logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли  2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,     с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9 - 10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 4 моддаи 47 калимаҳои "боздошти маъмурӣ" ба калимаҳои "дастгиркунии маъмурӣ"  иваз карда шаванд.
2. Ба диспозитсияи моддаи 52 пас аз калимаҳои "Мӯҳлати ҳабси маъмурӣ бо" калимаи "соат," илова карда шавад.
3. Ба Кодекс моддаҳои 4631, 4632 ва 4633 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 4631.Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ,     фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ
1. Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин дар масофаи камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда  барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
 2. Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ, -
 ба шахсони воқеӣ  ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи  аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 4632. Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон
Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 4633. Манъи истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркибаш никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқгардида зиёд мебошад, инчунин дар бастаи онҳо мавҷуд набудани навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку
1. Барои истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении  муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёд мебошад,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз дусад то  сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар тарафҳои калон ва паҳлӯии баста мавҷуд набудани навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку ва навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба меъёри  қатрон ва никотин дар таркиби он, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то  сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
4. Аз қисми 3 моддаи 464 калимаҳои "ё сигор" хориҷ карда шаванд.
5. Ба Кодекс моддаи 4741 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 4741. Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ,  инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ
1. Барои истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ бидуни  гирифтани хулосаи  ташхиси  давлатии диншиносӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони  мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони  мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то  сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои аз тарафи ташкилотҳои динӣ ба табъ расонидани адабиёти динӣ ё истеҳсол намудани маводи таъйиноти динӣ бе доштани тамғаи махсус бо номи пурраи худ,-
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
4. Барои таъсиси корхонаҳои табъу нашри адабиёти динӣ ё  корхонаҳои истеҳсоли ашёву маводи таъйиноти динӣ, ба истиснои  таъсиси онҳо аз тарафи ташкилотҳои динӣ,-
ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
6. Ба санксияи моддаи 510 пас аз калимаҳои "бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" калимаҳои "ё бидуни он" илова карда шаванд.
7. Дар номи боби 30, матни моддаҳои 542, 543, қисми 1, моддаи 545,  ном ва матни моддаҳои 553 ва 554, қисми 1 моддаи 555, матни моддаи 556, ном ва матни моддаи 723 ва қисмҳои 1 ва 6 моддаи 747 калимаи "зиддимонополӣ" ба калимаи "зиддиинҳисорӣ" иваз карда шавад.
8. Ба қисми 2 моддаи 578 баъди калимаи "декларант" калимаҳои "ё брокери гумрукӣ (намоянда)" илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 692:
- сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- судяи судҳои ҳарбӣ;";
- сархати дуюм сархати сеюм ҳисобида шавад.
10. Дар қисми 2 моддаи 706 калимаҳои "ва дар нақлиёт" хориҷ карда шаванд.
11. Моддаи 707 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 707. Мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ
1. Мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаи 519 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва таъйини ҷазоҳои маъмурӣ аз номи мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони бахшҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва бахшҳои минтақавии он ҳуқуқ доранд.".
12. Дар моддаи 717:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ" ба калимаҳои "давлатии заминсозӣ ва геодезӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми дуюм калимаҳои "сардори Сарраёсати назорати давлатии замин, сардорони раёсати ҳамин Сарраёсат, сардорон ва муовинони" ба калимаҳои "сардори раёсати назорати давлатии замин, сардорони шӯъбаҳои ҳамин раёсат, роҳбарон ва" иваз карда шаванд.
13. Қисми дуюми моддаи 723 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазоҳои маъмурӣ аз номи мақомоти зиддиинҳисорӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони раёсатҳо ва шӯъбаҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд.".
14. Қисми дуюми моддаи 726 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти гумрук роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва муовинони ӯ, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ, гумрук, дидбонгоҳи гумрукӣ ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд.".
15. Дар қисми 3 моддаи 746 рақами "748" ба рақами "747" иваз карда шавад.
16. Дар қисми 2 моддаи 747 рақами "745" ба рақами "744" иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 750 рақами "785" ба рақами "804" иваз када шавад.
18. Аз матни қисми 1 моддаи 799 калимаҳои "дар мавриди зарурӣ" хориҷ карда шаванд.
19. Ба моддаи 809 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар карда шавад, ки зимни барасмиятдарорӣ, тафтишоти маъмурӣ ва баррасии судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд ва муқаррароти ҳамин Кодекс риоя нашудаанд, судя ҳуқуқ дорад нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, пешниҳод барорад.".
20. Дар моддаи 812:
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Шикоятро барои баррасӣ бевосита ба суди болоӣ, мақомоти ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болоӣ пешниҳод кардан мумкин аст. Дар ин маврид мақоме (шахси мансабдоре), ки ба ӯ шикоят ворид шудааст, вазифадор аст дар мӯҳлати се рӯз парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз мақоми онро баррасикарда талаб карда гирад. Дар сурати бевосита ба суди болоӣ шикоят овардан аз хусуси қарори судя дар бораи таъйин намудани ҷазои маъмурӣ дар намуди берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди болоӣ дар рӯзи гирифтани шикояти мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз суде, ки онро баррасӣ кардааст, талаб карда мегирад".
- дар қисми 4 пеш аз калимаи "судя" калимаҳои "суди болоӣ," илова карда  шаванд;
- дар қисми 6 баъд аз калимаи "Қарори" калимаҳои "судя, қарори" илова карда шаванд.
21. Дар қисми 1 моддаи 816 пеш аз калимаи "судя" калимаҳои "коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ," илова карда шаванд.
22. Дар моддаи 817:
- дар қисми 1 пеш аз калимаи "судя" калимаҳои "коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ," илова карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, судя ё шахси мансабдори ваколатдоре, ки шикоятро баррасӣ менамояд, бо ваҷҳҳои шикоят маҳдуд нашуда, парвандаро дар ҳаҷми пурра месанҷад.".
23. Моддаҳои 822, 823 хориҷ карда шаванд.
24. Дар тамоми матни Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "фамилия ва ному насаб" ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падар" иваз карда шаванд
25. Ба Кодекс боби 491 бо мазмуни зайл илова карда шавад:


"БОБИ 491. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӣ ДАР СУДИ
МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӣ
Моддаи 8241. Ба тариқи назоратӣ эътироз ё шикоят кардан аз таъйинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд
1. Эътироз ё шикоят дар бораи аз сари нав баррасӣ намудани таъйинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, ҳуқуқвайронкунанда, ҳимоятгар, намояндаи қонунӣ ва ҷабрдида тибқи муқаррароти боби мазкур пешниҳод карда мешавад.
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба қарорҳои суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, эътироз оварда метавонанд.
3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ ҳуқуқ доранд бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ барои аз нав баррасӣ намудани қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба тариқи назоратӣ эътироз кунанд.
4. Шахси эътироз ё шикояткарда ҳуқуқ дорад онро боз хонад. Бозхонди эътироз ё шикоят то оғози маҷлиси судие, ки дар он эътироз ё шикоят бояд баррасӣ гардад, имконпазир аст.

Моддаи 8242. Тартиби пешниҳоди эътироз ё шикояти назоратӣ
1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ, ки ҳуқуқи аз нав баррасӣ намудани қарорҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаро дорад, пешниҳод карда мешавад.
2. Эътироз ё шикояти назоратӣ аз қарорҳои судии зерин пешниҳод мегардад:
- оид ба таъйиноти суди марҳилаи кассатсионии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе оид ба таъйинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия - мутаносибан ба Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;
- оид ба таъйинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба таъйинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, ба шарте, ки ин таъйинот ё қарор дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, оид ба   таъйинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд - ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба таъйиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8243. Мӯҳлати ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани таъйинот ва қарори суд
Ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани таъйинот ва қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ҳолати ҳуқуқвайронкунандаро вазнин мекунанд, инчунин аз нав баррасӣ намудани таъйинот, қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар давоми шаш моҳ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо имконпазир аст.
Моддаи 8244. Мӯҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ
 1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё будубош ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда;
- зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;
- зикри санадҳои судӣ, ки таҳти эътироз ё шикояти назоратӣ қарор гирифтаанд;
- ишора ба вайрон кардани қонун ҳангоми пешбурди парванда;
- хоҳиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниҳод кардааст.
2. Агар эътироз ё шикояти назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора карда шавад.
3. Ба шикояти назоратӣ бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратӣ, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
4. Ба эътироз ё шикояти назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд ва ҳуҷҷатҳои дигари мурофиавии тасдиқкунандаи ваҷҳҳои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегарданд.
5. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шаванд.
Моддаи 8245. Тартиби бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти назоратӣ
Эътироз ё шикояти назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати                 10 шабонарӯз аз рӯзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар ҳолатҳои зерин бе баррасӣ баргардонида мешавад:
- эътироз ё шикоят ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи     моддаи 8244 Кодекси мазкур набошад;
- эътироз ё шикоятро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат кардан ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;
- мӯҳлати пешниҳоди эътироз ё шикоят нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;
- то қабули эътироз ё шикоят барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад;
- эътироз ё шикоят бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 8242 Кодекси мазкур пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 8246. Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда
1. Эътироз ё шикояти назоратӣ баъди ба суди дахлдор ворид шудан аз тарафи Раис ё муовини ӯ барои баррасӣ ба судяи ҳамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд дар мӯҳлати 30 шабонарӯз баррасӣ карда шавад.
2. Судяе, ки шикоят ё эътирозро баррасӣ менамояд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дахлдорро аз суди поёнӣ талаб мекунад.
3. Судя эътироз ё шикояти назоратиро омӯхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
-дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ;
-дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ.
4. Қарори судя бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки қарорро қабул кардааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст;
- ишора ба санадҳои судии мавриди шикоят ва эътироз қароргирифта;
- асосҳои қабули қарор.
5. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд бо қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда қарори судяро бекор карда, мутобиқи сархати дуюми қисми 3 ҳамин модда қарор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар суди марҳилаи назоратӣ баррасӣ мегардад.
6. Нусхаи қарор ба шахси эътироз ё шикояткарда равон карда мешавад.
Моддаи 8247. Талаб карда гирифтани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ  метавонанд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки санади судии аз рӯи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади баррасӣ намудани масъалаи пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор талаб намоянд.
2. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда аз судҳои шаҳру  ноҳияҳо ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътироз пешниҳод ирсол менамоянд.
Моддаи 8248. Ҳайат ва тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи эътироз ё шикоят
1. Парванда ба тариқи назоратӣ дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се нафар судя, дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат баррасӣ карда мешавад.
 2. Дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ инҳо иштирок мекунанд:
- дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ;
- дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - прокуроре, ки аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудааст;
- дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе - мувофиқан прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё муовинони онҳо.
3. Суде, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ дорад ҳуқуқвайронкунандаро ба маҷлиси суд даъват намояд.
4. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супурдан дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ бояд баррасӣ карда шавад.
5. Дар мавридҳои зарурӣ ба маҷлиси суд, ки дар он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ мегардад, барои додани баёнот ҳуқуқвайронкунанда, ҳимоятгари ӯ, намояндагони қонунӣ ва ҷабрдида даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба маҷлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз ва  шикоят шинос шудан дода мешавад.
6. Дар хусуси парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раиси суд ё бо супориши ӯ яке аз аъзои раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии ин парванда иштирок накардааст, маърӯза мекунад. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мазмуни таъйинот, қарор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърӯзачӣ судяҳое, ки парвандаро баррасӣ менамоянд, инчунин прокурор саволҳо дода метавонанд. Агар дар маҷлиси суд ҳуқуқвайронкунанда, ҳимоятгар ё намояндагони қонунии ӯ ва ҷабрдида иштирок дошта бошанд, онҳо баъди маърӯзаи судя ҳуқуқи додани баёноти шифоҳиро доранд.
7. Тарафҳо баъд аз баромади маърӯзачӣ хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назоратӣ шунида, пас аз он толори маҷлиси судро тарк мекунанд.
8. Дар муҳокимаи эътироз ё шикоят мувофиқан аъзои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мебароранд, ки онҳо бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои раёсат, ки дар маҷлис иштирок кардаанд, қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳои тарафдор ва муқобил эътироз ё шикояти дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда, радкардашуда эътироф мешавад.
9. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хонаи машваратӣ таъйинот мебарорад ва он бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад.
10. Қисми хулосавии таъйиноти баровардашуда дар маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда ё яке аз судяҳо эълон карда мешавад.
Моддаи 8249. Таъйинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро баррасӣ менамояд
1. Дар натиҷаи ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, суд метавонад:
- эътироз ё шикоятро рад намояд;
- таъйиноту қарорҳои баровардашударо бекор кунад ва пешбурди парвандаро қатъ намояд ё онро ба санҷиши нав ё ин ки барои баррасии нави судӣ равон кунад;
- таъйиноти кассатсионӣ, инчунин таъйинот ва қарорҳои минбаъдаи судро бекор кунад ва парвандаро ба баррасии нави кассатсионӣ равон кунад;
- таъйинот ва қарорҳоеро, ки ба тариқи назоратӣ бароварда шудаанд, бекор кунад, қарори суд ва таъйиноти кассатсиониро бетағйир мононад ё ки тағйир диҳад;
- ба таъйинот ё қарори суд тағйирот дохил кунад.
2. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ мекунад, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 809 Кодекси мазкур пешбинишуда, пешниҳод мебарорад.
Моддаи 82410. Асосҳои бекор кардан ё тағйир додани таъйинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд
Таъйиноти суди марҳилаи якум, қарори судя, таъйиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, таъйинот ва қарори марҳилаи назоратӣ дар мавридҳое бояд бекор карда ё тағйир дода шаванд, ки суди эътирозро баррасикунанда эътироф намояд, ки бо ин таъйинот ё қарор суди марҳилаи якум қарори ғайриқонунӣ ё беасос баровардааст ё суди болоӣ таъйинот ё қарореро, ки пеш аз ин оид ба ҳамин парванда мавҷуд буд, беасос бетағйир монондааст, бекор кардааст ё тағйир додааст ё агар дар вақти баррасӣ намудани парванда дар суди болоӣ ба чунин қонуншиканӣ роҳ дода шуда бошад, ки онҳо ба дурустии таъйинот ё қарори баровардаи суди мазкур таъсир кардаанд ё таъсир карда метавонистанд.
Моддаи 82411. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ
1. Ҳангоми ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда амали суд бо ваҷҳҳои эътироз ё шикоят маҳдуд карда намешавад ва суд вазифадор аст, ки ҳамаи маводи парвандаро дар ҳаҷми пуррааш санҷида барояд. 
2. Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда таъйин карда шудааст, сабуктар намояд ё қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии сабуктарро татбиқ намояд, масъалаҳои дигари вобаста ба тағйир додани санадҳои судиро ҳал кунад, аммо ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро пурзӯр кунад ё  қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии  вазнинтарро татбиқ намояд.
3. Агар суди марҳилаи назоратӣ эътироф намояд, ки дар суди марҳилаи якум ё дар суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нодуруст қатъ карда шудааст, ҳамчунин ҷазои дар ҳаққи ҳуқуқвайронкунанда таъйиншуда бо сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофиқ аст, дар он сурат ҳуқуқ дорад қарор ё таъйинотро бекор кунад ва парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои баррасии нав мувофиқан ба суди марҳилаи якум ё кассатсионӣ равон кунад.
4. Агар ба беасос қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ғайриқонунӣ сабук намудани ҷазои ҳуқуқвайронкунанда дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда роҳ дода шуда бошад, марҳилаи болоии назоратӣ ҳуқуқ дорад, таъйинот ё қарори марҳилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва қарорҳои суди марҳилаи якум ё таъйиноти марҳилаи кассатсиониро бетағйир мононад.
Моддаи 82412. Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст
1. Дастурҳои суди марҳилаи назоратӣ дар вақти баррасии такрории ҳамин парванда барои судҳои марҳилаи поёнӣ ҳатмӣ мебошанд.
2. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад ҳолатҳоеро, ки дар қарор муайян карда нашудаанд ё рад карда шуда буданд, муқаррар кунад ё ин ки исботшуда шуморад, ҳамчунин ҳуқуқ надорад, ки масъалаҳои исботшуда ё исботнашуда будани гуноҳро, эътиборнокӣ ё беэътибории ин ё он далел ва бартарии баъзе далелҳоро назар ба дигарашон, татбиқ намудани ин ё он қонунро аз тарафи суди марҳилаи якум ва масъалаи чораи ҷазоро пешакӣ ҳал намояд.
3. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ карда, таъйиноти суди марҳилаи кассатсиониро бекор мекунад, ҳуқуқ надорад, хулосаҳоеро, ки суди марҳилаи кассатсионӣ мумкин аст дар вақти маротибаи дуюм баррасӣ кардани парванда барорад, пешгӯӣ намояд.
Моддаи 82413. Мазмуни таъйинот ё қарор
1. Қароре, ки ҳангоми баррасии парванда Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, ё таъйиноте, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ баровардаанд, бояд ба талаботи  Кодекси мазкур мувофиқ бошад.
2. Таъйинотро ҳамаи ҳайати суд, қарорро раисикунандаи маҷлиси Раёсат имзо мекунанд.
3. Таъйинот ё қарори суд якҷоя бо эътироз ё шикоят ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 82414. Баррасии парванда баъд аз бекор карда шудани қарор ё таъйиноти суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Баъд аз бекор карда шудани қарор ё таъйиноти суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи тартиби умумӣ баррасӣ  карда мешавад.
2. Вазнин кардани ҷазо ё татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар дар вақти парвандаро аз нав баррасӣ кардани суди марҳилаи якум фақат ба шарте мумкин аст, ки қарор ба тариқи назоратӣ барои сабук будани ҷазо ё худ бинобар зарур будани татбиқи қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии  вазнинтар бекор карда шуда бошад.".

Моддаи 2. Қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1 аз 1 январи соли 2011 ва қисмҳои 1 ва 2; 5-25 моддаи 1 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 650

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2010, № 225


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси
ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 84


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4934

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед