logo

маориф

Низоми таҳсилоти 12-сола -тақозои замон ва кафолати рушди таҳсилот

Низоми нави таҳсилоти 12-сола яке аз тадбирҳои ба низоми ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани низоми таҳсилоти кишвар аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 15 апрели соли  2009 таъкид шуда, аз як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ба мисли Созишномаи ҳамкорӣ оид ба ташкили фазои ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Консепсияи ягонаи таҳсилоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил маншаъ мегирад.

Мутобиқ сохтани низоми таҳсилот ба стандарти ҷаҳонӣ зарурати қабул ба синфи 1 аз синни 6-сола, гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии асосии 10-сола ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 12-сола, ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбӣ (дар синфҳои 11 ва 12), дар заминаи литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондани захираи таълими равиявӣ ва касбиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меорад.
Мақсад аз он беҳбудии сифати таълим, амиқ ва ҳамаҷониба аз худ намудани фанҳо, такмили сатҳи ҷаҳонбинии мактабиён ва дуруст ба даст овардани иттилоот, инчунин муттаҳид гардонидани ҷомеа, нигоҳ доштани фазои ягонаи иҷтимоию фарҳангии мамлакат, баробарии фарҳангҳои миллӣ ва халқиятҳои ҷумҳурӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва аз байн бурдани зӯроварию нобаробариҳои иҷтимоӣ аст.                                                                                               
 Ин низом қабл аз ҳама, барои ба даст овардани дониши босифат равона шуда, новобаста аз маҳал, миллат, вазъи иҷтимоӣ, мувофиқи майлу хоҳиш ва завқи табиӣ баробарҳуқуқии ҷавононро таъмин  менамояд. Мактаб бобати омодасозии шахсиятҳои баркамол, дастгирии кӯдакон, наврасон, ҷавонони болаёқату боистеъдод ва шароити мусоид фароҳам меоварад.
Солҳои 90-уми садаи XX тағйироти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа дар тафаккури насли наврас ва волидайни онҳо як навъ дилсардиро нисбат ба мактаб ва таълиму тарбия  ба вуҷуд овард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдани ин вазъияти ногувор аз оғози солҳои 2000-ум маблағгузориро ба соҳаи маориф афзуда, соҳаи  маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат эълон кард ва ғамхориро ба ин соҳа бештар сохт.
Сохтмони мактабҳо ва таъмиру тармими онҳо, ба тасвиб расидани чандин қарорҳои муҳим доир ба маориф, таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои педагогӣ, чопи  китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ, компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, барқарор намудани чанде аз имтиёзҳои онҳо  далели равшани дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Барои амалӣ сохтани ҳадафҳои низоми нав гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ, таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои  буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, таҷдиди сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ сохтани он зарур мебошад.                Ҳадафи сиёсати давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф тарбияи шахсияти соҳибмаълумот, донишманд, навҷӯ, эҷодкор ва дорои тафаккури техникӣ  мебошад, ки мувофиқи талаби замон дар рушди ҷомеаи миллӣ ва умумибашарӣ саҳм гузорад.         
Барои ноил  шудан ба ҳадафҳои мазкур дастрасии донишҳои замонавӣ барои муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодӣ бо мақсади ҷалб ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор мустаҳкам ва устувор намудани робитаи дуҷонибаи мактаб ва оила, такмили назорати ҷомеа аз болои фаъолияти таълимии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, беҳтар ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии  омӯзгорон, ба роҳ мондани низоми нави таълим дар асоси талаботи иқтисоди бозаргонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилият ва истеъдоди эҷодии хонандагон, васеъ татбиқ намудани таълими инфиродӣ, экстернӣ, фосилавӣ,  иловагӣ, шабона ва ғоибона, мутобиқ сохтани мазмуни таҳсилот ба талаботи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги экологӣ ва малакаҳои эҷодии хонандагон, муҳайё сохтани шароит барои рушди зеҳнӣ ва ақлонии онҳо, ба низом даровардани маблағгузории сарикасӣ ва шартномавӣ, ба роҳ мондани худмаблағузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, такмили хизматрасонии таълими иловагии пулакӣ барои хонандагон ва ба ин восита беҳтар сохтани вазъи молиявии муассисаҳои таълимӣ ва ғайра зарур аст.
Низоми нав дар сурате амалӣ мешавад, ки соҳаи иқтисод, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, падару модар ба таври самаранок ҳамкорӣ намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки низоми нави таҳсилот ва тағйиру иловаҳо ба он пайваста ба мардум фаҳмонида мешавад ва фикру мулоҳизаҳои онҳо  аз ҷониби масъулони соҳаи маориф, ба хусус  роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифта, дар азнавсозии низоми таҳсилот васеъ  истифода мегардад.
Ба шабакаи интернет ва шабакаҳои иттилоотии маҳаллӣ пайваст гардидани муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ ва бо техникаи ҳозиразамони таълимӣ ва иттилоотӣ ҷиҳозонидани онҳо муҳимтарин омили таъмини раванди босифати таҳсил маҳсуб меёбад.
Барои омодагӣ ба низоми нави таҳсилот ва ба талаботи он мутобиқ сохтани муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбӣ фароҳам овардани шароит ҷиҳати идомаи таҳсил баъди хатми синфи 10 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ  ва дастурҳои методӣ дар ин зинаҳои таҳсилот, мувофиқати фаъолияти муассисаҳои  таълимии ибтидоию миёнаи  касбӣ ба талаботи бозори меҳнат дар маҳалҳо, пешбинӣ намудани талаботи бозор ва таъсиси хадамоти иттилоотӣ ва шуғли аҳолӣ, таҳияи номгӯи касбҳо ва ихтисосҳо тибқи талаботи бозори меҳнат, азнавсозии сохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ва  татбиқи моделҳои он, такмили усулҳои таълим бо истифодаи технологияҳои муосири таълим, ҷалби соҳибкорон, корфармоён ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳияи Стандарти давлатии таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбию техникӣ аҳамияти муҳим хоҳад дошт.
Азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилот имкон медиҳад, ки сифати таҳсилот беҳтар гардида, ба талаботи давлатӣ ҷавобгӯ бошад. Он аз ду давра иборат аст. Давраи аввал солҳои 2011-2013-ро дар бар мегирад. Дар ин давраи азнавсозии таҳсилот  таҳсилоти ҳатмии 10-сола пурра ҷорӣ шуда, масъалаҳои ҷойи нишасти хонандагон, таъминот бо мизу курсӣ, бунёд ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва грантҳо, худмаблағгузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ,  барномаҳо, раҳнамои муаллим ва дигар воситаҳои аёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва техникӣ, қабули  санадҳои   меъёрии ҳуқуқии таъсиси муассисаҳои миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо  иштироки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба анҷом мерасад.
Давраи дуюми азнавсозии таҳсилот, ки солҳои 2014-2016-ро дар бар мегирад, дар асоси шароити маҳалҳои  ҷумҳурӣ сурат гирифта, барои беҳбудии сифати таълим, фарогирии дониш, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва равнақи маълумоти касбӣ ва равиявӣ мусоидат менамояд.
Дар ин марҳила таъминоти молию пулӣ, бунёд ва азнавсозии  муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру тармими иншооти соҳаи маориф, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ ва стратегияи миллӣ доир ба рушди соҳаи маориф, ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва омӯзонидани технологияи муосир  ба омӯзгорон,  таъмини кабинетҳои фаннии мактабҳо бо лавозимоти зарурӣ, таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ташкил намудани синфхонаҳои нав сурат мегиранд.
Татбиқи амалии низоми нав бо падидаҳои инноватсионӣ хеле самарабахш хоҳад буд. Ин мафҳум дар оғози солҳои сиюм дар эҷодиёти иқтисодшиноси австриягӣ И. Шумпетер бори нахуст корбаст шудааст. Тадриҷан мафҳуми инноватсия ба соҳаи педагогика гузашта, муродифи таҳаввулот дар таълим, тарбия, дар усулҳои таълим, ки дар фаъолияти илмию амалии муассисаҳои таълимӣ ба амал омадаанд, гардид. Зери таъсири унсурҳои инноватсионӣ охири солҳои 50-уми асри ХХ дар Германия, Амрико ва дигар давлатҳо марказҳои омӯзиш ва густариши навгониҳои педагогӣ зуҳур карданд.
Ҷавҳари сиёсати имрӯзаи давлатро гуманикунонии мазмуни таҳсилот, барнома ва китобҳои дарсӣ, фанҳои таълимӣ омӯзиши навгониҳои педагогӣ, пажӯҳиши касбӣ бо мақсади такомули маҳорати педагогӣ ва татбиқи ин навгониҳо дар кори ҳаррӯзаи онҳо мебошад. 
Низоми нав чунин афзалият дорад:
Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳамагӣ 7 фоизи кӯдакони синни мактабӣ дар ҷумҳурӣ ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Таҳсилоти 12-сола имконият фароҳам меорад, ки онҳо аз соли таҳсили 2016-2017 ба таҳсилот пурра фаро гирифта шаванд ва ин мушкилот андаке ҳалли худро пайдо намояд.
 Низоми таҳсилоти 11-сола ба хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии мо мушкилӣ пеш оварда, имконият намедиҳад, ки онҳо дар мактабҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷе, ки таҳсилоташон 12-сола аст, бемонеа имтиҳон супурда, таҳсил намоянд. Дар ин маврид баробарарзишии ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа ба онҳо  таъмин мегардад.
Хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии мо ҳанӯз дар заминаи омӯзиши барномаи таълими синфи 10 ба асосҳои равияҳои касбӣ шинос гардида, таҳсилот дар синфҳои 11 ва 12 аз рӯи равияҳои касбӣ сурат мегирад. Хатмкардагон пас аз хатми синфҳои 10 ва ҳам 12 касби ояндаи хешро муайян карда, ба он замина низ мегузоранд. Ин омил хеле муҳим буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар дохили мамлакат ва дар хориҷи он дар бораи касбҳо маълумот пайдо намоянд ва то андозае маҳорати бо онҳо кор карданро низ дошта бошанд.
Низоми нави таҳсилоти умумӣ моро водор месозад, ки барои синфҳои 1-5 теъдоди 5 миллиону 460 ҳазор, барои синфҳои 6-10 теъдоди 6 миллиону 660 ҳазор ва барои синфҳои 11-12 теъдоди 2 миллиону 240 ҳазор китоби дарсии насли нав таҳия намоем. Аз рӯи афзоиши аҳолӣ ва илова шудани як синф ба низоми таҳсилоти 12-сола шумораи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то соли 2016 (давраи гузариши пурра) 441 109 нафар зиёд мегардад. Инчунин барои гузариш масъалаҳои хароҷоти маблағгузории сарикасӣ ба миқдори иловагии хонандагони синфи 1 (шашсола), сохтмони синфҳои иловагӣ дар робита бо низоми 12-сола ба ҳисоб гирифта шудааст. Барои таълифи барнома, нақша, китобҳои дарсӣ ва умуман маводи таълим низ озмун эълон мешавад. 
Ислоҳот таҳсилотро ба таҷрибаю сохтори таҳсилоти ҷаҳони пешрафта наздик намуда, ҳамзамон дар сохтор ва мазмуни таҳсилоти кишвар тағйирот ворид месозад.
Дар шароити кунунӣ мактаби муосир ба тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ дучор гардидааст. Дар солҳои охир ба сохтор ва низоми он низ то андозае ҳаёти воқеӣ ва рушди босуръати техникаю технология дигаргунӣ ворид намудаанд. Имрӯз мактаб ва ҷомеа ба технологияи пешқадам ниёз дорад.
Дар ин марҳила коркарди идораи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки бо мақсади эҷоди моделҳои нав дар таҳсилот сурат мегиранд, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин моделҳо вобаста ба талабот ва шароити маҳалҳо сохта мешаванд.
Дар кишвари мо, пас аз ба даст овардани истиқлолият чунин имконоте ба миён омад, ки таҷрибаи дигар мамлакатҳоро андӯхта, муфидтарини онҳоро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намоем. Алҳол дар мамлакатҳои собиқ Шӯравӣ: назди Балтика, Молдова, Украина, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муддатест таҳсилоти 12-сола ба роҳ монда шудааст.
Ҳадафи асосии инноватсия тағйирот ворид намудан дар низоми маориф ва усули идораи он аст. Зимни равандҳои инноватсионии таълимӣ ду масъалаи муҳими педагогика дар назар дошта шудааст:
1. Омӯзиши таҷрибаи навини педагогӣ;
2. Татбиқи амалии навгониҳои педагогию психологӣ.
Натиҷаи равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф ба таври назарӣ ва амалӣ густариш меёбанд: таҳияи мундариҷаи нав, усул ва шаклҳои нави таълиму тарбия, татбиқ ва паҳн кардани таҷрибаи бои педагогӣ, технологияҳои нави идораи муассисаҳо, дар онҳо гузарондани озмоишҳои педагогӣ ва ғайра.
Дар инноватсия ду омил нақши асосӣ дорад:
1. Омилҳои объективӣ – ба вуҷуд овардани шароити инкишофи фаъолияти инноватсионӣ ва татбиқи натиҷаҳои он.
2. Омилҳои субъективии алоқаманд ба равандҳои инноватсионӣ ва омодагиҳои он оид ба фаъолияти инноватсионӣ.
Субъектҳои раванди инноватсионӣ дар соҳаи маориф олимон, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки самтҳои инноватсионии фаъолияти педагогиро пеша кардаанд, ба ҳисоб мераванд.
Дар асоси арзишҳои инноватсионӣ дар мактаб асосан зарурати ба амал овардани чунин тадбирҳо ба миён меояд:
- рушду такомули таҷрибаю маҳорати инфиродӣ;
- татбиқи таҷрибаи муосир;
- аз худ кардани пажӯҳишоти илмӣ;
- усули озмоишӣ.
Тарбияи инсони ҷӯяндаю озодандеш, шахсияти варзидаи фидокор, дорои дониши баланди илмӣ, омодаи фаъолияти судманди эҷодӣ ва таҷассумгари ҳулқу атвори ҳамидаи инсонӣ ҳадафи стратегии мактаби муосир ба шумор меравад.        

Муҳаммадалӣ АФҒОНОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ,
номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 830

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед