logo

мулоқотҳо

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Эрон ҳамарӯза ба вуқӯъ меояд

24 ноябри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо  Раҳимӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва технологӣ зоҳир шуд.
Ҳамкории бунёдӣ дар арсаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, ҳамлу нақли транзитӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир аз ҷанбаҳои муҳимтарини муносибатҳои Тоҷикистону Эрон маънидод гардид.
Ба иттилои Муҳаммадризо  Раҳимӣ, роҳбарияти Эрон тасмим гирифтааст, ки барои густариши ҳамкории бунёдии иқтисодӣ ва техникию технологӣ бо Тоҷикистон тамоми имконоти беш аз 6 ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои илмию технологии вилояти Хуросони он кишварро ҷалб намояд.
Тасмим гирифта шуд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки миёни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ, ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шаванд.
Қарор шуд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ҳамарӯза ба роҳ монда шавад, зеро 4 парвоз дар як ҳафта, ки имрӯзҳо амалӣ мегардад, нокифоя аст.
Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки робитаҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла барои омодасозии кадрҳои баландпояи мавриди ниёз, пеш аз ҳама мутахассисони муҳандисӣ - техникӣ ва табибони ҷарроҳ густариш ёбанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 503

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед