logo

илм

Шаст соли ҳамболӣ бо ситораҳои парон

Сӯҳбат бо академик Пӯлод Бобоҷонов

Арбоби варзидаи илм, ахтаршиноси маъруф, академик Пӯлод Бобоҷонов имсол сазовори  Ҷоизаи байналмилалии «Ситораҳои иттиҳод»  дониста шуд. Устод  дар ҷаҳон нахустин олимест, ки самараи фаъолияти илмиаш бо ин мукофоти олии  байнидавлатии кишварҳои ИДМ қадр гардид.
 Наздики 60 сол аст, ки ӯ ба таҳқиқи масъалаҳои муҳими соҳаи астрофизика машғул буда,  ба бозёфтҳое ноил гаштааст, ки дар ҷаҳон назир надоранд ва барои дастовардҳояш дар илм сазовори  Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977) ва  ба номи Султон Умаров дар соҳаи илм ва техника (2003),   орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, ду Нишони Фахрӣ ва медали ба номи академик С.Вавилов шуда буд.


Дар Пажӯҳишгоҳи астрофизика вориди дафтари  кори устод гаштам. Дар ин  ҳуҷраи фарсудаву нимторики девораш кафида  ғайр аз мизи кор,  ду-се курсиву  компютер ва ҷевони  китоб,  рафе ҳаст, ки дар он пораҳои хурди замоне ба Замин афтодаи  моддаҳои метеорӣ, гузошта шудаанд. Устодро ғарқи кор дидам. Баъди ҳолпурсӣ бо ишораашон рӯи курсӣ   рӯбарӯ   нишаста,  ба рахнаи девор нигаристам. Ман ин рахнаро ду сол пеш ҳам дар ин ҷо  мушоҳида намуда будам. Бинобар ин  пурсидам, ки оё он осори ягон заминларза аст ва ба устувории бино таъсире монданӣ  надорад?
 - На, ҳеҷ хавфе надорад, замоне дари ҳуҷра аз ҳамин ҷониб буд. Ин бинои таърихист ва ҳамсоли  расадхона аст,-  гуфт устод. - Расадхонаҳои нави мо, аз ҷумла расадхонае, ки  дар Ҳисор  сохтем, бинои дуқабата ва замонавист. Зарурати иҷрои корҳои муҳимтаре буданд ва ба бунёди  бинои нави пажӯҳишгоҳ навбат нарасид. Аз ҷониби дигар шукӯҳу шаҳомат хоси  фаъолияти илмӣ  нест.  Вақте ки бори нахуст дар ҷаҳон ду олими амрикоӣ  телескопро  ихтироъ карданд, ҷои корашон таҳхона буд. Дар биное, ки аз мармару ҷавоҳир оро меёбад, кашфиёти бузург имкон надорад.  Мо барои кор мизу курсӣ, компютер  ва телескоп дорем. Муҳим аз ҳама шароити кор таъмин аст ва ҳуҷра хуб ҷиҳозонида шудааст.
- Мегӯянд, ки олимони ҳақиқӣ дар сурате   зуҳур менамоянд, ки агар аҷдодашон ҳамвора ба илм машғул бошанд. Ин ақида дуруст аст? Аз гузаштагонатон касе олим буд?  Дар чӣ гуна хонавода ба воя расидед?
- Намедонам, ки дуруст аст ё на. Падарамро ёд надорам, дар чаҳорсолагиам аз олам гузаштаанд. Ба қавли модарам эшон хату саводи хуб дошта, то инқилоб   мирзо, замони шӯравӣ  муддате  муаллим ва мудири шӯъбаи маорифи шаҳри ӯротеппа будаанд. Баъди фавти падар саробонии оила ба дӯши бародарам, ки аз ман калонтар буд, афтод. Бо вуҷуди он ӯ дар мактаб  аъло мехонд.  Солҳои вазнин буд замони тифлии мо. Модарам аз пораҳои либосҳои фарсудаву корношоям тоқӣ дӯхта, бо нархи арзон ба мизоҷон мефурӯхт.  Инчунин  субҳи барвақт  ба мағоза рафта,  дергоҳ навбат мепоид, то пораи ноне ба хона орад. Он солҳо  ба оилаи мо дар як рӯз 300 грамм нон медоданд. Дар мамлакат гуруснагӣ буд. Одамон  соатҳо дар мағоза навбат мепоиданд.  Бо талқини бародарам ман ҳам ба мактаб рафтам ва дар синф  аълохон шудам. Аммо дере нагузашта ҷанг сар шуд. Азбаски мардҳо ҳама ба ҷанг рафтанд, дар мактабҳо    муаллим намерасид. Ба хотири рафъи ин мушкил  давлат наврасони аълохонро барои таҳсил ба омӯзишгоҳи педагогӣ бо  додани рӯзе  500 грамм нон ба хонаводаашон   ҳавасманд намуд. Аз ин рӯ ман ҳам ба  омӯзишгоҳи педагогӣ гузаштам ва вазъи зиндагиамон андаке беҳтар шуд. Дертар хидматҳои падарро ба назар гирифта, давлат ба ману бародарам нафақа таъйин кард. Вале дар 17-солагиам модарам низ бар асари беморӣ аз дунё гузашт. Омӯзишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда,  таҳсилро чаҳор соли дигар  дар факултаи физика ва математикаи  Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд идома додам. Дар донишкада як сол барандаи  стипендияи  Киров ва се соли дигар стипендияи  Сталин будам.  Он солҳо ҷавонон ба илм  рағбати зиёд доштанд. Ман ҳам баъди хатми мактаби олӣ як  сол кор кардаму   ба аспирантураи филиали Академияи илмҳои ИҶШС дохил шудам. Маро  барои таҳсил ба аспирантураи  Донишгоҳи давлатии Маскав тавсия карданд. Рисолаи номзадиамро  соли сеюми аспирантӣ  дар Маскав  дифоъ  кардам. 
- Ин  рисола   кадом   мавзӯъро фаро мегирифт ва  ба фаъолияти минбаъдаатон  чӣ таъсир расонд?
- Масъалаи раванди афканиши моддаҳо аз ҳастаи  кометаҳоро  дар бар мегирифт. Кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо-ҳама ҷирмҳои хурди низоми хуршедианд. Бинобар ин зарурати омӯзиши алоқаи байни онҳо низ ба миён омад. Омӯзиш собит кард, ки таркиби  ин ҷирмҳои осмонӣ аз  моддаҳое иборат аст, ки ҳанӯз  4,5 миллиард сол пеш тамоми сайёраҳои низоми Офтоб аз онҳо  ба вуҷуд омада буд. Гарчанде дар Замин ва сайёраҳои дигар  рӯи ин моддаҳо  аз ҳамон вақт тағйир  ба амал омад, моддаҳои таркиби  астероидҳо, кометаҳо ва метеорҳо, тавре  ки 4,5 миллиард сол буданд,  боқӣ монданд. Пажӯҳиш ба ман имкон дод, ки раванди  пайдоиши Замин ва сайёраҳои дигари галактикаро аниқтар намоям ва барои кашфи  асрори зиёди нокушудаи   кайҳон таҳқиқро идома диҳам.
- Нашунидаам, ки дар ҷаҳон олиме дигар,  дар ҳамин син   ба чунин як кашфи дорои  аҳамияти ҷаҳонӣ муваффақ шуда бошад.
-Бояд чунин олимон бошанд . «Қобуснома»-ро дидан лозим аст. Вале дар  риштаи астрофизика нест.
- Устод, тавре ки иттилоъ дорам, Шумо бо бунёди Расадхонаи астрофизика ба таъсиси  Пажӯҳишгоҳи астрофизика дар Тоҷикистон мусоидат намудед, бо  расадхонаи дигар дар  cобиқ ИҶШС шеваи нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолакатсионии метеорҳоро асос гузоштед. Хоҳишмандам, аз ҳамин хусус бигӯед.
- Нахустин расадхонаи астрономӣ  бо қарори Шӯрои Комиссариати халқии ҷумҳурӣ соли 1932 таъсис ёфта буд ва  ба омӯзиши метеорҳо, кометаҳо ва астероидҳо машғул шуд. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, бавижа шаҳри Душанбе, ки дар он расадхонаи мо воқест, барои омӯхтани ин гуна ҷирмҳои осмонӣ хеле мувофиқ  аст. Азбаски аксари расадхонаҳои собиқ  ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар минтақаҳои шимолӣ воқеанд, шароити хуби мушоҳидаҳои астрономиро надоранд. Бинобар ин омӯзиши ин се равиш  дар кишвари мо  то кунун идома дорад.
 Дар заминаи ҳамин расадхона соли 1958 бо ибтикори Президенти вақти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, шодравон академик  Султон Умаров Пажӯҳишгоҳи астрофизика таъсис ёфт, ки  аз се шӯъба иборат буд.  Соли 1959 маро роҳбари пажӯҳишгоҳ таъйин карданд. То он замон  ҳамаи  иншоотҳои  астрономӣ дар ҳудуди ҳамин пажӯҳишгоҳ   ҷойгир буданд, чаро ки солҳои 30-юми асри гузашта маҳалле, ки дар он  нахустин расадхонаи астрономӣ  қомат афрохт,  канори  шаҳр маҳсуб меёфт.  Аммо  солҳои 50- уми асри ХХ  пойтахт   хеле васеъ гашта,  рӯшании чароғҳо  ба сифати мушоҳидаҳои астрономӣ  таъсири манфӣ мерасонид. Ғайр аз ин иқтидори телескопҳое,  ки  доштем, хурд буд. Бинобар ин соли 1958 тасмим гирифтам, ки аз  Олмон ва  Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) чанд телескопи  пуриқтидор оварам. Соли 1959,  замоне ки роҳбари пажӯҳишгоҳ будам, қарор додем барои бунёди расадхонаи нав мавзеи хубу мувофиқе интихоб намоем. Он солҳо мушоҳидаҳоро на фақат шабона, балки рӯзона ҳам  ба воситаи радиолокаторҳо анҷом  медодем. Ниҳоят баъди ҷустуҷӯи зиёд мавзееро, ки ҳоло  расадхонаи Ҳисор воқест, баргузидем. Баъд тасмим гирифтем, ки  дар минтақаи баландкӯҳ низ   расадхонае бунёд кунем. Сохтмони расадхонаи Ҳисор  соли 1964 оғоз ёфт. Бинои асосӣ ва  ҳам биноҳо барои телескопҳо дар давоми панҷ сол сохта шуда,  мушоҳидаҳо  мунтазам сурат гирифтанд. Яке аз ташаббусҳои ман бунёду роҳандозии  фаъолияти ҳамин расадхона аст.  Бо бунёди расадхонаҳои нав дар ин давр таҳқиқот дар   соҳаҳои дигари   астрофизика низ  сурат гирифт ва дере нагузашта, соли 1969 барои дастовардҳои муҳими илмӣ Пажӯҳишгоҳи  астрофизикаи АИ Тоҷикистон сазовори Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат гардид. Соли 1971 Ҳукумат кашфиётамонро  дар ин соҳа бо  гузаронидани  маоши ҳамаи кормандони пажӯҳишгоҳ ба  категорияи аввал қадрдонӣ намуд. 
-Гуфтед, ки Расадхонаи Ҳисорро бунёд намуда, қарор додед расадхонаи дигаре дар мавзеи баландкӯҳ созед. Чаро  расадхонаро якбора дар минтақаи баландкӯҳ  насохтед?
-Интихоби ҷои расадхона кори осон нест, ҷустуҷӯ ва анҷоми корҳои сохтмонии он вақти зиёд мехоҳад. Расадхонаи Ҳисор барои мушоҳидаҳое, ки он вақт анҷом медодем, пура мувофиқ буд, Алҳол барои рафъи  эҳтиёҷоти  асри 21 шароити ҷуғрофии Тоҷикистон имконоте дорад, ки дар ҷаҳон беназир аст. Ба ин хотир дар ҷустуҷӯи мавзеи мувофиқе  барои бунёди расадхонаи нав будам.  Мехостам, ки  расадхона  дар болои кӯҳ сохта шавад. Бисёр мавзеъҳои кишвар, аз ҷумла атрофи Искандаркӯл, Хоҷаобигарм ва минтақаи Бадахшонро санҷидем. Дар натиҷа нодиртарин мавзеи мушоҳидаҳои астрономӣ дар дунё - Санглохро интихоб намудем, ки дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Данғара воқеъ аст. Барои расадхонаи Санглох калонтарин телескопи Осиёи Миёна, телескопи қутраш якметраро аз Олмон овардем.
-  Дастовардҳои илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон  беназир аст. Дар бораи муҳимтарин дастовардҳои илмиатон сӯҳбат мекардед.
-Пажӯҳишҳои илмии камина дар соҳаи астрофизика ба мушоҳида ва таъйини  мадор, табиати физикӣ ва таҳқиқи тақсими моддаи метеорӣ дар фазои байнисайёравӣ робита дорад. Дар ин муддат мадори беш аз 400 метеорро муайян намудам, зиёда аз 20 сели метеориро кашф кардам. Аз рӯи барномаи Соли байналмилалии геофизикӣ, Соли ҳамкории байналмилалӣ, Соли байналмилалии Офтоби ором параметрҳои физикии минтақаҳои метеориро дар қабатҳои болои атмосфераи Замин бо ёрии мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионӣ таҳқиқ намудам. Дар соҳаи омӯзиши дурахшонтарин метеорҳо дар ҷаҳон беш аз ҳама мо мавод ҷамъ кардем. Ҳоло дар асоси онҳо дар ҷаҳон феҳрастҳои махсуси астрономӣ  таҳия шудаанд ва ин иттилоот дар Бонки ҷаҳонӣ ворид  гаштааст. Инчунин  дар ин расадхона   мушоҳидаҳои комплексӣ ҳам аз  тариқи радиолокатсия ва ҳам тариқи  картографӣ анҷом гирифт.  Аз ҷумла, хусусиятҳои нурдиҳӣ ва ионизатсияи метеорҳо, инчунин чигунагии алоқаи онҳо ва таҷзияи  моддаҳои метеориро дар фазои байнисайёравӣ омӯхтем. Натиҷаи ин дастовард аст, ки   навтарин  усули пажӯҳишӣ дар ҷаҳон шеваи  экспозитсияи лаҳзавӣ интихоб шуд. Ин таҳқиқи мо барои таъмини парвози бехатари  киштиҳои кайҳонӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз тарафи дигар омӯхтан лозим буд, ки   таҷзияи  ҷисмҳои метеорӣ - сангпораҳо, оҳанпораҳо  ва ё маводи дигар дар фазои байнисайёравӣ  чӣ гуна сурат мегирад ва онҳо ба парвози киштиҳои кайҳонӣ  чӣ  таъсире мерасонанд.  Киштиҳои кайҳониро чӣ гуна созем, то   ба онҳо ҷисмҳои метеорӣ осеб нарасонанд. Ҷисмҳои метеорӣ дар фазо бо суръати хеле калон аз 10 то 40 километр дар як сония ҳаракат менамоянд ва хавфи бархӯрди ҳалокатбор бо киштиҳои кайҳониро доранд.  Ҳамзамон  алоқамандии селҳои метеориро бо кометаҳо омӯхта,  бори нахуст  дар олам  нишон додем, ки агар кометаҳо  дар атрофи Офтоб давр зананд, сели метеориро ба вуҷуд меоранд. Ин кашф  боиси такмилёбии  тарҳи маҳвораҳо  дар ИҶШС ва ҳам кишварҳои хориҷӣ ва инчунин оғози  пажӯҳишҳои  дигар  гашт.
Пажӯҳишгоҳи мо  дар соҳаи омӯзиши метеорҳо муассисаи роҳбарикунандаи ҳамоҳангсозии  илмии ҷаҳон шуд, ва ин мақомро то соли 1981 дошт. Ман аз соли 1972 то пошхӯрии  Шӯравӣ раиси бахши Иттиҳодияи байналмилалии астрономҳо оид ба муаммои  омӯзиши  маводи  метеорӣ  будам.
- Дар Сомалии Африқо ҳам истгоҳи мушоҳидаҳои аксбардории радифҳои маснӯи Заминро ташкил намудед...
- Бо супориши Шӯрои астрономии АИ ИҶШС соли 1967 дар Сомалӣ истгоҳи мушоҳидаи аксбардории радифҳои маснӯи Заминро  ташкил додем. Он солҳо зарурати  бунёди таҷҳизоти махсусе ба миён омада буд, ки дар баробари омӯзиши метеорҳо ҳаракати ҳамсафарҳои сунъии Замин низ  дақиқ мушоҳида шавад. Сомалӣ, ки дар хати истиво (экватор)  воқест, барои сохтани чунин истгоҳ ҷои мувофиқ буд. Баъди ташкили зеристгоҳ барои иҷрои ин кор экспедитсияи шӯравии метеории Академияи илмҳои ИҶШС ташкил гашт ва  ман яке аз роҳбарони он таъйин шудам. Мушоҳидаҳои метеорӣ  аз Сомалӣ,  Душанбе ва  Харков ду сол идома ёфт. Муассисаи дигаре, ки дар  ин экспедитсия ширкат дошт, Институти политехникии Харков буд. Мо  мушоҳидаи ҳаракати метеорҳоеро, ки дар  хати истиво мепаранд, якҷо бо ҳаракати ҳамсафарҳои сунъии Замин  аз се минтақаи ҷаҳон, ҳам  нимкураи шимолӣ ва ҳам ҷанубӣ идома дода, бори нахуст  ҷойивазкунии пайҳои метеориро дар истиво андоза кардем. Ин фаъолияти илмии мо аввалин таҷриба дар дунё буд ва дастовардҳоямон ҳанӯз бемисл аст. Албатта, дар ин таҷриба, тавре ки мутаваҷҷеҳ шудед, истгоҳи Сомалӣ нақши муҳим дошт.
- Шумо роҳбари Комиссияи оид ба метеорҳои Иттиҳодияи  байналмилалии астрономҳо будед. Ба олими тоҷик чи гуна даст дод, ки сазовори  ин вазифаи олӣ гардад?
- Ман узви чанд созмони илмии байналмилалӣ, аз  ҷумла Шӯрои астрономии Академияи илмҳои ИҶШС, Ассотсиатсияи байналмилалии геомагнитизм ва аэрономия ва аз соли 1961 то имрӯз узви Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ мебошам. Иттиҳодияи мазкур   дорои бахшҳои гуногун аст, ки ҳар як ба омӯзиши ҳодисаҳои мухталифи кайҳонӣ машғуланд. Масалан, агар бахше фаъолияти  офтобу ситораҳоро омӯзад, ман ба таҳқиқи фаъолияти ситораҳои парон, ки онҳоро метеорҳо меноманд, саргарм  будам. Як гурӯҳи кории ин созмон  бо омӯзиши фаъолияти ситораҳои парон  маъруф аст ва олимонеро,  ки дар ин соҳа кор мекунанд, ба ҳамин гурӯҳ қабул менамоянд. Дар Анҷумани Маҷмаи кулли Иттиҳодияи  байналмилалии астрономҳо, ки   дар ҳар   се сол як бор баргузор мешавад, солҳои  1985-88 оид ба омӯзиши метеорҳо президенти Комиссияи олии ин Маҷмаъ интихоб шудам. Дар ин вазифа аз  ҳар  давлати узв ба муддати се сол президент танҳо як навбат интихоб мешавад. Ҳоло узви  комииссияи мазкур ва  ҳайати раёсати он ҳастам.
-Айни замон бо ахтаршиносони  кадом кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ доред?
-То наздикӣ асарҳои илмии  мо ба ҳамаи расадхонаҳои дунё фиристода мешуданд.  Ҳамкориҳоямон  бо олимони Чехистон ва Инглистон  идома дорад. Ҳамкориҳоямон бо донишгоҳи Лондони  Инглистон  аз соли 1990  оғоз ёфт. Аз соли 2003 инҷониб  бисёр асарҳоямон дар маҷаллаҳои байналмилалӣ ба  нашр расид.  Аз ҷумла 207 мақолаи ман дар ин маҷаллаҳо  чоп шудааст.
-Ба шарофати фаъолияти пурсамари Пажӯҳишгоҳи астрофизика  номи олимони мо  кайҳонӣ гашт ва чанд  сайёраи осмон  ба номи онҳо гузошта шуд. Устод, Шумо  ҳам дар ин  кайҳони бекарон сайёраи худро доред? 
- Бале, барои кашфиётам дар соҳаи астрономия яке аз сайёраҳои хурд ба номи ман гузошта шудааст. Муҳаққиқони пажӯҳишгоҳи мо, академик Хурсанд  Ибодинов, Светлана Герасименко, Николай  Киселёв, Олег Доброволский, шодравонон Анатолий Бахаров ва Галина Чернова низ  дар кайҳон сайёраи худро доранд.
- Фаъолияти сарварию  таҳқиқотӣ ду кори   мушкилест, аммо Шумо  ҳам дар илм ва ҳам  дар кори сарварии Пажӯҳишгоҳу   Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чи гуна муваффақ  шудед?
-Ман солҳои фаъолияти роҳбариям низ ҳеҷ гоҳ аз илм канда нашудаам ва натиҷаи ҳар кореву иқдомеро, ки зимни роҳбарӣ анҷом медодам, аз лиҳози илмӣ  дар мағз худ баррасӣ мекардам, ки чӣ паёмаде меорад. Аз рӯзе, ки дар пажӯҳишгоҳ  шӯъбаи метеорҳо ташкил шуд,  роҳбарии  онро бидуни танаффус то ҳанӯз бар  дӯш гирифтаам, гарчӣ ҳар 5 сол  мудири  ин шӯъба  аз  нав интихоб мешавад. Яъне дар замонҳои фаъолияти сарвариам дар   пажӯҳишгоҳу  донишгоҳ низ аз кори асосиам, ки иртибот ба олами кайҳонист, канда набудам. 
Пеш аз оғози вазифаи ректорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи талаботи он замон мебоист дар Маскав аз сӯҳбати вазири мактабҳои олии ИҶШС мегузаштам. Ҳини сӯҳбат  ӯ аз ман пурсид, ки  дар пешрафти донишгоҳ чӣ саҳме хоҳам гузошт?  Гуфтам, ки омӯзгоронро ба фаъолияти илмӣ ҷалб мекунам. Ҷалби омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ ҳам ба пешрафти донишгоҳ ва ҳам ба  омодасозии  кадрҳои баландихтисос мусоидат мекунад. Ба омӯзгорон барои  корҳои илмӣ   шароит муҳайё намудем ва имкони анҷоми  корҳои лабораторӣ ва  сафарҳои хидматиро фароҳам овардем. Дере нагузашта кӯшишҳоямон натиҷа дод,  теъдоди  докторон афзуд. Чопи солонаи   мақолаҳои илмии кормандонро   дар шакли маҷмӯа ба роҳ мондем ва   интишори  маҷмӯаҳои илмӣ ҳар сол сурат мегирифт. Инчунин натиҷаи корҳои илмии ҳамаи устодон ҳар сол дар ҳамаи соҳаҳо баррасӣ ва ҷамъбаст  мешуд. Умуман,  беҳтарин анъанаҳои донишгоҳро идома дода,  ба рушди ояндаи он такон бахшидем. Дар ин солҳо факултаҳои иқтисодӣ, нақшагирии иқтисодӣ, ҳисобгирии молиявӣ ва чандин кафедраи нав таъсис ёфтанд.
-  Шӯрои ректорон, ки бо  пешниҳоди камина дар ин давр  ташкил шуд,  дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мактабҳои олии ҷумҳурӣ нақши муҳим бозида,  дар такмили барномаҳои таълимӣ кори зиёде ба анҷом расонид. Инчунин мақоми донишгоҳро дар низоми маълумоти олии мамлакат баланд бардошт. Кормандони донишгоҳ дар Донишгоҳи давлатии Маскав ихтисосашонро  такмил медоданд ва аз таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони худ баҳраманд мешуданд.
-Дар хонаводаи устод Пӯлод Бобоҷонов  олимони дигаре низ ҳастанд? 
- Ҳамсарам Муҳаббат  Бобоҷонова доктори илми биология мебошад ва дар Донишгоҳи миллӣ  кор мекунад. Донишгоҳи Санкт-Петербург ва аспирантураи  Пажӯҳишгоҳи  биохимияи  Маскавро хатм кардааст. Духтарам  Малика  низ доктори илми биология аст ва  сарвари  Бахши тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказист. Писарамон Ҷамшед дастпарвари Донишгоҳи давлатии Маскав ва номзади илмҳои иқтисодист. Арӯси хонавода Шаҳноза низ имсол рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.
* * *
Баъди расидан ба дидори  мӯҳтарам Пӯлод Бобоҷонов бо фарзандашон Малика Бобоҷонова сӯҳбати кӯтоҳе доштам. Маликабону гуфт:
-Аз  рӯзе, ки худро мешиносам, ба гуфтору кирдору пиндор падару модарам ҳамеша бароям  намунаанд. Медидам, ки онҳо чӣ кор мекарданд ва  корҳои омӯзгориву илмиашонро  чи гуна анҷом медоданд. Айёми хурдсолиям баъзан аз рӯи зарурат гоҳе ҳамроҳи падар ва ё модарам  ба  коргоҳашон  мерафам ва дар он ҷо  шоҳиди бевоситаи фаъолияти  илмии онҳо мешудам. Инчунин ба хонаи мо олимон  ташриф оварда, мулоқоти илмӣ баргузор менамуданд. Сӯҳбату дидори муҳаққиқони маъруфи ҷаҳон, дӯстони падарам -  шахсиятҳои барҷаста, вале бисёр  хоксору самимӣ, майлу ҳаваси маро ба корҳои  илмӣ  меафзуд. Падару модарам беҳтарин  таассуроташонро аз сафарҳои хидматии илмӣ  ба мо, фарзандон, шояд ба хотири аҳамияти тарбиявиашон нақл менамуданд, ки ин ҳама дар ташаккули мо  осоре гузаштааст.   Умуман дар муҳите ба воя расидам, ки шавқу ҳаваси маро ба  пажӯҳиши илмӣ бедор кард. Бинобар ин баъди хатми донишгоҳ фаъолияти илмиро дар Пажӯҳишгоҳи физиологияи рустанӣ ва биохимияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оғоз намудам ва солҳои 1989-2001  дар ин даргоҳ кор кардам. Инак  зиндагиамро бидуни  илм тасаввур карда наметавонам.

   Ба ҷои охирсухан
Маънии зиндагӣ камолоти инсонист. Ҳақиқате намедонам, ки волотар аз он бошад. Инсон коинот аст ва дар худ ҷаҳонро фаро мегирад, -  гуфтааст хирадманде. Дар ҳақиқат Офтоб ба олам нуру зиё бахшад,  ҳама некӯиҳоро  инсон ато мекунад.  Дар олами бекарони кайҳон инсон ягона мавҷуди олиест бо ду ҷаҳон, яке дунёи моддии заминӣ ва дигаре ҷаҳони хираду андешаҳои созанда. Устод Пӯлод Бобоҷонов худ кайҳонест бо кӯлбори лабрези кашфи асрори мӯъҷизаҳои кайҳонӣ, ки башарро аз фалокатҳои бузурги осмонӣ ва роҳҳои ҷилавгирии он ҳамвора огоҳ месозад. Мо, аҳли эҷоди рӯзнома, ба ӯ, нобиғаи илми тоҷик, умри бобаракату барори кор таманно дорем.

Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 893

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед