logo

мулоқотҳо

Тоҷикистон - Япония: ҳамкориҳо густариш меёбанд

9 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшӣ Кодераро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории босамари дуҷониба баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз соли 1993 оғоз ёфта, дар ин мӯҳлат аз ҷониби он ба кишвари мо 140 миллион доллари ИМА грант ва 41 миллион доллар кӯмаки техникӣ ҷудо шудааст. Айни ҳол ҳамасола ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 14 миллион грант ва 4 - 5 миллион доллар кӯмаки техникӣ ҷудо карда мешавад.
Бо вуҷуди ин таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Япония имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз хеле зиёданд.
То имрӯз ҳамкории Тоҷикистону Япония асосан дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ,  рушди зербинои иқтисодӣ, сохтмону таҷдиди роҳҳо, рушди деҳоту тақвияти имконоти кишоварзӣ ва ҳамгироӣ баҳри пешгирӣ аз гармшавии иқлим сурат гирифтааст.
Ба гуфти Киёшӣ Кодера, пешниҳодоти Тоҷикистон доир ба иштироки Япония дар татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми минтақавӣ барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ мавриди омӯзиш қарор доранд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии устувори худро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

www.president.tj


-Дар мулоқот бо ҷаноби Президент самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид ба амал омад, ки ҷониби Япония барои дастгирии соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағгузорӣ карда метавонад. Чанде қабл ба Тоҷикистон аз Япония наздик ба 50 трактор ва дигар таҷҳизоти техникӣ интиқол дода шуд.
Дар ин бора Киёшӣ Кодера, ноиби президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод. Мавсуф иброз дошт, ки Япония айни замон дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла тарҳи роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа - Дӯстиро татбиқ менамояд. Ба гуфти ӯ тарҳи мазкур вақтҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
 Ноиби президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ тазаккур дод, ки дар асоси барномаи рушди соҳаи тандурустӣ 40 ҳамшираи шафқат барои такмили ихтисос ба кишвари мо фиристода шуд. Тасмим гирифтаем, ки дар оянда дар ин самт барномаҳои бузургҳаҷмро низ пиёда созем. Пешниҳодҳои судманди  Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии тарҳҳои минтақавӣ, назири бунёди роҳҳои оҳану автомобилгард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ аз ҷониби коршиносони кишвари мо омӯхта мешаванд.

Додоҷон Рӯзиев,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 507

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед