ шудааст, босуръат идома дошта, ҳамаи онҳо то охири сол ба истифода дода мешаванд.
Илова бар ин, барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар рӯзҳои наздик сохтмони мактаби нав барои 320 хонанда оғоз мегардад, ки то 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз масъалаи инкишофи техникаву  технологияи муосир ва рушди маърифату тафаккури техникии хонандагону донишандӯзон тақозо менамояд, ки заминаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, хонандагони болаёқату ихтироъкор ва навовару ҷӯянда дар мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва литсею гимназияҳо беҳтар ба роҳ монда шавад.
Мехоҳам вобаста ба ин як нуктаи бисёр муҳимро таъкид намоям, ки мактабҳои шаҳри Душанбе ва шогирдони онҳо аз лиҳози сатҳи донишандӯзӣ, ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқ ва кӯшишу ғайрат намунаи ибрат бошанд. Зеро Душанбе пойтахт, яъне маркази илму дониш ва фарҳангу маърифати Тоҷикистон мебошад.
Илова ба мактаби навбунёди имрӯза ва дигар муассисаҳои таълимӣ соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе теъдоди зиёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, шароити таъминоти онҳо бо обу гармӣ беҳтар карда шуд, сохтмони чандин хонаҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадор ба анҷом расонида, ҳамчунин ба маблағи қариб 5 миллион сомонӣ нахустин Маркази барқарорсозии иҷтимоӣ дар маҳаллаи 191-ум барои 280 ҷой сохта шуд, ки ҳамаи иншооти зикршуда омодаи баҳрабардорӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии маблағи барои онҳо сарфшуда 51 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамаи шумо дида истодаед, ки ба шарофати меҳнати созандаи мардуми бунёдкорамон шаҳри Душанбе рӯз то рӯз ободу зебо ва замонавию мӯҳташамтар шуда истодааст.
Акнун зарур аст, ки сокинони пойтахт ин иншооту иморатҳоро самаранок истифода баранд, онҳоро эҳтиёт кунанд ва барои боз ҳам зебову дилрабо шудани шаҳрамон ҳиссагузор бошанд. Чунки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу ободгар буда, пойтахти азизи худ, кӯчаву хиёбонҳо ва хонаву кошонаҳои зисти хешро дар арафаи идҳову маросимҳои мардумӣ тозаву озода мекунанд.
Шаҳри Душанбе барои ҳар як сокини пойтахт симои давлату давлатдорӣ ва тимсоли фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозии миллат буда, тозаву озода нигоҳ доштани он вазифаи  натанҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, балки вазифаи ҳар як сокини шаҳр мебошад.
Умедворам, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумо- аҳли маорифи пойтахт ва устодону омӯзгорон барои ба сатҳу сифати ҷаҳонии таҳсилот расонидани шогирдону дастпарварони имрӯзу ояндаатон ҳамаи донишу таҷрибаи худро сарф менамоед.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил, инчунин солгарди навбатии истиқлолият табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон умри пурбаракат, маърифати баланд ва комёбиҳои навини илмиву эҷодӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 653

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед