logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба қисми якуми Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4,    қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 24:
- дар қисми 1 калимаи «бақайдгирӣ» ба калимаҳои «бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ» иваз карда шавад; 
-  қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои «қонунгузории андоз» ба калимаҳои «қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 мутаносибан қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
2. Матни моддаи 51 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Шахси ҳуқуқӣ бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ, номи фирма ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас  мебошад.
Асосҳои рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян карда мешаванд. Рад кардани бақайдгирӣ бо далели мувофиқи мақсад набудани таъсиси шахси ҳуқуқӣ манъ аст.
Дар сурати рад кардани бақайдгирии давлатӣ, инчунин саркашӣ кардан аз он ба суд шикоят намудан мумкин аст.
2. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида дониста мешавад.
3. Шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун аз нав ба қайд гирифта мешавад.».
3. Қисми 3 моддаи 53 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3. Тағйироти ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ воридкардашуда пас аз бақайдгирии давлатӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд. Тағйироти маълумотҳо дар  ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии дигар пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд.».
4. Дар қисми 4 моддаи 58:
-  сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Дар сурати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ба он ҳамроҳшавии шахси ҳуқуқии дигар, шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ ёфтани фаъолияти шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд.»;
- сархати сеюм бо мазмуни  зайл илова карда шавад:
 «Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ба итмомрасида дониста мешавад.».
5. Дар моддаи 59 калимаҳои «акти супурдан» ба калимаҳои «санади супурдан» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 60:
- дар ном ва қисми 1 калимаҳои «акти супурдан ва баланси тақсимот» ва «акти супурдан» мутаносибан ба калимаҳои «санади супурдан ё баланси тақсимот» ва «санади супурдан» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул намудааст, тасдиқ гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис ва барои ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқии азнавташкилшуда пешниҳод карда мешаванд.».
7. Дар қисми 1 моддаи 63 ва тамоми матни ҳамин Кодекс калимаҳои «феҳрасти давлатии шахси ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 2 моддаи 76:
- ҷумлаи якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад: «Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии ширкат сад фоизи саҳми худро ба фонди оинномавии ширкат гузаронад.»;
- ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад.
9. Дар моддаҳои 77, 97, 110, 113 ва 125 калимаи «активҳои» ба калимаи «дороиҳои» иваз карда шаванд.  
10. Дар моддаи 97:
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии ҷамъият аз ҷониби иштирокчиёни он бояд пурра пардохта шавад. Дар сурати вайрон кардани ин ӯҳдадорӣ ҷамъият бояд оид ба кам намудани сармояи оинномавии худ то андозаи воқеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул кунад.»;
- дар қисми 4 калимаҳои «камшавии онро мувофиқи тартиби муқарраргардида аз қайд гузаронад» ба калимаҳои «дар ин бора тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд» иваз карда шаванд.
11. Ҷумлаи дуюми қисми 5 моддаи 109 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: «Маълумот дар ин бора бояд дар оинномаи ҷамъият ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дарҷ гардида, барои ба иттилои  умум расонидан нашр гардад.».
12. Қисми 4 моддаи 110 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «4. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин бора тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои мазкур ва ё агар арзиши дороиҳои софи ҷамъият аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайянгардидаи сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият бояд барҳам дода шавад.».
13. Қисми 2 моддаи 120 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад.».
14. Қисми 5 моддаи 125 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«5. Фонди оинномавии корхонаи воҳид бояд аз ҷониби молик дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он пурра пардохта шавад.».
15. Дар моддаи 155:
-қисмҳои 1 ва 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои низоми пулии мамлакатро муайян мекунад ва пули миллии Тоҷикистон воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад, ки қабули он аз рӯи арзиши эътибории худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.
2. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт бо роҳи ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 640


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2010, № 160


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 73


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1571
19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАШНИ АСАЛУ АНГУР

02.10.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 8 ҲАЗОРУ 617 КАС РАСИД

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРД

ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД АСТ

ПАХТАЧИНӢ СУРЪАТ МЕГИРАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПАНҶАКЕНТ. РАЪЙ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед