logo

номаҳо

ТЕМУРМАЛИК: БАРГУЗОРИИ ҶАШНУ МАЪРАКАҲО БА НИЗОМИ МУАЙЯН ДАРОМАД

Дар робита ба мақолаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки 11 марти соли 2010, № 31-32  таҳти унвони «Ҳанӯз ҳам норасоиҳо ба назар мерасанд» чоп шуда буд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик иттилоъ медиҳад, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои дар мақола дарҷгардида корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷумла барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои таблиғотӣ созмон ёфта, аъзои онҳо мунтазам бо аҳолӣ вохӯрию сӯҳбатҳо доир менамоянд. Инчунин баъди санҷиши гузаронидаи кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова дар ноҳия дар назди 2 хоҷагии деҳқонӣ, 1 кумитаи маҳалла ва 7 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ 10 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Айни ҳол дар ноҳия 8 комиссияи доимӣ, 1 комиссияи ноҳиявӣ, 7 комиссия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 103 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият дорад.
Бо мақсади беҳтар кардани фаъолияти комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ намунаи ҳуҷҷатгузорӣ мураттаб гардида, дастраси ҳамаи комиссияҳои дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолиятдошта гардонида шуд. Дар натиҷа корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, ҳисоботдиҳии комиссияҳои ҷамъиятӣ ба комиссияҳои доимӣ ва назоратӣ беҳтар гашта, баргузории ҷашну маросимҳо аз тарафи комиссияҳои ҷамъиятӣ ба низоми муайян даромад. Вақтҳои охир забҳи чорво хеле кам гардида, 50 дарсади маъракаҳо бо гӯшти харида гузаронида мешаванд.
Соли 2010  2 қонуншиканӣ муайян шуда, аз тарафи судҳо баррасӣ гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври зарурӣ таъмин гардад.

М. ШУКУРОВА,  
раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 542

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед