logo

маориф

Низоми кредитии таҳсил таҳким меёбад

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ҳамвора талош дорад ва дар ин ҷода имсол низ силсилаи корҳои созмондиҳӣ ба анҷом расид,- гуфт  Мӯъминҷон Шарифов, ректори донишгоҳи мазкур, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО. - Соли ҷорӣ таъсиси маркази тестии муҷаҳҳаз бо сад компютер ба комиссияи қабули имтиҳонот имкон дод, ки санҷишҳо зуд ва дақиқ баррасӣ шаванду ҳамзамон довталабон аз натиҷаҳояш огаҳ бошанд. Инчунин санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастии ҳамаи донишомӯзон низ аз оғози соли нави таҳсил дар ҳамин маркази тестӣ сурат мегирад.
Иқдоми дигаре дар ин семоҳа ба фаъолият шурӯъ намудани  Маркази омӯзиши забонҳои хориҷист. Он имкон медиҳад, ки савияи забондонии донишомӯзон баланд гардад, дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзанд ва дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намоянд.
Инчунин ректори донишгоҳ,  иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар магистратураи донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Испания ду нафар ва дар Белгияю Лаҳистон як нафарӣ донишҷӯёни тоҷик аз ҳисоби маблағи донишгоҳ таҳсилро идома дода истодаанд ва ин гуна донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, минбаъд барои кор дар  донишгоҳ пазуруфта мешаванд.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 631

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед