logo

туризм

Хатсайри нав ба самти Шарқи Дуру Миёна тарҳрезӣ гардид

-Дар нӯҳ моҳи соли равон КВД «Тоҷикаэронавигатсия» баҳри таъмини бехатарии парвозҳо як идда чорабиниҳоро татбиқ намуд,- гуфт Анвар Махсудов, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия».
Барои самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои кишвар ва ҳамоҳангшавии низоми аэронавигатсионии кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ Ширкати махсусгардонидашудаи Финландия тибқи шартнома таҷҳизоти метеорологӣ ирсол намуд, ки он дар бахши Қӯрғонтеппабуда насб шуда истодааст. Ҳамчунин бо мутахассисони Вазорати мудофиаи Фаронса барномаи мукаммали тарҳрезии сохтмони Манораи муназзимӣ дар шаҳри Душанбе таҳия гардид.
Бо мақсади пешбурди фаъолияти стратегии муассиса дурнамои рушди КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои солҳои 2010-2015 таҳия ва тасдиқ шуд. Хатсайри нав ба самти Шарқи Дуру Миёна тарҳрезӣ гардида, ба сохторҳои болоӣ барои мувофиқа ирсол гашт.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар пеш дорем, ин бо мутахассисони баландихтисос таъмин кардани корхона мебошад, ки имрӯз ҳалли худро ёфта истодааст. Аз ҷумла 15 нафар хатмкунандаи Коллеҷи авиатсионии Қирғизистон ба кор қабул гардид.
Бо мақсади таъмини муассиса бо кадрҳои ихтисоси «Муназзими идораи ҳаракати ҳавоӣ» 15 нафар дар Коллеҷи авиатсионии Қирғизистон ва Коллеҷи олии давлатии авиатсионии Минск таҳсил дорад,- гуфт Анвар Махсудов.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 990

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед