logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Лӣ Жео Гу

25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки содироту воридот (Эксимбонк) - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Лӣ Жео Гуро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва сармоягузории лоиҳаҳои сершумори зербиноӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия арзи сипос кард.
Зикр гардид, ки бо сармоягузорӣ ва кӯмаки техникии давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он дар Тоҷикистон бунёди хати 500 киловолтаи Ҷануб - Шимол ва 220 киловолтаи Лолазор - Хатлон пурра анҷом ёфта, сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чанак бо нақби Шаҳристон, Душанбе - Хоруғ -Кулма ва татбиқи дигар лоиҳаҳои калонҳаҷм босамар идома дорад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе боз ду созишномаи дигар оид ба ҷудо намудани қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ба Тоҷикистон барои бунёди марҳилаи дуюми навсозии роҳи Душанбе - Хоруғ - Кулма ва хати 220 киловолтаи барқии Хуҷанд - Айнӣ ба имзо мерасад.
Изҳори боварӣ шуд, ки Бонки содироту воридоти  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сармоягузории дигар лоиҳаҳои судбахши Тоҷикистон низ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо ва нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, азхуднамоии канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва ғайра иштироки фаъол хоҳад дошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 537

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед