logo

мулоқотҳо

Фонди муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъол мегардад

24 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро, ки бо сафари расмӣ ва баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон, пеш аз ҳама мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва техникию технологӣ, баррасӣ шуданд.
Бо ёдоварӣ аз комёбиҳои Қазоқистон дар дохил ва хориҷи кишвар ва аз мақоми хоси ин давлат дар сиёсати  хориҷии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр гардид, ки дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар ба беш аз 240 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Аз мӯҳтавои муносиботи сиёсии миёни ду кишвар, аз ҷумла равобити сатҳи олӣ ва робитаҳои судманди иҷтимоию фарҳангӣ, илмию техникӣ, бонкӣ, гумрукӣ ва ғайра низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон бо ин фаъол намудани Фонди муштараки Тоҷикистону Қазоқистон, ки бо сармояи 100 миллион доллари амрикоӣ мувофиқат барои таъсисаш соли 2008 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон миёни сарони ду давлат ба даст омада буд, зарур шумурда шуд. Фаъолияти бештари Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, ки низ пас аз ҳамон сафар миёни ду кишвар таъсис ёфта буд, матлуб дониста шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, истифодаи босамари захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 546

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед