logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои  баландихтисоси  дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ,  мутобиқи  моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон   ф а р м о н  м е д и ҳ а м :
1) Таъсиси филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе  маъқул  дониста шавад.
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Протокол оид ба таъсиси  филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанберо барои ба имзо расонидан омода намояд.
3) Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» баҳри таъмиру таҷдиди бинои барои филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе вобасташуда маблағҳои молиявии зарурӣ ҷудо намояд.
4) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омӯзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намояд.
5) Маблағгузории фаъолияти филиали Донишгоҳи миллии  таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар  шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва», инчунин  аз ҳисоби маблағҳое, ки аз иҷрои  хизматрасонии таълимӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
6) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии  технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанберо дар бинои идораи Корхонаи воҳиди давлатии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» ҷойгир  намояд.
- дар Буҷети давлатии соли 2011 маблағгузории хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории бинои филиали Донишгоҳи  миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанберо дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудогардида пешбинӣ намояд.
- дар  мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба  Фармони мазкур мутобиқ  гардонад.

 Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
                    
ш. Душанбе, 6 октябри соли 2010,  № 935


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 845

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед