logo

маориф

Шӯҳрати донишкада сол ба сол боло меравад

Пайдост, ки мактаб боргоҳи воқеан ҳам муқаддаси таълиму тарбия, арсаи нахустини саводомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ буда, дар ташаккул ва такомули маънавии ҳар фарди ҷомеа нақши асосӣ дорад. Басо хуб дарк ҳам кардаем, ки ҳанӯз аз азал халқи тоҷик бомаърифату соҳибмактаб буд ва аз ин ҷост, ки дар солиёни мадид ва пурғановати  ҳастии худ пойдевори басо устувори илму хирад, кохи бегазанди забон ва фарҳанги миллиро барафрохта, ба арсаи таърих нобиғаҳои ҷаҳониро ато кардааст, ки имрӯз мо бо номи онҳо дар сартосари олам ифтихор менамоем.
Чун дар мамлакат шароити мусоид фароҳам омад, қабл аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат ҳисобиданд. Таваҷҷӯҳ ба мактабу маориф, фарҳангу варзиш дар як сатҳ бо дигар соҳоти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба инкишоф, ташаккул, камолот ва густаришу тараққиёт расид. Ин нукта дар назди роҳбарони макотиби олии касбӣ хеле хуб, аз нуқтаи назари илмӣ ба роҳ монда шуд. Акнун ҳар як роҳбар, бахусус ректорон, вазифадор гардиданд, ки тамоми нерӯву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду ватанпараст ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар созанд.
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмӯъмин Раҳимов, ки воқеан ҳам ба макони асосии тайёру омода сохтани мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, омӯзгорону мураббиён, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, муаллимони фанҳои омодагии дифои ҳарбӣ, сайёҳону паҳлавонон табдил ёфтааст, бо шогирдону варзишгарони шинохтаи ҷаҳонӣ ифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлол маҳсуб мегардад.
Дар 7 мактаби олии ҷумҳурӣ соли 1950 зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамуд, ки аксари онҳо дар ду соли аввали таҳсил, дар асоси барномаи таълимӣ фанни тарбияи ҷисмониро мегузаштанд. Аз соли 1955 шурӯъ карда, дар макотиби олии ҷумҳурӣ машғулиятҳои фанни тарбияи ҷисмонӣ дар шакли нисбатан нави баланд бардоштани маҳорати варзишгарони оянда ба роҳ монда мешавад.
Соли таҳсили 1954-1955 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (он замон Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Шевченко) факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис ёфта буд.
Бо гузашти солиёни мадид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки донишкадаи мустақил - Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М. Калининро дар шаҳраки зебоманзари Лучоб таъсис диҳад. Ҳамин тавр, аз 15 марти соли 1971 ин донишкада ба таври мустақил фаъолият карда истодаасту тайи 39 соли мавҷудияти худ он беш аз 30 ҳазор мутахассисро ба камол расонидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат нақш ва мақоми он ҳамчун манбаи асосии омода гардонидани пешоҳангони варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, устодон ва мураббиён бамаротиб боло рафт. Соли оянда ин макони варзишӣ 40-умин солгарди таъсисёбии хешро ҷашн гирифтанист.
Дар донишкада як зумра роҳбароне фаъолият доштанд, ки ҳар кадом дар пешрафту инкишофи раванди таълим, афзун гардидани нақш, обрӯ ва манзалати он саҳми басо хубе гузоштаанд.
Ба шарофати кордонӣ ва ҳисси баланди касбии онҳо садҳо нафар шогирдони донишкада дар таърихи варзиши ҷаҳонӣ номи хешро бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт кардаанд. Мо аз пирӯзию сарбаландиҳо, муваффақиятҳои бузурги қаҳрамонони фориғуттаҳсили ин боргоҳ бо ҳарорат сухан мегӯем. Аз зумраи онҳо Сайидмӯъмин Раҳимов, Зебуниссо Рустамова, Андрей Абдувалиев, Иброҳим Ҳасанов, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо, Анатолий Старостин, Юрий Баранов, Александр Василев, Вадим Шикарёв, Владимир Соков, Хайрулло Назриев, Сайдаҳтам Раҳимов, бародарон Алишеру Рустам, Расулу Ҳаким Боқиевҳо, Р.Дгварелӣ, Хуршед Ҳасанов, Наталя Шлёмова, С.Орин, Гулсара Додобоева, Сергей Забавский, Шералӣ Достиев, Дилшод Назаров, Эрика Шиллер, Албина Камолиддинова, Парвина Қодирова ва дигарон  мебошанд, ки дар арсаи ҷаҳон ному шӯҳрат ба даст овардаанд ва кишвари моро муаррифӣ кардаанд.
Имрӯзҳо маҷрои фаъолият ба тамом дигар гардида, дар раванди таълим, корҳои созандагиву бунёдкориҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Шогирдон дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида истодаанд.
Шумораи кафедраҳо аз 10 ба 18 адад расонида шуд. Шароити машқи донишҷӯён беҳтар гардид. Онҳоро бо либосҳои ягонаи варзишӣ, асбобу таҷҳизоти хонишу тамрин таъмин намудем. Беҳтарин мутахассисон тариқи озмун ба фаъолият ҷалб гардиданд. Ду сол боз донишҷӯёни донишкада ғолибони садфоизаи мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва осиёву ҷаҳонӣ мешаванд. Имрӯз теъдоди умумии донишҷӯён дар донишкада ба 2595 нафар расидааст. 120 адад компютер бо тамоми таҷҳизот дар хидмати донишҷӯён ва устодон қарор дорад. Баланд бардоштани савияи дониши шогирдон дар маркази диққати маъмурияту омӯзгорон мебошад. Дар донишкада таълими 18 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.
Шаш маҳфили фаннӣ ва дастаи худфаъолиятии «Маҳзар» амал менамоянд. Дар остонаи соли нави таҳсил маъмурият 28 мутахасси ҷавон ва умедбахшро ба кор қабул кард. Алъон дар донишкада 1 доктори илм, профессор, 4 дотсент, 4 номзади илм, 23 корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ, 18 Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, 1 узви Иттифоқи журналистон ва 180 нафар устоду мураббӣ фаъолият карда истодаанд.
Ҳамаи 78 синфхона, 35 озмоишгоҳ, 12 толору майдони варзишӣ, 18 кафедра, 4 факулта, 2 хобгоҳи умумии донишҷӯён аз таъмири пурра бароварда шуд.
Як худи ҳамин сол аз шумораи умумии 168 нафар варзишгари беҳтарини донишкада, ки узвҳои пайвастаи дастаҳои яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд, 4 нафар – Мақсадулло Ҷабборов, Акмалиддин Каримов, Манучеҳр Назаров ва Манучеҳр Давлатов соҳиби унвони фахрии қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин радиф мо метавонем ному насаби варзишгарони беҳтарини донишкада Дилором Шерова (таэквандо), Анвар Юнусов, Шералӣ Достиев (муштзанӣ), Абӯбакр Давлатов, Муҳаммад Абдураҳмонов (самбо), хоҳарон Фотимаю Зӯҳро Тағоеваҳо (камонварӣ), Лутфияю Фарида Қараеваҳо (тирпаронӣ), хоҳарон Надимаю Нодира Мирзоеваҳоро ба забон оварем. Онҳо дар чандин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.
Бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар оғози соли нави таҳсил дар донишкада «Маркази нави фарҳангӣ ва фароғатӣ» таъсис ёфт. Дар ифтитоҳи он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок дошт. Раиси кумита афзуд, ки имсол дар донишкада осорхона, маркази табъу нашр, ошхона- чойхонаи миллӣ ва корхонаи хурди чеварӣ барои донишҷӯён мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ҳоло беш аз 350 нафар донишҷӯ  ва 200 нафаре, ки тариқи квота шомил шудаанд, бо хобгоҳ ва манзилгоҳҳои истиқоматӣ таъмин гардидаанд. Донишкада рӯзҳои наздик пурра ба шабакаи интернет пайваст мешавад. Ҷараёни  бо техникаи замонавӣ таъмин намудани он идома меёбад.
Китобхонаи донишкада бо теъдоди 80 ҳазор нусха адабиёти илмию касбӣ ва бадеӣ дар ихтиёри донишҷӯён аст. Онҳо дар ду толори барҳаво имконияти омӯзишро пайдо кардаанд.
Дар шафати донишкада дар масоҳати 5 гектар бо дастони худи донишҷӯён 5 зинабоғ бунёд ёфтааст. Умуман, бо шукри дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ бештару беҳтар аз пештар фаъолият менамоем ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзанда мегирем.

Шодӣ САФАРОВ,
ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 604

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед