logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
ф а р м о н   м е д и ҳ а м :
1) Таъсиси филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад.
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби  муқарраргардида Протокол оид ба таъсиси  филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи  техникӣ) дар шаҳри Душанберо барои ба имзо расонидан омода намояд.
3) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» баҳри таъмиру таҷдиди бинои барои филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе вобасташуда маблағҳои молиявии зарурӣ ҷудо намояд.
4) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омӯзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе  даъват мешаванд, таъмин намояд.
5) Маблағгузории фаъолияти филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ)  дар шаҳри Душанбе  аз ҳисоби маблағҳои Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ), инчунин  аз ҳисоби маблағҳое, ки аз иҷрои  хизматрасонии таълимӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия манъ накардааст, амалӣ карда шавад;
6) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-  филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо дар бинои хобгоҳи литсейи алоқаи шаҳри Душанбе ҷойгир намояд;
- дар Буҷети давлатии соли 2011 маблағгузории   хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории бинои филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ)  дар шаҳри Душанберо дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудогардида пешбинӣ намояд;
- дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии  ҳуқуқии худро  ба Фармони мазкур мутобиқ гардонад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ   РАҲМОН
          
     ш. Душанбе, 6 октябри соли 2010,  № 934


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 808

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед