logo

иҷтимоиёт

Тасаллият нисбати даргузашти Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода

7 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сабаби фавти раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода ба пайвандони марҳум, хешу ақрабо ва шогирдону дӯстони сершумори ӯ изҳори тасаллият кард. Дар номаи тасаллияти Сарвари давлат аз ҷумла омадааст:
Қалби яке аз уламои маъруф ва пешвоёни дини мубини ислом, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода баъди бемории вазнини тӯлонӣ дар синни 75-солагӣ дар рӯзи 27-уми моҳи мубораки Рамазон, дар даҳаи раҳоӣ аз оташи дӯзах аз тапидан бозмонда, рӯҳаш ба раҳмати илоҳӣ пайваст.
Ҷаҳони ҳастиро шахсияте падруд гуфт, ки умри пурбаракати худро дар роҳи хидмати софдилона ба ислому мусулмонон, ба халқу Ватан, тарбияи рӯҳонӣ ва ахлоқии мардум, тарғибу ташвиқи эҳсоси ватандӯстӣ, даъват ба якпорчагӣ, иттиҳоду иттифоқ ва сулҳу салоҳ сарф намудааст.
Амонулло Неъматзода 5 октябри соли 1935 дар деҳаи Бузургиёни собиқ ноҳияи Обигарм таваллуд шудааст. То соли 1983 ба ҳайси корманди оддӣ дар муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1983 то соли 1989 ба ҳайси имоми панҷвақта дар масҷиди ҷомеи ба номи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз соли 1989 то соли 1993 имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеи  ба номи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархии ноҳияи Рӯдакӣ ва аз соли 1993 то соли 1996 ба ҳайси хатиби масҷиди ҷомеи мазкур кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 1997 ба вазифаи Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1997 ба вазифаи раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва то охири умри худ дар ин вазифа кор ва фаъолият кард.
Амонуллоҳ Неъматзода узви чандин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла узви Шӯрои адёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, узви ҷамъияти Даъваи Олами Исломӣ дар Ҷамоҳирии Арабии Либия буд.
Хидматҳои Амонуллоҳ Неъматзода ҳамчун сарвари мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти фаъолияти масҷидҳо, пешгирӣ аз ҳар гуна равияҳои тундраву ифротгаро намоён аст. Тӯли солҳои фаъолияти худ номбурда дар интишори таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, боло рафтани маърифати исломӣ, инчунин дар мавриди риояи қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби мусулмонон ва иттиҳодияҳои динӣ хизматҳои шоён намудааст.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 300

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед