logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Расул Залмайро ба ҳузур пазируфт

6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмайро ба ҳузур пазируфт.                                
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд. Аз равобити сатҳи олии сиёсӣ, ки муҳаррики асосии рушди муносиботи накӯи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш ба шумор мераванд, изҳори  қаноатмандӣ гардид.
Ҳамкории мустақиму наздик ва созандаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳо ва мақомоти сарҳадӣ, амниятӣ, низомӣ ва адлияи Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини рушди минбаъдаи равобити судбахш  амри ҳаётӣ номида шуд. Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро баҳри муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хусусан баҳри таҳкими ҳифзи cарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуд.
Барои густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи босамар аз минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷи Поён ва Ишкошими Тоҷикистон, ки дар наздикии сарҳад бо Афғонистон қарор доранд ва тезондани тадбирҳо баҳри бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингард зарур шумурда шуд. Пайвастани шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётию транзитии  Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ба манфиати кулли минтақа маънидод гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 652

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед