logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 октябри соли 2010

Дӯстони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Баъди ба тасвиб расидани Қонуни забон дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бистудуюми июли соли 1989 ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд.
Дар ин муддат, алалхусус дар даврони истиқлолият ин ҷашн дар саросари кишвар бо ширкати фаъоли тамоми шаҳрвандон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамасола таҷлил карда мешавад. Соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон бистумин солгарди ин санаи фархундаро ҳамчун арзи эҳтиром ба ин муқаддасот ва появу бунёди давлату давлатдории миллӣ ҷашн гирифтанд. Қабл аз ин ба хотири омодагии сазовор ба бистумин солгарди гиромидошти забони давлатӣ мо соли 2008-умро Соли забони тоҷикӣ эълон намудем.
Азбаски рӯзи бистудуюми июл ба давраи таътили тобистонии мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид.
Панҷуми октябри соли 2009-ум баъди қабули Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо эълон шуд. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми кишварро табрику таҳният мегӯям.
Ҳарчанд Қонуни забон дар даврони шӯравӣ таҳия ва қабул гардида буд, дар замони истиқлолияти давлатии мамлакат дар давоми 20 сол мавриди истифода қарор дошт. Муқаррарот ва меъёрҳои ин қонун дар бисёр маврид эҳтиёҷу талаботи ҷомеаро дар истифодаи забони давлатӣ ба пуррагӣ натавонистанд амалӣ созанд.
Аз замони ба даст овардани истиқлолият забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ мақому мартаба пайдо карда, дар соҳаҳои коргузориву эҷоди қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври густурда мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинобар зарурати рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ дар ҷомеа эҳтиёҷ ба қабули қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш омад. Ин қонун вазъи ҳуқуқӣ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.
Қонуни мазкур дар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ таҳия гардида, дар он меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар  низ муқаррар гардидаанд.
Ба хотири татбиқи сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумат дар бораи забони давлатӣ ва амалӣ сохтани қонуни мазкур сохтори нав - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Кумита ягона ниҳоди ҷумҳуриявӣ дар амалӣ сохтани сиёсати Ҳукумати кишвар дар масъалаҳои марбут ба забони давлатӣ маҳсуб мешавад. Он барои танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, назорати иҷрои муқаррароти қонун ва риояи меъёрҳои забони адабӣ масъулияти муҳимро ба ӯҳда дорад.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз дар масоили забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонанд. Метавон гуфт, ки дар даврони истиқлолият барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна мамониате дар роҳи инкишофи забони давлатӣ вуҷуд надорад.
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад. Дар таърих мардумоне, ки аз худ осор ва тамаддуни бузург ба мерос гузоштанд, кам нестанд. Аммо бештари ин мардумони соҳибтамаддун ва соҳибдавлат имрӯз бо номи қавму миллати хеш дигар вуҷуд надоранд ва бо иллати аз даст додани рӯҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаи таърих хориҷ шудаанд.
Аз ин воқеияти таърих метавон чунин хулоса кард, ки маҳви забон дер ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад. Ин панди таърих дар замони муосир бо хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ барои аксарияти миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра низ омӯзанда мебошад. Бинобар ин ҳар як давлат дар дифои арзишҳои миллӣ, бахусус забон масъулияти волои таърихӣ дорад.
Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарӯзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, то  имконоти фаровони дохилии забонамонро дар мисоли қолабҳои вожасозӣ ва луғоту истилоҳоти маҳфуз дар осори давраҳои таърихӣ мавриди истифода қарор диҳем.
Бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз намояд. Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад. Гузаштагони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз мелод дорои як забони муштараки ориёӣ буданд. Дар тӯли садсолаҳо аз шохаҳои ин забон дигар забонҳои ориёии бостон, сипас аз ин забонҳои бостон забонҳои дигари давраи миёна ва аз ин гурӯҳи забонҳо бо номи ин мардумон ва сарзаминҳои зисти онҳо забонҳо ва лаҳҷаҳои дигари маҳаллӣ пайдо шуданд.
Таърихи ташаккули давраи нави забони мо, ки аз асрҳои ҳаштум ва нуҳуми мелод оғоз меёбад, аз оғози ташаккулаш ҳамчун омили пайвандгари ҳама мардумони ин қаламрави бузург қарор гирифтааст.
Маҳз қудрату тавоноӣ ва нерӯи забони тоҷикӣ мардумони ин сарзаминро аз хатари нуфузи забонҳои дигар наҷот бахшид. Ба ғайри он ҳеҷ кадоме аз забонҳои маҳаллии ин минтақа, ба монанди суғдӣ, бохтарӣ ва дигар забонҳову лаҳҷаҳо қудрати чунин муқовиматро надоштанд.
Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи сарзаминҳои давлатдории тоҷикон қарор гирифт ва ҳамчун забони ташаккулёфтаи дорои меъёр ба сарзаминҳои ғарби Эрон ба ҷои забони паҳлавӣ густариш ёфт.
Мо имрӯз забонеро ба мерос дорем, ки ба он ҳанӯз аз оғози даврони исломӣ тарҷумаҳо ва тафсирҳои китоби муқаддаси Қуръон анҷом гирифтааст. Ин тарҷумаҳо ва тафсирҳо намунаи сабки беҳтарини забони мо дониста мешаванд. Ҳатто куҳантарин тарҷумаи Қуръон, ки дастнависи он бо номи Қуръони қудс маъруф аст, дар асри ҳаштум ба яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Баъдан яке аз аввалин тафсирҳои Қуръони маҷид – «Тафсири Табарӣ» низ ба забони мо тарҷума гардид. Ин далелҳо ва сад далели дигар баёнгари мартаба ва мақоми забони шевои тоҷикӣ аз он даврон то ба имрӯз мебошанд.
Забони ноби модариамон моро ба даврони бисёр дури таъриху фарҳанги мардумамон пайванд медиҳад. Гузаштагони мо ҳанӯз аз ҳазорсолаҳои пеш аз мелод то замони пайдоиши хат ва алифбо достонҳои бузурги шифоҳӣ офариданд, ки намунаи беҳтарини онҳо сурудҳои Авесто маҳсуб мешаванд.
Яке аз нуктаҳои ҷолиб дар мавриди таваҷҷӯҳи гузаштагони мо ба арзишҳои забонӣ ҳифзи матни Авесто то замони китобати он дар суннати шифоҳӣ мебошад. Ба тавассути чунин суннат ин осори беназири гузашта тайи ҳазорсолаҳо аз зеҳн ба зеҳн ва аз насл ба насл интиқол гардидааст.
Аз он даврони дури таърих то ба ин замон суннат ва равиш дар байни гузаштагон ҳамчун омили ҳифзи забон роиҷ будааст, ки ин яке аз далелҳои эҳтирому эътиқод ба забони модарӣ мебошад.
Ҳар яке аз давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ дорои суннатҳои хаттӣ буда, меъёрҳои адабии забон дар асоси онҳо шакл гирифтаанд. Аз ин рӯ, ташаккули ҳар як давраи таърихӣ бар асоси осори хаттӣ мутобиқи меъёрҳои ин давраҳо мушаххас карда мешавад.
Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ ва таърихӣ дорад. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст. Аз ҳама ин давраҳои таърих осори бисёр нодир ва арзишманде ба мерос омадааст, ки ворид шудани ин осор ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ на танҳо ифтихори ворисони забон, балки тамоми ҷаҳониён низ мебошад.
Забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихӣ дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Баъд аз густариши дини мубини ислом дар манотиқи Хуросону Мовароуннаҳр забони тоҷикӣ бар пояи забони паҳлавӣ ва забонҳову лаҳҷаҳои дигари маҳаллии ин сарзамин шакл гирифта, дар аҳди Сомониён ба мақоми забони расмии давлатдории тоҷикон расидааст.
Дар ин давра осори бузурги илмиву адабӣ, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, офарида шудааст. Яке аз чунин шоҳкориҳои бузург ва намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб меёбад. «Шоҳнома» таҷассумгари забони шево ва тавонои форсии дарии тоҷикӣ ва сабки содда ва зебои он дар оғози ташаккули ин забон маънӣ мешавад. Ҷовидонии «Шоҳнома» пойдориву ҷовидонии забони мост.
Ҳазорон намунаи осори дигаре, ки дар даврони Сомониён ва асрҳои баъдӣ таълиф шудаанд, сарвати беназири ҳамин забон ва таълифоти фарзандони фарзонаи ин миллатанд. Аз замони Сомониён забони тоҷикӣ дар марказҳои сиёсӣ ва адабиву фарҳангии давлати тоҷикон дар Мовароуннаҳру Хуросон рушди комил пайдо карда, ба сарзаминҳои дигар нуфузу густариш намудааст.
Баъдан забони мо дар аҳди Темуриён дар сарзамини Ҳинд густариш меёбад ва то шаш аср дар мақоми забони расмии ин кишвар дар умури давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки ба ин забон дар Ҳинд осори арзишманди адабӣ, аз ҷумла фарҳангномаҳо ва дастурҳои омӯзишӣ таҳия ва таълиф гардидаанд. Имрӯз дар китобхонаҳо ва бойгониҳои Ҳинд дастнависҳои фаровони тоҷикӣ маҳфуз буда, бештари онҳо нусхаҳои нодир ба шумор мераванд.
Забони мо дар мақоми забони илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дорад, ки инро осори илмии гузаштаи мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит намудааст.
Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии хешро дар риштаҳои гуногуни илми он замон, бахусус дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Ал-Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб дар таърихи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, кимиё, табиатшиносӣ, фалсафа ва ғайра ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Яке аз хидматҳои бузурги донишмандони мо ҷуз таълифи осор, ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмӣ ба забони модарӣ дар соҳаҳои гуногуни илми замони хеш мебошад. Ин истилоҳот ҳамчун сарвати нодир ва бебаҳо имрӯз дар ганҷинаи луғати забон мақом ва арзиши махсус дорад. Дар ин давра донишмандон бо истифода аз равиш ва қолабҳои суннатии замони Сосониён ва забони паҳлавӣ истилоҳоти илмии замони хешро ба вуҷуд овардаанд ва онро бо офаридаҳои худ роиҷ сохтаанд. Муҳаққиқонро лозим аст, то дар бахши забони илм аз суннати тӯлонии забони тоҷикӣ дар пайванд додани он ба меъёрҳои илмӣ огоҳона истифода намоянд.
Таҷрибаи забони лотинӣ ва арабӣ дар иртибот ба забони илм далели ин гуфтаҳо буда, имрӯз бештари кишварҳо, ки ба дастовардҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ноил шудаанд, илми хешро тавассути забонҳои миллӣ эҷод ва муаррифӣ менамоянд. Аз ин рӯ, забони миллӣ дар мақоми забони расмӣ ва давлатӣ асоси ташаккули илму маориф ва тамаддуни ҳар кишвар мебошад. Ба вуҷуд овардани забони илм ва танзими истилоҳоти дақиқи илмӣ аз вазифаҳои асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар ба шумор мераванд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар татбиқи ин ҳадафҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм дар ташаккул ва танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истилоҳоти ҳамаи соҳаҳоро таҳти назорати ҳамешагӣ қарор диҳанд.
Яке аз тадбирҳои муҳим барои амалӣ сохтани сиёсати давлат дар бораи забон таҳияи Барномаи стратегияи рушди забони давлатӣ мебошад. Ин барнома дар асоси таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди воқеии забони давлатӣ ва муқаррар сохтани меъёрҳои он бояд танзим карда шавад. Барои расидан ба ҳадафҳои чунин Барнома дар навбати аввал муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бояд таъмин кард.
Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд.
Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.
Шояд дар ҷаҳон миллату халқият ва ё қавмеро камтар метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он бо забони беш аз ҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад.
Мо забони Рӯдакӣ ва Фирдавсиро, ки аз он даврон то ба кунун дар ҷаҳон ҳамчун забони шеъру шоирӣ маъруф гардидааст,  мисли забони имрӯзаи хеш мефаҳмем ва дарк мекунем. Бинобар ин ҳамин забони ноби адабии классикии мо, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз низ дар замони давлатдории навин ҳамчун асоси забони адабии мо ба сифати забони давлатӣ қарор дорад. Забонеро, ки гузаштагони мо ба ин шевоӣ ва ғановат ба мерос гузоштаанд, онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард.
Яке аз мушкилот имрӯз масъалаи мушаххас намудани меъёрҳои адабии забон мебошад. Чунончи, аз падидаҳои бисёр манфӣ таъсири унсурҳои бегона ба забони меъёр аст. Мутаассифона, дар солҳои 70-80-уми асри гузашта чунин таъсир дар забони тоҷикии адабӣ бисёр мушоҳида мешавад. Яке аз чунин манбаъҳои нуфузи бегона дар забони мо тарҷумаи номақбули осори сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Чунин омилҳо забонро аз асли худ дур сохта, ба воситаи онҳо қолабҳои бегонаи фаровоне ба забон ворид гардиданд. Акнун вақти он расидааст, ки камбудиҳо дар сохтор ва таркиби луғавии забон бартараф карда шаванд. 
Имрӯз бо қаноатмандӣ бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия гардиданд, ки пас аз баррасии ниҳоӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Дар ташаккули забони тоҷикии муосир аз захира ва сарвати забонамон, ки дар асоси мероси гузаштагон, бахусус осори аҳди Сомониён дарҷ гардидаанд, бояд бештару хубтар истифода кард. Чунки дар ин давраи ташаккули забон унсурҳои забонҳои маҳаллии мардумони Суғду Бохтар ва дар маҷмӯъ дигар минтақаҳои таърихии тоҷикон нақши асосӣ доранд. Ин унсурҳои забонӣ имрӯз низ дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҳамчун сарвати нодири забон зинда буда, ҳар кадоми онҳо ҳаққи дубора ба забони адабӣ ворид шуданро доранд.
Акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони ноби тоҷикӣ ошно созем, асолати забонро барои ворисони он, бахусус насли ҷавон бозгӯ намоем ва забони асили адабиро, ки замоне бо ҳадафҳои ғаразнок ҳамчун забони кӯҳна маҳкум гардида буд, ба мақому мартабаи пешини он боз гардонем.
Ин забон, ки дар замони давлатдории тоҷикон – давлати Сомониён дар маснади забони давлатӣ қарор дошт, дар асрҳои минбаъда низ нуфузи худро ҳамчун забони расмӣ   нигоҳ дошт. Хушбахтона, имрӯз низ ба шарофати истиқлолият миллати тоҷик ҳам соҳиби давлат гардид ва ҳам забони тоҷикӣ боз дар ҳамон мақоми олӣ қарор гирифт.
Дар марҳилаи кунунии рушди робитаҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ ҷомеа ба чунин забони адабии дорои меъёрҳои устувор ва таркиби луғавии дар тӯли асрҳо шаклгирифта ва пойдор ниёз дорад, ки ин забон забони шево ва тавонои гузаштаи мост.
Яке аз масъалаҳои дорои аҳамияти муҳим дар шинохти суннат ва арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофӣ дониста мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки номҳо чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштагони ҳар қавму миллат мебошанд. Номҳое, ки бо мурури замон тағйир ёфтаанд, имрӯз дар асоси осори куҳани хаттӣ бояд дар шакли дуруст барқарор карда шаванд.
Барои омӯзиши фарогири забони модарӣ шеваҳо ва роҳҳои нави таълими забони модариро бояд дарёфт ва пешниҳод намуд. Мо аз таҷрибаи солҳои шӯравӣ ва даврони Истиқлолият хуб медонем, ки бо усули кунунии тадриси забони модарӣ дар омӯхтани забони адабӣ камтар муваффақ гардидаем.
Пас аз ёздаҳ соли таълим дар мактаби таҳсилоти умумӣ ва панҷ соли омӯзиши забон дар мактабҳои олӣ иддае аз  хатмкунандагон забони адабиро ба андозаи кофӣ аз бар карда наметавонанд ва бо ин забон ба таври озод навиштан ва сӯҳбат карданро ёд намегиранд.
Ман иллати инро дар усул ва шеваҳои омӯзиши забон мебинам. Ҳол он ки дар тамоми ҷаҳон бо шеваҳои дуруст ва озмудашудаи таълим алоқамандон дар як-ду сол забонҳои хориҷиро дар сатҳи бисёр хуб меомӯзанд ва ба таври озод сӯҳбат мекунанд.
Дар иртибот ба ин бояд китобҳои дарсии забон низ таҷдиди назар карда шаванд. Имрӯз забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ вобаста ба пешрафти ҷомеа ба китобҳои аз нигоҳи назария ва амалия мукаммал эҳтиёҷ дорад.
Таҳияи дастурҳои таълими забон барои мактабҳои олӣ аз вазифаҳои асосии кафедраҳои забон мебошад. Аммо дар ин самт фаъолияти кафедраҳои забон қонеъкунанда нест. Вазорати маориф ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки грамматикаи меъёрии забони тоҷикиро барои мактабҳои олӣ таҳия намоянд.
Муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти забони адабии меъёр воситаҳои ахбори омма, бахусус радио ва телевизион маҳсуб мешаванд. Забони радио ва телевизион оинаи ҷилодори забони адабии меъёр буда, бояд беҳтарин намунаи савтиёти забонро ба мардум пешкаш намояд.
Забони рӯзномаҳо, сухани ровиён, гӯяндагони радио ва телевизион, аҳли қалам бояд шевою гуворо ва аз иштибоҳоти забонӣ орӣ бошад. Аммо, мутаассифона, дар ин самт камбудиҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Вазоратҳои маориф, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, умуман мақомоти ҳокимияти давлатиро лозим аст, то барои бартараф кардани ин камбудиҳо чораҳо андешанд.
Мо бояд барои рушди забони давлатӣ, ки имрӯз дар умури давлатдории мо фаъол мебошад, аз тамоми имконот истифода барем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем.
Ҳамчунон ки борҳо таъкид карда будам, дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар баробари забони давлатӣ мо аз сиёсати  худ ҳамеша пуштибонӣ мекунем. Бо содир шудани Фармони Президент дар соли 2003-юм «Дар бораи такмил додани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» ба тасвиб расида буд.
Мутобиқи ин барнома имрӯз дар кишвари мо омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Бори дигар таъкид менамоям, ки дар замони рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав ҷавонон бояд дар қатори забони давлатӣ на камтар аз ду забони хориҷиро низ донанд ва бо онҳо озодона муошират карда тавонанд.
Дар кишвари мо бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои истифодаи озоди забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои модарии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки бо мо дар як сарзамин зиндагии муштарак доранд, тибқи қонунгузорӣ дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд. Мо ба ҳама забонҳо ва фарҳангҳо арҷ мегузорем.
Ҳамчунин дар назар бояд дошт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  як забони расмии давлатӣ амал мекунад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки онро донад. Ин дар тамоми дунё як падидаи мусаллам ва табиист.
Бо мақсади таълим ва омӯзиши самарабахши забони давлатӣ ва бо он фаро гирифтани тамоми миллату халқиятҳои маскуни кишвар бояд шароити зарурӣ, яъне, таъсис додани курсҳои забономӯзӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва луғату муҳовараҳои умумию соҳавӣ ва ғайра таъмин гардад.
Ҳамчунин хотирнишон месозем, ки мо барои ҳифзи асолат, забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро фароҳам меорем. Дар айни замон мо итминон дорем, ки дар дигар кишварҳои дуру наздик ҳам, ки дар он ҷойҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд, дар ин бобат мусоидат хоҳанд кард.
Имрӯз, ки шароит ва фазои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як силсила тадбирҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам омадааст, бояд дурнамои рушди забони модарии мо бо таҳияи Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ муайян ва тарҳрезӣ гардад. Ин барнома бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
Якум. Масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ яке аз масъалаҳои бисёр муҳими инкишофи забони модарӣ мебошад.
Ин масъала ҳарчанд борҳо аз тарафи мо таъкид карда шуда буд, вале аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор барои иҷрои ин кор тадбирҳои мушаххас сурат намегирад. Ба ғайр аз соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, ки дар ин бахш ҳам на ҳама ба забони тоҷикӣ ба таври комил асарҳои худро таҳия мекунанд, дар аксарияти соҳаҳои илмҳои дақиқ ҳамоно асарҳои илмиву тадқиқотӣ ба забонҳои дигар навишта мешаванд. Сохторҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дуюм. Масъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони модарии мо аҳамияти  аввалиндараҷа дорад, аз масъалаҳои ҳалталаб  барои ҷомеаи мо ба шумор меравад.
Бо таъсис ёфтани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала бояд зери назорати ҷиддии ин муассиса қарор гирад. Пеш аз ҳама таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳоти забон, таҳияи китобҳои дарсӣ, вожаномаву фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ, маводи таълимӣ ва ғайра бояд ҳатман  аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд ва баъд аз он ба чоп тавсия шаванд.
Сеюм. Компютерӣ кардани забони тоҷикӣ. Зери ин мафҳум пеш аз ҳама ба вуҷуд овардани фазои ягонаи компютерӣ ва ба низом даровардани коргузории расмии идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар асоси истифодаи василаҳои техникӣ мебошад.
Имрӯз мо дар садаи XXI зиндагӣ дорем ва ба вуҷуд овардани ин низом талаби замони муосир аст. Аз тарафи дигар, тарғиби забони давлатӣ ба воситаи расонаҳои иттилоотии компютерӣ яке аз омилҳои асосии густариши забони тоҷикӣ мебошад.
Чорум. Ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо бояд забони давлатиро хуб донанд ва бо забони адабӣ ба таври озод сӯҳбат карда тавонанд. Акнун замоне фаро расидааст, ки дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад.
Панҷум. Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки имрӯз дар назди ҷомеаи фарҳангии  мо қарор дорад, набудани китоби мукаммали таърихи адабиёти тоҷик мебошад.
Дуруст аст, ки дар натиҷаи саъю талоши олимони шӯравӣ теъдоди зиёди осори арзишманди классикони адабиёти мо ба алифбои муосири тоҷикӣ баргардонида шуда ва китобу рисолаҳои зиёде дар бораи забон ва адабиёти гузаштаву нави тоҷик таълиф гардидааст. Аммо бо вуҷуди арзишу аҳамияти мусаллами онҳо садҳо дафтару девон ва даҳҳо рисолаҳои илмиву бадеии дигар аз назари хонанда дур монда, бисёр гӯшаҳои торики таърихи адабиёти мо ҳанӯз ҳам интизори муҳаққиқони хешанд.
Бо дарназардошти дурнамои ташаккул ва густариши забони давлатӣ пешниҳод менамоям, то дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «Конуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад дар Китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, чун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он барои насли имрӯзу фардои миллат хизмат бикунад.
Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад. Ҳеҷ фаромӯш набояд сохт, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва  сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад.
Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон хоҳад монд. 
Рӯзи забони давлатӣ  ба тамоми мардуми шарифи кишвар муборак бод!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 863

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед