logo

маориф

Рушди маориф кафолати рушди ҷомеа аст

Паёми имсолаи  Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  дар таҳкими  рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат заминаи нав  гузошт. Сарвари давлат ба ташкили мактабҳои соҳибкорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, эҳтироми забони модарӣ ва амиқ омӯхтани он,  инчунин омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, қабл аз ҳама забонҳои   русӣ ва англисӣ, омӯзиши техникаи компутерӣ эътибори ҷиддӣ дода,  оид ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар Паём қайд гардид, ки фароҳам овардани шароит ба мардум барои зиндагии шоиста  аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлат аст. Аз ин хотир  дар он ба ҳалли мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ  маблағгузориҳо  торафт меафзояд.
Соли гузашта  бо вуҷуди он ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ  ба андозаи 10 дарсад коҳиш ёфт,  дар соҳаи маориф  ҳаҷми маблағи  пешбинишуда пура пардохта  шуд.  Тавре  дар Паём омадааст,  соли 2009 бо назардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ҳаҷми он 1 миллиарду 70 миллион сомониро ташкил дод.
Дар вилояти Сугд  соли  гузашта барои 7 ҳазору 55 ҷойи нишаст мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд, - гуфт дар сӯҳбат ба мо сардори раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов. – Ҳаҷми маоши омӯзгорон 15 фоиз афзуд. Барои кормандони марказҳои таълимӣ,  аз ҷумла марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия,  Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф,  нақшаи нави музди меҳнат ҷорӣ   шуд.
Умуман дар вилоят  соли гузашта барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети вилоят 170 миллиону 951 ҳазор  сомонӣ сарф гардида,  инчунин бо супориши раиси вилоят Қоҳир Расулзода барои таъмиру барқарорсозии иншооти маориф  маблағҳои иловагӣ  ҷудо гардиданд.
Дар ин муддат таваҷҷӯҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва шӯъбаҳои  маориф   ба таҳкими заминаҳои моддию техникии таълимгоҳҳо, дастгирии иҷтимоии омӯзгорон,  истифодаи технологияи нави таълим, ҷалби  хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва  беҳсозии сифати таълим равона гардид ва  барои таъсиси марказҳоии инкишофи кӯдакони синни томактабӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят кор  идома дорад.
Имсол мактабҳои таҳсилоти умумӣ пура ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ гузашта, он ба таври таҷрибавӣ  дар муассисаҳои томактабӣ озмуда мешавад.
Соли ҷорӣ ба мактабҳои вилоят 237 адад компютер ворид гардид, ки 23,4  фоизи нақшаи солона мебошад. Соли ҷорӣ  миқдори мактабҳои таҳсилоти умумии  шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки  ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайвастанд, аз 20 то ба  42  расонида шуд. Ба ин шабака пайваст намудани 36 мактаби дигар дар давоми сол  ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон ва маҳорати касбии омӯзгорон  тадбирҳои гуногун андешида мешаванд.  Аз ҷумла, бо мақсади ба таври оммавӣ ба маҳфилҳои техникӣ ҷалб намудани хонандагон, инкишофи қобилияти навоварӣ ва эҷодиёти техникии онҳо,  интихоби касб бори нахуст дар қаламрави вилоят озмуни «Ихтироъкорони наврас» баргузор гашт. Вобаста ба ин масъалаҳо якчанд конфронси илмӣ ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади  фароҳам овардани шароити мусоиди таълим  Барномаи давлатии  сохтмон,  таъмиру  азнавсозии мактабҳо, аз хонаҳои шахсӣ, вагонҳо ва  биноҳои  маъмурию   ҷойҳои  ҷамъиятӣ баровардани мактабҳо  босуръат идома дорад.  Аз  14  мактаби вилоят, ки баъзе синфхонаҳои онҳо дар чунин ҷойҳо ҷойгир буданд, дар 13 -тои он шароити зарурии таълим фароҳам оварда шуд.
Инчунин Саидмухтор Ҷалолов иброз намуд, ки мустаҳкам намудани заминаҳои  моддию техникии муассисаҳои варзишӣ, муҷаҳҳазонидани озмоишгоҳҳои мактабӣ дар назар аст.  Айни замон мӯҳлат ва манбаъҳои маблағгузории сохтмони 508 толору 77 майдончаи варзишӣ, таъмири 85 толори варзишӣ, барқарорсозии  11 толори варзишии дар ҳолати садамавӣ  буда муайян  шудаанд.
Кормандони соҳаи маорифи вилоят Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори хеш намуда, мекӯшанд сифати таълимро баланд бардошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Исломҷон БОБОЕВ,
Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 797

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед