logo

илм

Қадами нахуст дар тағйироти сохторӣ ва ё гилагузорӣ аз фаъолияти хабарнигорон

-Бинобар ба охир расидани ваколати Раёсати  Академияи илмҳо аъзои нави раёсат иборат аз 9 нафар дар ҷаласаи умумии  фарҳангистони илми тоҷик аз нав интихоб гардид. Ба он Маҳмадшо Илолов, Президенти Академияи илмҳо, се нафар ноиби президент Саймаҳмад Одинаев, Муҳиба Ёқубова, Кароматулло Олимов, инчунин Ҳаким Аҳмадов, саркотиби илмӣ ва академикҳо Хуршед Ҳилолов,Талбак Назаров, Маҳкам Маҳмудов, Раҳим Масов интихоб шуданд.
Вазифаи академик-котибони шӯъбаҳо  ихтисор гашта, фаъолияти онҳо ба зимаи ноибон вогузор шуд,- гуфт  Кароматулло Олимов, ноиби  президенти АИ ҶТ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, ба намояндагони ВАО дар нишасти матбуотӣ.
Бино ба иттилои ӯ ин тағйирот нахустгоме дар роҳандозии Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба бозсозии сохтории  фарҳангистони улум аст.
 Инчунин дар нишаст мавсуф аз фаъолияти хабарнигорон изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки аксарияти онҳо дар инъикоси дастовардҳои илмии риштаҳои  табиатшиносӣ касбияти ҳирфаӣ надоранд ва ба ин ҷурм васоити ахбори оммаро  ба ВАО-и гуманитарӣ табдил додаанд.
Ба андешаи ӯ инъикоси дастовардҳои  илм дар матбуоти даврӣ бисёр заиф гаштааст. Дар ҳоле ки   олимони тоҷик дар бисёр риштаҳои илм, аз ҷумла кимиё,  физика, иқтисодиёт, биология ва ғайра кашфиёти зиёд доранд.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 750

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед