logo

мулоқотҳо

Робитаҳои сохторҳои дифоию амниятии Тоҷикистону Белгия густариш хоҳанд ёфт

16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  вазири мудофиаи Белгия Питер де Кремро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Белгия ва авзои минтақа баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ аз сатҳи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия таваҷҷӯҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари натиҷаҳои сафари расмии порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Белгия ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба зоҳир гардид. Таъкид  шуд, ки ҳар ду ҷониб ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва поксозии ҳудуду марзҳои Тоҷикистонро аз мина ва дигар маводи тарканда густариш хоҳанд дод.
Изҳори боварӣ гашт, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоию амниятии ду кишвар низ густариш ёфта, ба таҳкими оромию субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон мусоидат менамоянд. 
Дар робита ба авзои Афғонистон иқдомҳои ахири ҳукумати ин кишвар дар бобати ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсии ҳалли қазия, бахусус таъсиси Шӯрои сулҳ, бамаврид арзёбӣ гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт:
-Зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории ҳамаҷиҳатаи худро ба чунин тадбирҳои судбахши ҳукумати Афғонистон бармало намоиш диҳад, зеро бе дастгирии ҳамаи мо ноил шудан ба коҳиши хатар аз ин кишвар амри муҳол аст.
Питер де Крем ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.
Зимни баррасии роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъии дар роҳи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ эҷодгашта, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки Белгия чун кишвари соҳибнуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ ва, бахусус бо имконоти раёсати худ дар Иттиҳоди Аврупо, барои рафъи ин ҳолатҳои номатлуб саҳми намоён мегузорад.
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро доир ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 620

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед