logo

маориф

Технологияи компютерӣ ва рушди шахсияти хонанда

Компютер дар ташаккули зеҳну тафаккури кӯдакон ва наврасон нақши муассир дорад. Тавре ки мушоҳидаҳо исбот месозанд, кӯдакону наврасон омодаанд, то соатҳо дар компютер бозӣ карда, худро дар нақши ҷабрдида ё таъқибкунанда, қаҳрамони афсонавӣ ё  золими хунхор, ғолиб ё мағлуб, сайёҳ ва ғайра тасаввур намоянд. Ин шуғл дар назари онҳо нисбат ба ҳаёти воқеии муҳит рангинтар, зеботар, шавқовартар, равшантар менамояд.

Аз ин лиҳоз, барои кӯдакону наврасон муҳити сайругашти рангин, варзиш, муҳити мусоиди муошират бо дӯстону ҳамсабақонро фароҳам оварда, китобхониро дар сатҳи зарурӣ тавассути ташкили кори хуби толорҳои китобхонӣ, китобхонаҳои мактаб, шаҳру ноҳия ба роҳ мондан зарур аст, то ки кӯдакону наврасон ба тасвирҳои дидаи худ дар компютер зиёд дода нашаванд. Дар ин сурат кӯдак шефтаи тахайюлоти компютерӣ нагардида, ба ҳаёти воқеӣ дил мебандад ва ба роҳи  хато  намеравад. Ба ибораи дигар,  мо бояд то ҳадди имкон талаботи ӯро мувофиқи имконоти мавҷуда бароварда созем.
Дар акси ҳол, технологияи компютерӣ ба кӯдак таъсири манфӣ расонда, ӯро тақлидкор мекунад, ба тафаккури кӯдак таъсири манфӣ, ба саломатиаш то андозае зарар   мерасонад (ба мисли таъсири нурҳои ултрабунафш, мавҷҳои электромагнитӣ, сарбории чашм ва ғайра). Бозиҳои компютерӣ метавонанд ба рушди зеҳнии кӯдакон монеа эҷод намоянд. Чунки бештари онҳо аз рӯи усули такрор сохта шудаанд ва ин боиси аз инкишоф боздоштани ақли наврасон мегардад. Бархе бозиҳои он хусусияти агрессивӣ дошта, рӯҳу равон, хислат ва ҷаҳонбинии кӯдакро агрессивӣ мекунанд.
Бо кӯмаки компютер имрӯз мусиқӣ меофаранд, роман, маводи илмӣ таълиф мекунанд, филмҳо пахш месозанд, бо пайвандон, дӯстон, ҳамфикрон ва ҳаммаслакон робита пайдо карда, аз ҳар гӯшаи олам бохабар мешаванд.  Компютер барои омӯхтани забонҳо, тарзи дурусти талаффуз, аёният дар дарсҳо, намоиши воқеаҳои таърихии гузашта (бо дискҳо), ба мушоҳида гирифтани реаксияҳои химиявии озмоишӣ, боздид аз кишварҳои дунё, наззораи табиат, ҳайвонот, дарё, баҳр, уқёнус, кӯҳ, ғор, воҳа, пастхамиҳо ва ғайра воситаи муҳим аст. Баъзе барномаҳои компютерӣ имконияти дар шароити хона аз худ намудани курсҳо ва соҳиб шудан ба номаи камол,  сертификати курсҳо ва дипломро медиҳад. Компютер воситаи аз ҳама осони  дастрас сохтани иттилоот доир ба соҳаҳои гуногун мебошад. Барои сайқал додани маҳорати забондонӣ, санъати мусиқӣ, рассомӣ, инкишофи қобилияти зеҳнӣ, қобилияти эҷодӣ барномаҳои шуғлӣ мавҷуд аст. Ин афзалияти компютер аст.
Мо дар хусуси таъсири мусбат ва манфии компютер дар дуроҳа қарор дорем ва ҳақиқат дар мавқеи ҳамешагӣ – дар мобайн аст. Компютер воситаест, ки дар дасти одами зиёнкор ҳамчун олоти зиёнрасон ва дар дасти одами эҳсонкор ёвари эъҷози эҳсони ӯст. Компютер баёнгари равшани шараф ва нуқсони инсоният, завқи баланд ва паст, маънавиёти воло ва инстинкти ҳайвонӣ, амали бошуурона ва ҳиссиёти бешууронаи инсон аст. Барномаҳои  компютер проблема, дастовард ва бурду бохти таҷрибаи инсониятро фарогиранд. Ихтироъкорони ин барномаҳо  майл ва завқ, талабот ва дархости мизоҷонро ба ҳисоб мегиранд ва доираи густурдаи кофӣ доранд. Боқӣ аз сатҳи маърифат, ахлоқ, фарҳанг, омодасозии бозиҳо барои одамони синну соли гуногун, барномаҳои таълимӣ вобаста аст. Барнома ҳар гуна, ки бошад, дар асоси тафаккури инсон шакл мегирад ва такомул меёбад. 
Волидайн ва омӯзгор пеш аз он ки ин ё он барномаро ба компютер насб созанд, бояд андешанд, ки ба кӯдакону наврасон чӣ ва чи гуна таъсир мекунад ва натиҷаи он кадом аст. Агар кӯдакон ба шабакаи интернет дастрасӣ пайдо кунанд, волидайн ва омӯзгоронро мебояд боз ҳам ҳушёртар бошанд. Наврасонро дар уқёнуси беканори ахбори гуногун, ки манбаъҳои гуногун доранд, бо аҳдофи гуногун таълиф шудаанд ва дар сатҳи ахлоқии гуногун қарор доранд, ба ҳоли худ вогузоштан хатар дорад.
Компютер дар раванди таълим чун восита аст. Он вазифаи китоби электронӣ, айёният, малака ва маҳорат, воситаи  мониторинги дониши хонандагон ва баҳогузорӣ ба онро иҷро мекунад. Қулайии барномаҳои компютерӣ дастраси омма будани он аст. Барномаҳое барои таҳия намудани китобҳои электронӣ, саволномаҳои мониторинг ва баҳодиҳии дониш, корҳои санҷишӣ, тестикунонии натиҷаи таълим мавҷуданд. Компютерро ҳамчунин барои нишон додани ҳолатҳое бояд истифода бурд, ки онҳоро дар сурат нишон додан ва ё дар расм фаҳмондан душвор аст. Ба ин ҳодисаҳои гирифтани моҳ, офтоб, гардиши сайёра, реаксияи термоядерӣ, ҳаракати яхгард, моҳгард, сар додани киштии кайҳонӣ, моҳвора, шикори мамонтҳо ва амсоли ин ба ин мисол шуда метавонад. Ҳатто одитарин реаксияҳои химиёвӣ ё физикиро метавон тавассути компютер гузаронд. Компютер инчунин барои дастрас кардан ва нигоҳ доштани таҷрибаи  инсоният, ки дар масири таърих ҷамъ овардааст, хеле созгор мебошад. Онро дар дискҳо ба таври электронӣ ҳамчун базаи маълумот ё луғат нигоҳ доштан мумкин аст. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ адабиёти илмию таълимӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ маводи гуногуни таълимӣ ва  ғайра ба таври электронӣ зуҳур намуда истодааст.
Маҷмӯи барномаҳои таълимии дигар низ мавҷуданд, ки барои таълим, гузарондани санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сатҳи дониши хонандагон ва натиҷагирӣ аз он таълиф шудаанд.
Ширкатҳои махсуси таҳиякунандаи бозиҳои компютерӣ барои синну соли гуногуни хонандагон амал мекунанд. Онҳо бозиҳои гуногуни компютерӣ меофаранд. Баъзеи онҳоро номбар мекунем: бозиҳои мантиқӣ, математикӣ, бозиҳо барои омӯзиши забони хориҷӣ, калима ва грамматикаи забони хориҷӣ, машқи талаффуз, машқи мусиқӣ барои сомеа, викторина аз фанҳои гуногун, бозиҳои мустаҳкамкунии қувваи ҳофиза, машқ ва ба кор омодасозии тафаккур, саёҳати дунё, барномаҳои рангкунӣ ва расмкашӣ, конструксиясозӣ, омӯзиши нотаҳо ва ғайра. Ҳамаи ин бозиҳо мусиқиҳои ҳамроҳикунанда, тасвирҳои видеоӣ, аниматсия ва расмҳои ранга доранд. Дар ин бозиҳо фаъолияти дарки хонандагон, рушди тафаккури мантиқии хонандагон ва қобилияти эҷодии онҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Иштирок дар Конференсияҳои электронии илмӣ ва умумибашарӣ ба воситаи компютер амалӣ шуда, дар онҳо масъалаҳои умдатарини кишвару миллат ва халқияти гуногун ҳаллу фасл мегарданд.
Маҳз тавассути компютер таҳсилоти фосилавӣ амалӣ мегардад. Дар он тавассути таҷҳизоти махсус омӯзгорон метавонанд ба шогирдони худ, ки аз худи онҳо ҳазорҳо фарсах дур ҳастанд, таълимро ба роҳ монанд. Таҳсилоти фосилавиро дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, ибтидоии касбӣ ва олӣ ба роҳ мондан мумкин аст. Бидуни ин ба воситаи таҳсилоти фосилавӣ такмили ихтисоси омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногунро, ки такмили ихтисос мекунанд, ё ин ки ихтисоси нав мегиранд, амалӣ намудан мумкин аст. Таҳсилоти фосилавӣ тарзи муосири таълим ба ҳисоб рафта, дар саросари олам, аз ҷумла дар кишвари мо рӯ ба рушд мебошад. Тавассути он муҳассилин аттестат, диплом ва ҳуҷҷатҳои хатми муассисаҳои таълимии барӯманди ҷаҳонро сазовор шуда истодаанд. Самти мазкур имкони рушди ақлонӣ, зеҳнӣ, шахсияти комилро дар тамоми соҳа ва ихтисосҳо тавсеа мебахшад. Омӯзиш ва ба роҳ мондани ин шакли таҳсилот дар кишвари мо хеле зарур аст. «Борҳо таъкид кардаам, ки илму маориф омили муҳимтарини рушду пешрафти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг пеш аз ҳама, ба рушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи насли нав вобаста мебошад», гуфтаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси идона бахшида ба 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 
Инсоният дар ҳама давру замон мекӯшад, ки аз камбудию норасоиҳои худ хулоса бароварда, онҳоро ислоҳ намояд. Ин хулосаҳо ӯро маҷбур намуданд, ки  барои осон шудани меҳнати ҷисмонӣ аз ҳар гуна восита истифода намояд. Хотираи нисбатан маҳдуди инсоният низ ӯро водор сохт, ки техникаҳои ҳисоббарорӣ ихтироъ кунад, ки ҳазорҳо бор тезтар масъаларо ҳал созад, ҳисоберо ёбад ва ё иттилоотеро  муддатҳои тӯлонӣ барои инсон нигоҳ дорад. Дар ин ҳолат техникаи компютерӣ имконоти маҳдуди инсониятро ҷуброн ва мушкили ӯро осон мекунад.
Мутахассисон алҳол дар марҳилаи мукаммал сохтани барномаҳои таъсиси ақли сунъӣ қарор дошта, вазифаи эҷод карданро дар компютерҳо тавассути роботҳо ба ҷо меоранд. Дар марҳилаи ҷаҳонишавии тамаддуни инсоният барои нигоҳдошт ва мустаҳкам кардани мавқеи миллат дар арсаи байналмилалӣ моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар технологияи муосирро омӯзем ва аз он ба хотири пешрафти ҷомеа самарабахш истифода намоем, то ки фарзандони мо дар оянда кишваре бо ҳаёти шоиста ва сазовор дошта бошанд.

Муҳаммадалӣ АФҒОНОВ,
номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1030

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед