logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба лоиҳаи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", шаҳри Душанбе, 14 декабри соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда,  барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ,  ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.
Дар тӯли садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расонидаанд.
Дар баробари омӯзиши саҳифаҳои арзишманди таърихи аҷдоди номдорамон имрӯз диққат додан ба омилҳое, ки онҳоро ба пирӯзию сарбаландӣ расонидаанд, амри зарурӣ мебошад. Зеро маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад.
Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад.
Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд  бояд рисолати муқаддаси худ - тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва  заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи  фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.
Шахс дар сурате метавонад ба пирӯзиву комёбиҳо ноил гардад, ки агар дуои неки падару модарро гирад ва ба қадри ранҷу заҳмат ва дилсӯзиву ғамхориашон расад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки низоми ҳуқуқии таърихан ташаккулёфтаи миллат барои пойдории оилаи устувор ва рушди ҷомеаи босубот, ки ба ваҳдату қудрати давлат замина мегузорад, тавассути роҳу усулҳои мухталиф ба вуҷуд омадааст.
Одату анъанаҳои орёӣ, ҳуқуқи тамаддуни исломӣ ва ҳатто шӯравӣ роҳу равиши мухталифи бунёди оилаи устуворро тавассути меъёрҳои мухталифи иҷтимоӣ ҷустуҷӯ намуда, то ҳадде ба комёбиҳо ноил шудаанд. Меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ тавассути китобҳои муқаддасу суннати паёмбарон, асарҳои тарбиявӣ, панду андарзҳо ва ҳатто санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  сарҳади озодӣ ва меъёру ҳудуди масъулияти волидон ва фарзандонро муқаррар мекарданд.
Вобаста ба ин, таъкид бояд кард, ки сатҳи андешаву тафаккур ва ривоҷи одобу ахлоқ маҳсули воқеияти иҷтимоӣ мебошад. Дар сад соли охир воқеияти иҷтимоӣ бар асари табаддулоту таҳаввулоти тазодангези худ низоми таълиму тарбияро ба осебу монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохт.
Бинобар ин, ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи асолати миллиро бо дарназардошти воқеияти ҷаҳони муосир ва пеш аз ҳама, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсии худ қарор дода, маҷмӯи иқдомотеро ба сомон расонид, то андешаву фарҳанг ва одобу суннати зиндагӣ ба маҷрои мувофиқ ба манфиат ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон равона карда шавад.
Дар ин росто, таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гардид.  Ислоҳоти фарогири соҳаи маориф тавассути ҳамасола зиёд кардани  маблағгузории давлатӣ, таҳкими асосҳои миллии омӯзишу парвариш ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани он татбиқ шуда истодааст. Аз овардани санаду далели сершумор дар ин бобат худдорӣ намуда, таваҷҷӯҳи шуморо ба ин масъала ҷалб месозам, ки тадбирҳои муҳими давлатӣ бе кӯмаку дастгирии бевоситаи аҳли ҷомеа, аз ҷумла падару модарон ва азми қавии онҳо ба ҳадди дилхоҳ ва самарабахш намерасанд.
Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро  падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.
Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад.
Масъалаи бағоят муҳиме, ки аз ин қазия бармеояд, сатҳи тафаккур, дараҷаи худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии худи падару модар мебошад, ки тавассути он фарзанд соҳиби саводу дониш, дили огоҳу ақли бедор, арҷгузорӣ ба ниёгон ва муҳаббату садоқат ба Ватану миллати худ мегардад.
Дар воқеъ, шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, раҳму шафқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода мебошад. Эҳтирому меҳрубонии мутақобила ва риояи ҳуқуқи ҳамдигар аз ҷониби падару модар дар зеҳни фарзанд эҳтиром ба шахси худ, эҳтиром ба инсон ва эҳтиром ба ҷамъиятро парвариш медиҳад. Ба ин маънӣ Паёмбари ислом мефармояд: "Фарзандони худро эҳтиром кунед ва ба онҳо бо одобу рафтори нек бархурд намоед, ба фарзанди худ дар анҷоми некӣ ва ҳашр ёрӣ расонед".  Дар ин масъала Унсуралмаолии Кайковус низ мефармояд: "Ва падару модарро ҳам тавон аст ва ҳам фармон. Аммо тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтан".
Дар ин таъкид ҳам дуруст тарбия кардан ва ҳам дуруст таълим додани фарзанд қарзи аввалиндараҷаи падару модар дониста мешавад, ки ин арзишҳо бояд дар замони мо боз ҳам амиқтар амалӣ гарданд ва фарзандон донишу фарҳанги зиёдтарро соҳиб шаванд.
Ба шарофати падару модар одобу ахлоқ, маърифату маънавият ва беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагони мо аз насл ба насл интиқол ёфта, ба як мактаби бузурги тарбияи ахлоқи иҷтимоӣ ва маънавии шахсият мубаддал мегарданд.
Доир ба назария ва амалияи нақши падару модар дар тарбияи фарзанд ва ё баръакс, вазифаи фарзанд дар бобати  эҳтиром гузоштан ба падару модар китобҳои мӯътабаре, аз қабили "Қобуснома"-и Унсуралмаолии Кайковус, "Насиҳатнома"-и Имоми Аъзам, "Ахлоқи Носирӣ"-и Насираддини Тӯсӣ, "Кимиёи саодат"-и Ғазолӣ, "Ахлоқи Мӯҳсинӣ"-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, "Ахлоқи Ҷалолӣ"-и Давонӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо таълиф шудаанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи  ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои мӯътамад ба исбот расидаанд.
Яке аз ақидаҳои бунёдии ин муаллимони бузурги ахлоқ аз он иборат мебошад, ки онҳо ҳусни эҳтиром ва масъулиятро нисбат ба фарзанд ва пайваставу ҳамеша анҷом додани амалҳои солеҳро дар рафтору гуфтори ӯ бо муносибати некбинонаи падару модари онҳо алоқаманд медонанд.
Дар ин замина мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ чунин гуфтааст: "Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ".
Дӯстони азиз!
Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад.
Дар ин гуна ҳолат ниҳодҳое, ки зикр намудам, бояд якҷо бо расонаҳои миллии иттилоотӣ нерӯву иқтидори кофии муқовимат дошта бошанд, то ин ки вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ карда, нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд.
Ин ҷо сухан нафақат дар бобати падидаҳои зоҳирӣ, аз қабили сарулибос, одоби муошират, нишасту хез меравад, балки бештар дар хусуси ҷаҳонбинии миллӣ ва эътиқодоти маънавист, ки дар шароити муосир аҳамияти бағоят бузургро соҳиб мебошанд.
Бо дарназардошти ин, мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар тарбияи хонаводагӣ мебинем. Дар ин ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар натиҷаи матлуб ба даст меояд ва агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувортар мегардад.
Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад.Падару модарон, ки  сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир ҳангоми таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камолот расидани онҳо сармояи хешро дар парваришу омӯзиши фарзандонашон сарф намоянд.       
Фарзанд  меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. 
Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст ва баъзе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд. 
Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин, ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама   вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман аҳли ҷомеа низ ба шумор меравад.
Дар ин марҳалаи басо ҳассос ва муборизаҳои ошкору ниҳони нерӯҳои гуногун вазифаи муқаддаси падару модарон ва дигар калонсолон дар оила, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таълим дода шаванд, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи халқу Ватан ба воя расанд. 
Дар ин раванд ҳикмати пурмӯҳтавои халқамонро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки  мегӯяд: "Фарзандони худро ҳунар ва илм биомӯзед ва онҳоро чунон бояд тарбия намоед, ки оқибат сиришки ғам аз дидаҳои пурумед нарезад".  
Чунонки имрӯз дида мешавад, дар натиҷаи бемасъулиятиву  беназоратии бархе аз падару модарон иддае аз наврасону ҷавонон бе тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то шом гаштугузор менамоянд ва бо шахсони бадрафтор ҳамроҳ шуда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд. Наврасон, ки ҳоло ҳаракату рафтори худро пурра дарк накарда, миёни сиёҳу сафед фарқ  гузошта наметавонанд, баъзан фирефтаи амалҳои  шахсони ҷинояткор гардида, оқибат худашон низ даст ба ҷиноят мезананд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои охир  дар қаламрави кишварамон аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки бевоситаи онҳо 4200 адад ҷиноят содир шудааст, ки ин боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Махсусан аз тарафи ноболиғон содир гардидани ҷинояти ниҳоят вазнини одамкушӣ  (104 нафар) нигаронкунанда аст.
Аз ин шумора, дар 16 ҳолат фарзандони ноболиғ даст ба куштори падару модарон задаанд. Ва баръакс дар 12 ҳолати дигар аз ҷониби падару модарон куштори фарзандон ба қайд гирифта шудааст, ки амали бисёр нангину даҳшатнок мебошад. Илова бар ин, тибқи маълумоти мақомоти судӣ баъди таваллуд аз ҷониби баъзе модарон ба ҳалокат расонидани тифлони навзоди худ низ вуҷуд дорад.
Бо сабаби беэътиноиву бепарвоии баъзе аз падару модарон ва шахсони мутасаддии тарбияи кӯдакони ноболиғ онҳо  ба ҷиноятҳои истифода ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (90 ҳолат), дуздидани воситаҳои нақлиёт (70 ҳолат) ва авбошӣ (350 ҳолат) даст задаанд. Дар давраи зикргардида ноболиғон ба дигар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили дуздии молу амвол, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва роҳзанӣ даст зада, қариб 3000  адад ҷиноят содир кардаанд. 
Падару модароне ҳастанд, ки бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур мекунанд ва онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ барои боркашониву бозорнишинӣ ва дигар корҳо сафарбар менамоянд. Дар натиҷа, ин гуна кӯдакон аз таълиму тарбия дур монда, дар муҳити носолим ба воя мерасанд ва ба корҳои номатлуб даст мезананд, ки ҳар кадоми он оқибатҳои бадро ба бор меорад.     
Ҳукумат ба хотири ҳарчи бештар ба таълим фаро гирифтани хонандагон, ҳифзи саломатии онҳо ва самаранок истифода бурдани соатҳои таълимӣ аз соли 2008 бо қарори дахлдори худ хонандагон ва донишҷӯёнро аз корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта озод намуд, ки онҳо бештар ба таълим ва аз худ кардани илмҳои замонашон машғул шаванд.
Баъзе падару модарон тарбияи фарзандони худро ба мактаб ҳавола намуда, чунин мепиндоранд, ки гӯё кори таълиму тарбия фақат вазифаи муассисаи таълимӣ мебошад. Онҳо ҳатто аз вазъи фарзандони худ дар таълимгоҳҳо воқиф нашуда, ба муассисаҳои таълимӣ рафтан ё нарафтани онҳоро таҳти назорат намегиранд ва кӯдаконро баъди дарс ба машғулиятҳои манфиатовар раҳнамоӣ намекунанд.
Ҳарчанд ки дар суханрониҳои худ оид ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ба воя расонидани онҳо такрор ба такрор ибрози ақида менамоям, вале ҳоло низ падару модароне ҳастанд, ки ба ин масъалаи муҳим муносибати ҷиддӣ ва сахтгирона надоранд. Ин кор дар ҳоле идома ёфта истодааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дастгирии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандии онҳо мебошад.
Ҳоло Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёрҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон равона карда шудааст. Дар моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки "Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд".
Қобили зикр аст, ки муқаррароти Конститутсия оид ба ӯҳдадориҳои фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модарон хусусияти хоси анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба шумор меравад. Пас моро зарур аст, ки дар асоси ҳамин санади тақдирсоз ба хотири омӯзишу парвариши фарзандон саъйу талош намоем ва онҳоро ба роҳи нек раҳнамоӣ кунем. Дар баробари ин, фарзандонро тарзе тарбия намоем, ки онҳо худро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул дониста, хизмати фарзандии худро то охири умри онҳо бо сарбаландӣ иҷро намоянд ва аз худашон низ номи нек боқӣ гузоранд.
Илова бар ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки Тоҷикистон яке аз аввалин ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ мебошад, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ҳанӯз соли 1993 ба "Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак", ки 20 ноябри соли 1989 ба тасвиб расидааст, ҳамроҳ шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ пазируфта шудааст, ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва ӯҳдадориҳои падару модар ва  давлат дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон зикр гардидаанд.
Тибқи моддаи сеюми Конвенсияи зикршуда давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд, ки бо дарназардошти ҳуқуқу вазифаҳои падару модари кӯдак, сарпарастон ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои ӯ масъул, ба кӯдак чунин ҳимоя ва ғамхориеро таъмин намоянд, ки барои некӯаҳволии ӯ зарур мебошад ва бо ин мақсад тамоми тадбирҳои дахлдорро андешанд.
Вобаста ба ин дар кишвари мо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул шудаанд, ки паҳлуҳои гуногуни таълим ва тарбияи наврасону ҷавонон ва калонсолонро дарбар мегиранд. Вале дар айни ҳол бо дарназардошти талаботи ҷомеа ва аҳамияти бузурги таълиму тарбияи насли наврас зарурате ба миён омадааст, ки доир ба ин масъала қонуни махсус қабул карда шавад.  Зеро имрӯз, яъне дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ ва омезиши арзишҳо, ки нақш ва нуфузи таълиму тарбия ҳамчун меъёри иҷтимоӣ ба хотири рушди инсон ва таҳкими сармояи зеҳнӣ асоси бунёди ҷомеаи навро ташкил менамояд, қабули чунин санади муҳим иқдоми саривақтӣ мебошад. 
Қабули қонуне, ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимеро иҷро менамояд. Бо ин мақсад ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон имрӯз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба муҳокимаи мардуми кишварамон пешниҳод менамоям.
Лозим мешуморам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати дувуним моҳ лоиҳаи қонуни мазкурро муҳокима намуда, дархосту пешниҳодоти худро дар бобати такмили лоиҳаи қонун ба Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф, Маркази миллии қонунгузорӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, инчунин тавассути васоити ахбори омма пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки дар муҳокимаи ин лоиҳа  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тамоми ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин муассисаҳои таълимӣ, ҳар як оила ва худи ҷавонон фаъолона иштирок намуда, фикру андешаҳои хешро барои такмил додани он ба мақомоти зикршуда пешниҳод намоянд, то ки манфиатҳои тамоми табақаҳои ҷомеа дарбар гирифта шаванд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз дигар қонунҳои кишвар  куллан тафовут дошта,  мақсади асосии он пурзӯр намудани масъулияти падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзандон ва пойдории оила иборат мебошад.
Дар лоиҳаи қонун меъёрҳои зарурие, ки ба тарбияи дурусти фарзанд мусоидат менамоянд, зикр шудаанд. Аммо бовар дорам, ки баъди муҳокимаи ҳамватанони азизамон ва пешниҳоди дархосту андешаҳои онҳо қонуни номбурда такмил ёфта, барои баррасӣ ва қабул ба Парламенти мамлакат  фиристода мешавад.
Мо таҷрибаи бо муҳокимаи умумихалқӣ қабул кардани қонунро  дорем. Масалан, қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пеш аз қабул шуданаш аз тарафи мардуми кишвар муҳокима гардид ва барои такмили он ба гурӯҳи корӣ зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳод ворид шуда буд.
Натиҷаи чунин муҳокимаи пешакӣ буд, ки қонун бо дарназардошти фикри мардум ва шароити мавҷуда дар шакли мукаммал қабул карда шуд ва натиҷаи дилхоҳ ба бор овард, ки ҳамаи мо имрӯз шоҳиди он ҳастем.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" маҳз барои тарбияи инсон, ба хотири сармояи зеҳнии фарзандонро тақвият бахшидан ва рушди захираҳои зеҳнии инсон таҳия шудааст. Сармояи зеҳнӣ ҳамчун махзани истифодаи мақсадноки захираҳои инсонӣ, пеш аз ҳама тавассути тарбия дар оила, ба воситаи таҳсил ва ба даст овардани маълумоти муосир ба даст меояд ва ба пешрафти ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Бовар дорам, ки қонуни мазкур ҳадафҳои давлату ҷомеаро дар тарбияи фарзанд муайян намуда, заминаи баамалбарории онҳоро мукаммал мегардонад. Зеро тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар, инчунин ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Дар лоиҳаи қонун вазифа ва ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид гардида, шакл ва усули тарбияи онҳо муайян шудааст. Ҳамчунин иштироки онҳо дар идоракунии муассисаҳои таълимие, ки фарзандонашон  таҳсил мекунанд, зикр гардидааст.
Албатта, амалишавии бевоситаи қонун аз худи падару модарон вобаста мебошад. Падару модарон, ки дар тарбияи фарзандон масъул мебошанд, пеш аз ҳама бояд  ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоянд.
Мазмуни асосии лоиҳаи қонунро ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил менамоянд. ӯҳдадории падару модар аз он иборат мебошад, ки онҳо бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд ва тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, ки фарзандонашон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул бошанд. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки мероси падар на танҳо молу мулк аст, балки тарбияи фарзанди солеҳу соҳибмаърифат мебошад, ки ҳамеша номи неки онҳоро нигоҳ медорад.
Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Онҳо бояд  ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд.
Чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад. Воқеан, мактаб барои ҳар як фард боргоҳи муқаддаси омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, барои такмили ҷаҳонбинӣ, зеҳну тафаккур, заковату зебоипарастӣ, малакаву маҳорат ва одобу ахлоқи ҳамида заминаи муҳимтарин маҳсуб меёбад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон пойбанди таассубу хурофот шуда, барои ба таълим фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд, онҳоро ба мактаб намемонанд ва духтарони ноболиғро ба шавҳар медиҳанд.
Тибқи маълумоти судҳо 234 ҳолати никоҳи духтарони ноболиғ ошкор гардидааст. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки бо сабаби аз ҷониби падару модарон омода накардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона бисёр оилаҳои навташкил барҳам мехӯранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар давоми солҳои охир беш аз 33 ҳазор ақди никоҳ ба тариқи судӣ ва зиёда аз 11 ҳазор тавассути мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шудааст.
Аз ин рӯ, мехоҳам ба чунин падару модарон махсус хотирнишон ва таъкид намоям, ки мактаб ва маориф имконият фароҳам меорад, то фарзандони мову  шумо аз усулҳои муосири таълиму тарбия бархурдор гардида, аз дастовардҳои навтарини илму техника ва технологияҳои муосир, ки имрӯз омили муайянкунандаи рушди иқтисодиёт ва таъминкунандаи сатҳи зиндагӣ гардидааст, дар канор намонанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳамеша дар муроҷиатҳоям ба мардуми Тоҷикистон ёдовар мешавам, ки танҳо фарзандони соҳибмаърифату дорои касбу кори замонавӣ метавонанд дар бунёди давлати пешрафтаву мутамаддин саҳмгузор бошанд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби "Ахлоқи Мӯҳсинӣ"-и худ менависад, ки: "Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод таҳсили адаб аст". Аз ин маънӣ маълум мешавад, ки омӯзгорони ахлоқи мо таълиму тарбияи фарзандро беҳтарин амал медонистаанд ва онро ҳамаҷониба тавсиф кардаанд, то ҷомеа соҳибмаърифату соҳибфарҳанг гардад.
Падару модарони мо низ вазифадоранд фарзандонро бо тамоми воситаҳои зарурии таълим таъмин карда, шароити муносибро барои таълиму тарбия ва инкишофи қобилияти онҳо фароҳам оваранд, шаъну шарафи инсонии фарзандонро эҳтиром намоянд, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд ва аз вазъи фарзандоне, ки дар мактаб - интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда таълиму тарбия мегиранд, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълиму тарбияи онҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дар баробари ин, лоиҳаи қонун ҳамчунин ӯҳдадории  мақомоти давлатӣ  ва ташкилоту муассисаҳоеро, ки масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандонро танзим мекунанд, муқаррар намудааст.
Дар ин самт давлат ва ҳукумати мамлакат ҳеҷ вақт бетараф намебошанд. Онҳо тарбияи насли бомаърифату хушахлоқро дар маркази диққати худ қарор дода, тамоми чораҳои заруриро меандешанд, ки фарзандони мо ҳамчун захираи бебаҳои инсонӣ ба таълиму тарбияи сазовору арзанда фаро гирифта шаванд.
Давлат тавассути таъсиси боғчаҳои бачагона, кӯдакистонҳо, мактабу интернатҳо, муассисаҳои табобативу фароғатӣ ва мақомоти васояту парасторӣ, ки ҳамаи онҳо дар тарбияи фарзанд масъуланд, вазифа ва ӯҳдадориҳои худро дар назди насли наврас иҷро менамояд.
Ҳоло аз тарафи давлат 17 намуди кӯмакҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти ёрии яквақта ба фарзандони оилаҳои камбизоат, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таълим мегиранд, барои таҳсил ва нигоҳубини кӯдакони маъюб, барои таваллуд ва нигоҳубини кӯдак  ба модарон расонида мешавад, ки маблағи умумии онҳо дар шаш соли сипаришуда қариб 300 миллион сомониро ташкил кардааст. Илова бар ин, ба кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат як қатор имтиёзҳои моддӣ пешбинӣ гардида, ҳар сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои муайян ҷудо карда мешавад ва мо ин равандро дар солҳои оянда низ идома хоҳем дод. 
Ҳозирини гиромӣ!
Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин баъзе чораҳои дигар низ пешбинӣ карда шудаанд, ки онҳо танҳо ба манфиати наврасону ҷавонон равона шуда, барои пешгирӣ намудани онҳо аз таъсири ҳар гуна зуҳурот ва амалҳои номатлуб мусоидат менамоянд.
Вобаста ба ин, пешбинӣ шудааст, ки падару модар баъди таваллуди фарзанд ӯро ҳатман аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.  Дар шароити ҳозираи Тоҷикистон, ки шумораи аҳолии мамлакат рӯ ба афзоиш дорад, муқаррар намудани чунин меъёр шарт ва зарур мебошад. Мувофиқи омори расмӣ дар кишвар дар даҳ соли охир қариб якуним миллион кӯдак таваллуд шудааст.
Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин аз тарафи фарзанди ноболиғ тамошои филмҳо ва бозиҳои компютерӣ, ки хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ,  террористӣ ва ғайриахлоқӣ доранд ва дар вақти шабона рафтани онҳо ба марказҳои дилхушӣ қатъиян манъ карда шудааст.
Гарчанде дар қонунгузории мо истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку ва истифодаи доруҳои сахттаъсир аз ҷониби ноболиғон манъ шуда бошад ҳам, ҳоло низ ҳодисаҳои истеъмоли чунин мавод аз ҷониби ноболиғон ҷой доранд ва баъзе тоҷирон низ аз фурӯши онҳо ба кӯдакон худдорӣ намекунанд.  Аз ин рӯ, натанҳо дар қонуни мазкур, балки дар қонунҳои дигар низ тағйиру иловаҳо ворид карда, ҷавобгарии касонеро, ки ноболиғонро ба ин самт раҳнамоӣ мекунанд, пурзӯр намудан шарт ва зарур мебошад.
Мо бояд фарзандони ноболиғро дар чорабиниҳое, ки ба кӯдакон тавсия карда нашудаанд, роҳ надиҳем, аз ҷониби фарзандони ноболиғ халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ ва рафтори дағалонаро дар кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ, нақлиёт, хобгоҳҳои умумӣ, манзили зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ пешгирӣ намоем.
Мехоҳам иброз намоям, ки миллати соҳибтамаддуни мо аз қадим бо одобу рафтори намунавӣ ва тарбияи хуб маълуму машҳур буд ва итминон дорам, ки имрӯз низ мардуми бофарҳангу соҳибмаърифати мо барои мукаммал намудани ин қонун аз анъанаҳои неки миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадимаи худ васеъ истифода мекунанд.
Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шевои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оини миллӣ, хулоса аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо онҳо ифтихор намоем. Бинобар ин, аз ҷавонону наврасони кишвар ва умуман аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, давлати соҳибистиқлол, фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон ҳамеша дар ҳифзи аслу насаби худ ҳушёру бедор бошанд.
Ҳар як шахсе, ки миллати худ, Ватани худро дӯст медорад ва эҳтиром менамояд, бояд ба қадри ин арзишҳо расад ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намояд ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ намояд. 
Дар навбати худ мақомоти давлатӣ низ  бояд ба падару модарон ҷиҳати тарбияи дурусти фарзандон мусоидат намуда, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро мунтазам тарғиб намоянд. Зеро ин кори муҳим ва тақдирсоз вазифаи ҷонии нафақат падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки наслҳои солиму огоҳро тарбия карда, давлатдории мустақилонаи худро мустаҳкам созем ва дилпурона ба сӯи оянда пеш равем. 
Ин вазифаҳои ниҳоят муҳим ҳар яки моро водор месозанд, то дар таълиму тарбияи фарзандони худ тамоми тадбирҳои заруриро андешем.  Зеро фарзанди солеҳу хушахлоқ ва боҳунару донишманд ғайр аз ин, ки сарвати азизу бебаҳои падару модар мебошад, ба арзиши маънавии давлат ва сармояи зеҳнии он дохил гардида, сатҳу сифати маърифатнокии ҷомеа ва қудрати давлатро муайян месозад. Муаллими бузурги ахлоқ  - Шайх Саъдӣ дар ин маврид мефармояд: "Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст… Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда. Агар ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад".
Аз ин рӯ, ҳар яки мову шумо - падару модарони азизро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои хайру савоб, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки имрӯз ба як ҷавони нерӯманду зебои бистсола монанд аст, ҳидоят намоем. Ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрандии ҳар яки мову шумо мебошад. Фақат бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафҳое, ки қаблан зикр кардам, ноил гардем.
Дар охир ба ҳамаи шумо, дар ин кори пурифтихор, яъне таълиму тарбияи фарзандони хушхулқу баодоб, донишманду ҷӯянда ва соҳибкасбу соҳибҳунар комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1066

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед