logo

ҳукумат

Лоиҳаи қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2011 ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

30 сентябри соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар маҷлиси ҳукуматӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Сипас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» баъди  баррасии аъзои Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Мутобиқи ин санад  маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 дар ҳаҷми 30,2 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ бошад, барои соли 2011 ба андозаи 8,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки  нисбат ба Буҷети давлатии соли равон 1 миллиарду 755 миллион сомонӣ зиёд аст.
Бояд таъкид намуд, ки қариб 50% ё худ 4,1 миллиард сомонии дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2011 пешбинишуда ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд, ки ин нисбат ба ин нишондоди соли равон 31,2% ё 857,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ ба андозаи 6,5%, дараҷаи таваррум 9% ва индекси дефлятор 12% пешбинӣ шудааст.
Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби мамлакат оид ба ҳолати воқеии саддҳо ва дигар иншооти муҳофизатии зидди обхезӣ дар мамлакат ва чораҳои иловагии ҳифзи аҳолӣ ва объектҳои хоҷагии халқ аз обхезиҳо ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон 947 дарё ва 276 сой бо дарозии умумии 30 ҳазор км мавҷуданд, ки дар баробари манбаи обтаъминкунӣ буданашон ҳамчунин сарчашмаи офатҳои табиӣ мебошанд.
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва дигар вазорату идораҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои беҳтар намудани ҳолати саддҳо ва дигар иншооти муҳофизатӣ аз селу обхезиҳо чораҳои иловагӣ андешанд. Тибқи Қарори Ҳукумати мамлакат, ки имрӯз қабул шуд, дар мӯҳлати 3 моҳ бояд Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015 бо назардошти ҷалби сармоягузории хориҷӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад. Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки ҳамасола барои ҳифзи иншооти зидди селу обхезӣ дар Буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ ба нақша бигиранд.
Дар бораи рушди туризм дар Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти кумитаи мазкур ва дигар сохторҳои дахлдор баҳри афзалият додан ба туризми дохилӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ривоҷ додани сайёҳии кӯҳӣ, табобатию солимгардонӣ ва беҳсозии заминаи моддию техникии туризм дар мамлакат дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Барномаи давлатии инвеститсионӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2011-2013 тасдиқ шуд, ки тибқи он дар се сол бо ҷалби 15,4 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ 94 лоиҳаи инвеститсионӣ бояд татбиқ карда шавад.
Ҳамчунин Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ гардид.
Қарор  шуд, ки моҳи октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи то соли 2020» гузаронда шавад.
Нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён - маркази ноҳияи Рӯдакӣ тасдиқ  шуданд.
Қарор шуд, ки минбаъд ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамасола аз пардохти андоз аз воридоти то 6,5 ҳазор тонна ангишт аз хориҷа озод карда шавад. Хотиррасон бояд намуд, ки ин тадбир дар доираи иҷрои дархостҳои мардуми ноҳияи Мурғоб, ки дар мулоқоташон бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта буданд, амалӣ мегардад.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси андоз, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ»  маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд.
Бо як қатор қарорҳои Ҳукумати мамлакат 3802 гектар замин барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани 30132 оилаи эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ,  Қубодиён, Шаҳритус, Ванҷ ва Айнӣ ҷудо карда шуд. Ин тадбири муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рафъи як қатор мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла   бо қитъаҳои  замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани оилаҳои аз офатҳои табиии имсола зарардида ва дигар хонаводаҳои эҳтиёҷманди ин шаҳру ноҳияҳо равона гаштааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тақсимоти ин заминҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аъзои комиссияи ҷамъиятӣ бо риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.
Дар охири маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро бори дигар ба масоили омодагӣ ба зимистон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, оғози кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоти барвақтӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ҷалб намуда, дар назди масъулони дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 945

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед